Дар Душанбе чорабинии байналмилалии "Шабе дар осорхона" баргузор шуд - видео

Обуна шудан
Дар доираи баргузории иқдоми байналмилалии "Шабе дар Осорхона" 30 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида гузаронида шуд
Дар доираи "Шабе дар осорхона" ҳама метавонистанд экспонатҳоро бубинанд, ҳолати та тасвири расмо аз сӯи рассомонро наззора кунанд ва дар олами аҷиби таърих ғарқ шаванд.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт тавонистанд аз соати 18 то 23 ба ин ҷо комилан ройгон раванд.
Онҳо барномаҳои гуногуни бо таърихи куҳан, фарҳанги қадимӣ ва дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шинос гардиданд.
“Шабе дар осорхона” як чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳост, ки ҳамасола 18 май таҷлил мешавад.
Дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ "Наврӯз" ифтитоҳ гардид
Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб онро баргузор мекунад. Дар ин ҷо ба сокинон мероси ниёгон намоиш дода шуда, чорабиниҳои густурдаи иттилоотию маърифатӣ, ки бахшҳои гуногуни фарҳангро фаро мегиранд, доир мегарданд.
Дар чорабинӣ намояндагони дипломатии Русия ва дигар кишварҳо низ ширкат доштанд. Мақсад аз баргузории чорабинӣ татбиқи сиёсати фарҳангии ҷумҳурӣ махсусан дар миёни ҷавонон аст
Лентаи хабарҳо
0