https://sputnik.tj/20260220/tojikiston-istifodai-nafaqai-shakhsi-favtida-1075420436.html
Дар Тоҷикистон истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар Тоҷикистон истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон бо амали гардидани барномаи қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
2026-02-20T09:36+0500
2026-02-20T09:36+0500
2026-02-20T09:36+0500
дар тоҷикистон
нафақа
қонуншиканӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d73776bbb044b07d833c1aa10a938b22.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев – Sputnik. Аз моҳи августи соли 2025 ягон ҳолати истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз ҷониби ворисони онҳо ошкор нагардид.Дар ин бора директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод хабар додааст.Ба гуфтаи вай қонуншиканӣ дар самти истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз тарафи ворисон дар соли гузашта ба қайд гирифта нашудааст.Вай таъкид кард, ки аз моҳи августи соли гузашта Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, дигар вазорату идораҳои дахлдор истифодаи барномаи "Пули ҳушманд" барои сари вақт муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохти нафақаи онҳо ба роҳ монда шуд.Ба иттилои ҳамин ниҳод, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 23 982 нафақагир фавтид. Инчунин, соли 2025 аз тарафи Агентӣ ба наздикони 4 422 фавтида ба маблағи 6,6 миллион сомонӣ кумакпулӣ барои дафн дода шуд, ки назар ба соли қаблӣ 1,1 миллион сомонӣ кам аст.Тибқи банди 4-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат", ки 2-юми июли соли 2013 ба тасвиб расидааст, кумакпулӣ барои дафн ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.
https://sputnik.tj/20260115/maoshu-nafaqa-stipendiyaho-ziyod-rahmon-farmon-imzo-1074530937.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_4230a5d01a2f12f9d38fed037f54ceba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нафақа, қонуншиканӣ, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, нафақа, қонуншиканӣ, иҷтимоъ
Дар Тоҷикистон истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Мақомоти Тоҷикистон бо амали гардидани барномаи қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
ДУШАНБЕ, 20 фев – Sputnik. Аз моҳи августи соли 2025 ягон ҳолати истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз ҷониби ворисони онҳо ошкор нагардид.
Дар ин бора директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод хабар додааст.
Ба гуфтаи вай қонуншиканӣ дар самти истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз тарафи ворисон дар соли гузашта ба қайд гирифта нашудааст.
Вай таъкид кард, ки аз моҳи августи соли гузашта Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, дигар вазорату идораҳои дахлдор истифодаи барномаи "Пули ҳушманд" барои сари вақт муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохти нафақаи онҳо ба роҳ монда шуд.
“Бо амалӣ гардидани барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт”, - гуфт директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.
Ба иттилои ҳамин ниҳод, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 23 982 нафақагир фавтид. Инчунин, соли 2025 аз тарафи Агентӣ ба наздикони 4 422 фавтида ба маблағи 6,6 миллион сомонӣ кумакпулӣ барои дафн дода шуд, ки назар ба соли қаблӣ 1,1 миллион сомонӣ кам аст.
Тибқи банди 4-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат", ки 2-юми июли соли 2013 ба тасвиб расидааст, кумакпулӣ барои дафн ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.