https://sputnik.tj/20260220/tojikistonu-eron-dodugiriftro-puli-milli-anjom-1075433745.html
Тоҷикистону Эрон ният дорад додугирифтро бо пули миллӣ анҷом диҳанд
Тоҷикистону Эрон ният дорад додугирифтро бо пули миллӣ анҷом диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Мубодилаи коло бо пулҳои миллӣ дар дастури кори мақомоти Тоҷикистону Эрон қарор гирифтааст. 20.02.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-02-20T13:41+0500
2026-02-20T13:41+0500
2026-02-20T13:41+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
пули миллӣ
додугирифт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/14/1075433600_0:262:3072:1990_1920x0_80_0_0_9568755d9fd7295bac6dd78c5483468a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев - Sputnik. Саидмуҳаммад Атобакӣ, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон ахиран гуфт, ки тиҷорат бо пули миллӣ гоми бузурги Эрону Тоҷикистон аст.Дар ин бора сафорати Эрон дар Душанбе дар саҳифаи иҷтимоии худ хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, масъалаи мубодилаи коло бо пулҳои миллӣ ба дар дидори Саидмуҳаммад Атобакӣ, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон бо вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода баррасӣ шудааст.Вазири эрони дар ин дидор қайд кард, ки заминаҳои бисёри ҳамкорӣ бо давлати Тоҷикистон вуҷуд дорад.Дар ҳамин ҳол вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст, ки Дар рафти вохӯрӣ рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, мошинсозӣ ва кимиё, инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ баррасӣ гардиданд.Оқои Абдураҳмонзода дар ин дидор таъкид кардааст, ки равобити ду кишвар бар пояи пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ рушд ёфта, имрӯз марҳилаи нави густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро дар бар мегирад.Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар иброз доштанд.
https://sputnik.tj/20260219/takid-eron-tojikiston-tavseai-hamkorihoi-sanati-tijori-1075391289.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/14/1075433600_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_f4ec2694ecd4498aa807b4674964dc21.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, пули миллӣ, додугирифт
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, пули миллӣ, додугирифт
Тоҷикистону Эрон ният дорад додугирифтро бо пули миллӣ анҷом диҳанд
Мубодилаи коло бо пулҳои миллӣ дар дастури кори мақомоти Тоҷикистону Эрон қарор гирифтааст.
ДУШАНБЕ, 20 фев - Sputnik. Саидмуҳаммад Атобакӣ, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон ахиран гуфт, ки тиҷорат бо пули миллӣ гоми бузурги Эрону Тоҷикистон аст.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Душанбе дар саҳифаи иҷтимоии худ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, масъалаи мубодилаи коло бо пулҳои миллӣ ба дар дидори Саидмуҳаммад Атобакӣ, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон бо вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода баррасӣ шудааст.
“Барои ҳалли чолишҳои муросилоти бонкии фаъолони иқтисодӣ, қарор шуд фароянди мубодилаи коло бо пули миллии ду кишвар дар дастури кор бошад”, - қайд кардааст манбаъ.
Вазири эрони дар ин дидор қайд кард, ки заминаҳои бисёри ҳамкорӣ бо давлати Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст, ки Дар рафти вохӯрӣ рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, мошинсозӣ ва кимиё, инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ баррасӣ гардиданд.
Оқои Абдураҳмонзода дар ин дидор таъкид кардааст, ки равобити ду кишвар бар пояи пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ рушд ёфта, имрӯз марҳилаи нави густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро дар бар мегирад.
Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар иброз доштанд.