https://sputnik.tj/20230607/tojikfilm-tarikh-farhang-mardum-tojik-film-meofarad-1057590848.html
"Тоҷикфилм" дар бораи таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик филм меофарад
"Тоҷикфилм" дар бораи таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик филм меофарад
Sputnik Тоҷикистон
Ин филмро коргардони тоҷик Рустам Шоазимов, ки филмҳояш аллакай дар ҷашнвораҳои синамои хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳои бонуфуз гардидаанд, сабт мекунад
2023-06-07T11:19+0500
2023-06-07T11:19+0500
2023-06-07T11:19+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
кино
тоҷикфилм
"тоҷикфилм"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/17/1041127041_0:61:1280:781_1920x0_80_0_0_3b5918204cf4e8afde5c62badf65fe39.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Киностудияи "Точикфилм" ба наворгирии филми мустанад бахшида ба таъриху маданияти мардуми тоҷик шурӯъ мекунад.Бино ба иттилои дафтари матбуотии киностудия, филми ҷадидро коргардон Рустам Шоазимов, ки бо кораш дар филми “Худкушӣ” маъруфияти зиёд пайдо кард, меофарад.Филми қаблии ӯ дар ҷашнвораҳои синамо дар Русия, ИМА, Олмон ва Ҷопон намоиш дода шуд ва дар он ҷо ӯ тавонист як қатор ҷоизаҳои бонуфузро ба даст орад.Филми нави Шоазимов "Тоҷикон" ном дошта, саҳми мардуми тоҷикро дар рушди тамаддун ва фарҳанги ҷаҳонӣ тасвир мекунад. Ин филм ба ҷуз аз забони тоҷикӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ намоиш дода мешавад.а гайр аз забони точикй, ин фильм ба забонхои русй ва англией низ намоиш дода мешавад.Ёдовар мешавем, филми "Дов"-и коргардон Муҳиддин Музаффар дар ҷашнвораи XVI байналмилалии синамои Чебоксари Русия ду ҷоиза ба даст оварда буд. Аз ҷумла, ӯ соҳиби Ҷоизаи интихоби тамошобин, инчунин ҷоизаи беҳтарин ансамбли актёрӣ гардид.Қаблан ин филм борҳо дар ҷашнвораҳои синамои хориҷӣ намоиш дода шуда, дар чаҳорчӯби ҷоизаи миллии синамои "Тоҷи Сомон" соҳиби ҷоизаҳои "Беҳтарин филми бадеӣ" ва "Беҳтарин нақши мард" гардид.
https://sputnik.tj/20220405/barandagoni-sinamojoizai-millii-toji-somon-elon-1047378657.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/17/1041127041_74:0:1211:853_1920x0_80_0_0_bd1f547f11c66453995804879f0a8371.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"тоҷикфилм" тоҷикон
"Тоҷикфилм" дар бораи таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик филм меофарад
Ин филмро коргардони тоҷик, ки филмҳояш аллакай дар ҷашнвораҳои синамои хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳои бонуфуз гардидаанд, сабт мекунад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Киностудияи "Точикфилм" ба наворгирии филми мустанад бахшида ба таъриху маданияти мардуми тоҷик шурӯъ мекунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии киностудия, филми ҷадидро коргардон Рустам Шоазимов, ки бо кораш дар филми “Худкушӣ” маъруфияти зиёд пайдо кард, меофарад.
Филми қаблии ӯ дар ҷашнвораҳои синамо дар Русия, ИМА, Олмон ва Ҷопон намоиш дода шуд ва дар он ҷо ӯ тавонист як қатор ҷоизаҳои бонуфузро ба даст орад.
Филми нави Шоазимов "Тоҷикон" ном дошта, саҳми мардуми тоҷикро дар рушди тамаддун ва фарҳанги ҷаҳонӣ тасвир мекунад.
Ин филм ба ҷуз аз забони тоҷикӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ намоиш дода мешавад.
а гайр аз забони точикй, ин фильм ба забонхои русй ва англией низ намоиш дода мешавад.
Ёдовар мешавем, филми "Дов"-и коргардон Муҳиддин Музаффар дар ҷашнвораи XVI байналмилалии синамои Чебоксари Русия ду ҷоиза ба даст оварда буд.
Аз ҷумла, ӯ соҳиби Ҷоизаи интихоби тамошобин, инчунин ҷоизаи беҳтарин ансамбли актёрӣ гардид.
Қаблан ин филм борҳо дар ҷашнвораҳои синамои хориҷӣ намоиш дода шуда, дар чаҳорчӯби ҷоизаи миллии синамои "Тоҷи Сомон" соҳиби ҷоизаҳои "Беҳтарин филми бадеӣ" ва "Беҳтарин нақши мард" гардид.