https://sputnik.tj/20260116/iskandarkul-inshoot-zamonavi-sayyohi-1074554468.html
Дар Искандаркӯл иншооти замонавии сайёҳӣ пайдо мешавад
Дар Искандаркӯл иншооти замонавии сайёҳӣ пайдо мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Иншоооти сайёҳӣ аз маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар масоҳати 1,08 гектар иборат хоҳад буд
2026-01-16T10:34+0500
2026-01-16T10:34+0500
2026-01-16T10:34+0500
искандаркӯл
дар тоҷикистон
суғд
сохтмон
бунёд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0f/1074557722_0:44:1280:764_1920x0_80_0_0_d73849f25d6153ac9adc3fe788496698.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв - Sputnik. Дар мавзеи сайёҳии Искандаркӯл, воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, сохтмони иншооти наву замонавии соҳаи сайёҳӣ оғоз гардид.Дар маросими гузоштани санги асоси иншоот, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ширкат кардааст, хабар медиҳад хадамоти мабуотии раиси вилоят.Гуфта мешавад, ки иншооти сайёҳӣ, бо ташаббуси соҳибкорон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ бунёд мешавад.Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шудааст, ки маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар мавзеи Искандаркӯл, дар масоҳати 1,08 гектар бунёд мегардад. Лоиҳа сохтмони се бинои сеошёнаи хизматрасонӣ, панҷ бинои якошёна, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишӣ, тарабхона ва қаҳвахона, ҷойҳои сайругашт, майдончаи бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори заруриро дар бар мегирад.Аҳмадзода зимни ошноӣ бо лоиҳа таъкид кардааст, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисод ба ҳисоб меравад.Ба гуфтаи раиси вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои ҳукумат, корҳои сохтмону навсозии инфрасохтори сайёҳӣ бо маром идома дошта, сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ сол ба сол беҳтар мегардад.Ёдовар мешавем, ки давоми нуҳ моҳи соли 2025 шумораи меҳмонони хориҷие, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят Суғд ба ин минтақа ворид гардидаанд, 1,1 млн нафарро ташкил дод.Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 226,7 ҳазор нафар зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20251021/sayyohon-tojikiston-bozdid-idm-1072297087.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0f/1074557722_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_0e71eebbb94f5415498b5b65fad89508.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
искандаркӯл, иншооти замонавии сайёҳӣ
искандаркӯл, иншооти замонавии сайёҳӣ
Дар Искандаркӯл иншооти замонавии сайёҳӣ пайдо мешавад
Иншоооти сайёҳӣ аз маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар масоҳати 1,08 гектар иборат хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 16 янв - Sputnik. Дар мавзеи сайёҳии Искандаркӯл, воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, сохтмони иншооти наву замонавии соҳаи сайёҳӣ оғоз гардид.
Дар маросими гузоштани санги асоси иншоот, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ширкат кардааст, хабар медиҳад хадамоти мабуотии раиси вилоят.
Гуфта мешавад, ки иншооти сайёҳӣ, бо ташаббуси соҳибкорон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ бунёд мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шудааст, ки маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар мавзеи Искандаркӯл, дар масоҳати 1,08 гектар бунёд мегардад.
Лоиҳа сохтмони се бинои сеошёнаи хизматрасонӣ, панҷ бинои якошёна, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишӣ, тарабхона ва қаҳвахона, ҷойҳои сайругашт, майдончаи бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори заруриро дар бар мегирад.
Аҳмадзода зимни ошноӣ бо лоиҳа таъкид кардааст, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисод ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи раиси вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои ҳукумат, корҳои сохтмону навсозии инфрасохтори сайёҳӣ бо маром идома дошта, сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ сол ба сол беҳтар мегардад.
Ёдовар мешавем, ки давоми нуҳ моҳи соли 2025 шумораи меҳмонони хориҷие, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят Суғд ба ин минтақа ворид гардидаанд, 1,1 млн нафарро ташкил дод.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 226,7 ҳазор нафар зиёд мебошад.