https://sputnik.tj/20260220/tashkili-korguruhi-eron-tojikiston-bozsozii-sanoe-madani-1075422452.html
Ташкили коргурӯҳи Эрону Тоҷикистон барои бозсозии саноати маъданӣ
Ташкили коргурӯҳи Эрону Тоҷикистон барои бозсозии саноати маъданӣ
Sputnik Тоҷикистон
Бо ҳадафи густариши ҳузури ширкатҳои Эронӣ дар бозори маъдани Тоҷикистон, миёни вазорати вазоратҳои саноати ду кишвар коргурӯҳи муштарак ташкил мешавад
2026-02-20T10:41+0500
2026-02-20T10:41+0500
2026-02-20T10:41+0500
дар тоҷикистон
эрон
маъдан
саноат
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/03/1058042782_0:230:3072:1958_1920x0_80_0_0_0b0d1fc30346910e36e0bc4942b3c5da.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Масъуд Соминажод, раиси созмони тавсеау навсозии маодин ва саноати маъдани Эрон, ки ҳамроҳи вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон Саидмуҳаммади Атобакӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст, дар бораи зарфияти ҳамкориҳои маъдани Эрону Тоҷикистон изҳори назар кард.Вай афзуд, ки дар чорчӯби ин коргурӯҳ, ҳамкориҳо дар чанд ҷиҳат дунбол хоҳад шуд.“”Нахуст, дар заминаи бозсозии саноати маъдани Тоҷикистон аз тариқи тимҳои муҳандисӣ ва тарроҳии Эронӣ; дувум, дар заминаи омӯзиши муҳандисони тоҷик ва сеюм, дар ҳавзаи тарроҳӣ ва эҷоди низоми муҳандисӣ барои саноати фароварии маъданӣ дар Тоҷикистон, то ду кишвар битавонанд аз ин тариқ ҳамкориҳои мутақобил ва пойдор дошта бошанд”, - гуфт мақомдори эронӣ.Раиси созмони тавсеа ва навсозии маодин ва саноати маъдани Эрон таъкид кард, ки ин коргурӯҳ муваззафаст нақшаи роҳи фаъолиятҳоро беҳтар карда, гузориши пешрафти корҳоро ба иттилои ду вазир фавран бирасонад то бо ҳамоҳангии мустақими вузарои ду кишвар, мушкилот рафъ шавад.“Тибқи барномарезии суратгирифта, ширкатҳои бузурги саноати маъдании Эрон низ дар ин ҳамкорӣ мушорикат хоҳанд дошт, дар нишаст ахир муқарар шуд табодулоти колое дар бахши маъдан ва саноеъи маъданӣ, ба вижа дар ҳавзаи маҳсулоти филиззии саноати сохтимон, аз тариқи эҷоди сервиси марказӣ дар дохили Тоҷикистон анҷом шавад то маҳсулоти эронӣ дар бозори Тоҷикистон арза гирданд”, - гуфт Соминажод.Вай гуфт, ки дар бахшҳои кошӣ ва серамик ва саноати симон, муқарар шуд, ки муҳандисон ва ширкатҳои эронӣ дар заминаи тарроҳӣ сиёсатҳои тавлиду бозсозии корхонаҳои Тоҷикистони ёрирасон бошанд.Ин мақомдори эронӣ таъкид кард, ки ин ҳамкориҳо бо ҳадафи тақвияти пайвандҳои саноат ва маъдании ду кишвар ва баҳрабардорӣ аз зарфиятҳои муштарак анҷом мешавад ва умед аст бо ҳамкории наздики вазоратхонаҳои ду тараф, масири иҷрои тафоҳумномаҳо тасҳил шавад.
https://sputnik.tj/20260219/takid-eron-tojikiston-tavseai-hamkorihoi-sanati-tijori-1075391289.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/03/1058042782_62:0:2793:2048_1920x0_80_0_0_ff2017142dab3f8da42ca0ab040089e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, маъдан, саноат, ҳамкорӣ, равобит
дар тоҷикистон, эрон, маъдан, саноат, ҳамкорӣ, равобит
Ташкили коргурӯҳи Эрону Тоҷикистон барои бозсозии саноати маъданӣ
Бо ҳадафи густариши ҳузури ширкатҳои Эронӣ дар бозори маъдани Тоҷикистон, миёни вазорати вазоратҳои саноати ду кишвар коргурӯҳи муштарак ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Масъуд Соминажод, раиси созмони тавсеау навсозии маодин ва саноати маъдани Эрон, ки ҳамроҳи вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон Саидмуҳаммади Атобакӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст, дар бораи зарфияти ҳамкориҳои маъдани Эрону Тоҷикистон изҳори назар кард.
“Хушбахтона дар кишвари бародармон Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба тафоҳумномаҳое, ки аз гузашта вуҷуд дошта ва зарфиятҳои маъданӣ ва саноатӣ, ки дар он кишвар мавҷуд аст, муқарар шуд дар идомаи сиёсатҳои пешин, коргурӯҳи муштарак миёни вазоратҳои саноати Эрону Тоҷикистон ташкил карда мешавад”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки дар чорчӯби ин коргурӯҳ, ҳамкориҳо дар чанд ҷиҳат дунбол хоҳад шуд.
“”Нахуст, дар заминаи бозсозии саноати маъдани Тоҷикистон аз тариқи тимҳои муҳандисӣ ва тарроҳии Эронӣ; дувум, дар заминаи омӯзиши муҳандисони тоҷик ва сеюм, дар ҳавзаи тарроҳӣ ва эҷоди низоми муҳандисӣ барои саноати фароварии маъданӣ дар Тоҷикистон, то ду кишвар битавонанд аз ин тариқ ҳамкориҳои мутақобил ва пойдор дошта бошанд”, - гуфт мақомдори эронӣ.
Раиси созмони тавсеа ва навсозии маодин ва саноати маъдани Эрон таъкид кард, ки ин коргурӯҳ муваззафаст нақшаи роҳи фаъолиятҳоро беҳтар карда, гузориши пешрафти корҳоро ба иттилои ду вазир фавран бирасонад то бо ҳамоҳангии мустақими вузарои ду кишвар, мушкилот рафъ шавад.
“Тибқи барномарезии суратгирифта, ширкатҳои бузурги саноати маъдании Эрон низ дар ин ҳамкорӣ мушорикат хоҳанд дошт, дар нишаст ахир муқарар шуд табодулоти колое дар бахши маъдан ва саноеъи маъданӣ, ба вижа дар ҳавзаи маҳсулоти филиззии саноати сохтимон, аз тариқи эҷоди сервиси марказӣ дар дохили Тоҷикистон анҷом шавад то маҳсулоти эронӣ дар бозори Тоҷикистон арза гирданд”, - гуфт Соминажод.
Вай гуфт, ки дар бахшҳои кошӣ ва серамик ва саноати симон, муқарар шуд, ки муҳандисон ва ширкатҳои эронӣ дар заминаи тарроҳӣ сиёсатҳои тавлиду бозсозии корхонаҳои Тоҷикистони ёрирасон бошанд.
Ин мақомдори эронӣ таъкид кард, ки ин ҳамкориҳо бо ҳадафи тақвияти пайвандҳои саноат ва маъдании ду кишвар ва баҳрабардорӣ аз зарфиятҳои муштарак анҷом мешавад ва умед аст бо ҳамкории наздики вазоратхонаҳои ду тараф, масири иҷрои тафоҳумномаҳо тасҳил шавад.