https://sputnik.tj/20260220/kuhistoni-tojikiston-havzhoi-parvarishi-gulmohi-1075440676.html
Дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ сохта мешаванд
Дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ сохта мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз макони ояндаи парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Шаҳристон боздид кард
2026-02-20T17:39+0500
2026-02-20T17:39+0500
2026-02-20T17:39+0500
дар тоҷикистон
моҳипарварӣ
суғд
ҳавзаҳо
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/13/1075419581_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_bbbbb636a217b7cb781c51ff31854a13.jpg
ДУШАНБЕ, 20фев - Sputnik. Дар дараи зебоманзари кӯҳии Чилхуҷра дар ноҳияи Шаҳристон, соҳибкорони суғдии гурӯҳи ширкатҳои “Амид” дар як дарёчаи хурди кӯҳӣ обанбор сохтанд ва нақша доранд, ки дар он гулмоҳӣ-навъе аз озодмоҳиҳо, ки гӯшти лазиз дорад, парвариш кунанд.Гулмоҳӣ дар кишвар на танҳо барои таъми лазиз, балки аз он сабаб маҳбуб аст, ки анъанавӣ дар байни тоҷикон парвариши он таваҷҷӯҳ дорад.Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон аз макони ояндаи парвариши гулмоҳӣ боздид кард. Соҳибкороне, ки омодасозии ҳавзҳоро барои парвариши гулмоҳӣ пеш мебаранд, ба раиси вилоят дар бораи нақшаҳои истеҳсол ва фурӯши ин маҳсулоти арзишманд маълумот доданд.Гулмоҳӣ навъе аз оилаи озодмоҳиҳо буда, гӯшташ як маҳсулоти лазиз ба ҳисоб меравад. Он дар обҳои дарёҳои оби тоза, хунук ва пур аз оксиген ва обанборҳо бо ҷараёни тези об сукунат дорад. Дар ҳарорати аз 5 то 20°C, гулмоҳӣ зуд калон мешавад ва дар давоми як сол ба вазни қобили фурӯш мерасад, дар ҳоле ки дар муҳити бароҳат он метавонад дар давоми 7-8 моҳ ба 400 грамм вазн расад.Дар давоми 3-4 соли оянда ширкат нақша дорад, ки истеҳсоли гулмоҳиро то 100 тонна афзоиш диҳад.Ба гуфтаи Аҳмадзода, мавҷудияти дарёҳо ва кӯлҳои кӯҳӣ, чашмаҳо ва ҷӯйборҳо бо оби тоза дар минтақа имконияти беназиреро барои истеҳсоли саноатии гулмоҳӣ фароҳам меорад, дар ҳоле ки сарфиёти кор кам буда, ин намуди тиҷоратро хеле фоидаовар мегардонад.Ноҳияи Шаҳристон дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Зарафшон ҷойгир буда, дорои шароити мусоиди иқлимӣ барои парвариши гулмоҳӣ мебошад. Дарёчаҳои хурди кӯҳӣ бо оби соф ва иқлими мулоим дар тобистон барои парвариши гулмоҳӣ беҳтарин шароит муҳаё мекунанд. Дар ин ҷо ҳарорат одатан дар тобистон аз 35°C боло намеравад ва об кам то 25°C гарм мешавад. Фасли зимистон ҳарорати об аз 5°C паст намешавад, ки ин шароити мусоидро барои афзоиш ва нигоҳдории популятсияи гулмоҳӣ фароҳам меорад.Инчунин бозори савдо ҳам аст, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар наздикии он ҷойгир аст, ки дар он қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳои фаъолият доранд. Илова бар ин, ширкати “Амид” шабакаҳои фурӯши чаканаи худро дорад, ки дар шаҳрҳои бузурги вилояти Суғд фаъолият мекунанд.Ғояи таъсиси обанборҳои сунъӣ дар Суғд барои парвариши гулмоҳӣ, ки яке аз моҳиҳои гаронбаҳо ва болаззаттарин аст, ба Раҷаб Аҳмадзода тааллуқ дорад. Ӯ 10 сол пеш ба ин мароқ зоҳир кард. Ҳамчун раиси вилоят, Аҳмадзода ин ташаббусро зимни сафарҳо ба минтақаҳои кӯҳистонӣ, ки дар он ҷо шароити мусоид барои парвариши гулмоҳӣ мавҷуд аст, фаъолона таблиғ мекард. Ӯ инчунин тоҷиронро барои пешбурди ин идея фаъолона дастгирӣ ва ташвиқ мекард.Айни замон, дар вилояти Суғд ду корхона ва якчанд хоҷагиҳои хурди парвариши гулмоҳӣ фаъолият мекунанд, ки дар маҷмӯъ то ҳазор тонна ин маҳсулоти нозукро дар як сол истеҳсол мекунанд.Тибқи маълумоти Оҷонсии омор, соли 2025 дар Тоҷикистон 6600 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/44646
https://sputnik.tj/20251028/afzoish-istehsol-gusht-tukhm-mohi-tojikiston-arzon-1072473633.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/13/1075419581_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_80d89bbfd556c8ecdba8bd45cd70dd35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, моҳипарварӣ, суғд, ҳавзаҳо, раҷаббой аҳмадзода
дар тоҷикистон, моҳипарварӣ, суғд, ҳавзаҳо, раҷаббой аҳмадзода
Дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ сохта мешаванд
Эксклюзив
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз макони ояндаи парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Шаҳристон боздид кард
ДУШАНБЕ, 20фев - Sputnik. Дар дараи зебоманзари кӯҳии Чилхуҷра дар ноҳияи Шаҳристон, соҳибкорони суғдии гурӯҳи ширкатҳои “Амид” дар як дарёчаи хурди кӯҳӣ обанбор сохтанд ва нақша доранд, ки дар он гулмоҳӣ-навъе аз озодмоҳиҳо, ки гӯшти лазиз дорад, парвариш кунанд.
Гулмоҳӣ дар кишвар на танҳо барои таъми лазиз, балки аз он сабаб маҳбуб аст, ки анъанавӣ дар байни тоҷикон парвариши он таваҷҷӯҳ дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон аз макони ояндаи парвариши гулмоҳӣ боздид кард. Соҳибкороне, ки омодасозии ҳавзҳоро барои парвариши гулмоҳӣ пеш мебаранд, ба раиси вилоят дар бораи нақшаҳои истеҳсол ва фурӯши ин маҳсулоти арзишманд маълумот доданд.
Гулмоҳӣ навъе аз оилаи озодмоҳиҳо буда, гӯшташ як маҳсулоти лазиз ба ҳисоб меравад. Он дар обҳои дарёҳои оби тоза, хунук ва пур аз оксиген ва обанборҳо бо ҷараёни тези об сукунат дорад. Дар ҳарорати аз 5 то 20°C, гулмоҳӣ зуд калон мешавад ва дар давоми як сол ба вазни қобили фурӯш мерасад, дар ҳоле ки дар муҳити бароҳат он метавонад дар давоми 7-8 моҳ ба 400 грамм вазн расад.
"Дар аввал, мо ният дорем, ки аз Ӯзбекистони ҳамсоя моҳичаҳоро ворид кунем ва дар оянда нақша дорем, ки хоҷагии инкубатории худро барои бордор кардани тухм таъсис диҳем", - гуфт ба раиси вилояти Суғд роҳбари ширкати "Амид" Саидамон Хисомаддинов.
Дар давоми 3-4 соли оянда ширкат нақша дорад, ки истеҳсоли гулмоҳиро то 100 тонна афзоиш диҳад.
Ба гуфтаи Аҳмадзода, мавҷудияти дарёҳо ва кӯлҳои кӯҳӣ, чашмаҳо ва ҷӯйборҳо бо оби тоза дар минтақа имконияти беназиреро барои истеҳсоли саноатии гулмоҳӣ фароҳам меорад, дар ҳоле ки сарфиёти кор кам буда, ин намуди тиҷоратро хеле фоидаовар мегардонад.
"Ин кор ҳамчунин ба стратегияи ҳукумат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон, ки, ба мащсулоти воридотивазкунанда дар он афзалият дода мешавад, мувофиқат мекунад", - гуфт раиси вилояти Суғд дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Ноҳияи Шаҳристон дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Зарафшон ҷойгир буда, дорои шароити мусоиди иқлимӣ барои парвариши гулмоҳӣ мебошад. Дарёчаҳои хурди кӯҳӣ бо оби соф ва иқлими мулоим дар тобистон барои парвариши гулмоҳӣ беҳтарин шароит муҳаё мекунанд. Дар ин ҷо ҳарорат одатан дар тобистон аз 35°C боло намеравад ва об кам то 25°C гарм мешавад. Фасли зимистон ҳарорати об аз 5°C паст намешавад, ки ин шароити мусоидро барои афзоиш ва нигоҳдории популятсияи гулмоҳӣ фароҳам меорад.
Инчунин бозори савдо ҳам аст, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар наздикии он ҷойгир аст, ки дар он қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳои фаъолият доранд. Илова бар ин, ширкати “Амид” шабакаҳои фурӯши чаканаи худро дорад, ки дар шаҳрҳои бузурги вилояти Суғд фаъолият мекунанд.
Ғояи таъсиси обанборҳои сунъӣ дар Суғд барои парвариши гулмоҳӣ, ки яке аз моҳиҳои гаронбаҳо ва болаззаттарин аст, ба Раҷаб Аҳмадзода тааллуқ дорад. Ӯ 10 сол пеш ба ин мароқ зоҳир кард. Ҳамчун раиси вилоят, Аҳмадзода ин ташаббусро зимни сафарҳо ба минтақаҳои кӯҳистонӣ, ки дар он ҷо шароити мусоид барои парвариши гулмоҳӣ мавҷуд аст, фаъолона таблиғ мекард. Ӯ инчунин тоҷиронро барои пешбурди ин идея фаъолона дастгирӣ ва ташвиқ мекард.
Айни замон, дар вилояти Суғд ду корхона ва якчанд хоҷагиҳои хурди парвариши гулмоҳӣ фаъолият мекунанд, ки дар маҷмӯъ то ҳазор тонна ин маҳсулоти нозукро дар як сол истеҳсол мекунанд.
Тибқи маълумоти Оҷонсии омор, соли 2025 дар Тоҷикистон 6600 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд.