https://sputnik.tj/20251028/afzoish-istehsol-gusht-tukhm-mohi-tojikiston-arzon-1072473633.html
Афзоиши истеҳсоли гӯшту тухму моҳӣ дар Тоҷикистон: арзон мешавад?
Афзоиши истеҳсоли гӯшту тухму моҳӣ дар Тоҷикистон: арзон мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда дар нуҳ моҳи гузашта назар ба нишондодҳои соли қаблияш 10,6% афзудааст
2025-10-28T09:25+0500
2025-10-28T09:25+0500
2025-10-28T12:27+0500
дар тоҷикистон
гӯшти мурғ
гӯшт
истеҳсол
моҳӣ
тухми мурғ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052828617_322:0:3072:1547_1920x0_80_0_0_8f9b5781b6c1330c030aed1d3cf9baae.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ тавлиди гӯшт аз чорвои калону хурд, мурғ ва моҳӣ афзоиш ёфт, гузориш медиҳад Оҷонсии омори кишвар.Чунончи, истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда дар давраи муайян назар ба нишондодҳои соли гузашта 10,6% афзуд.Аз моҳи январ то май дар ҷумҳурӣ беш аз 198751 тонна гӯшт истеҳсол карда шуд.Афзоишиистеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар ВМКБ 2,1%, вилояти Суғд 13,4%, Хатлон 11,4% ва НТМ 5,6%-ро ташкил додааст.Дар ҳамин ҳол истеҳсоли гӯшти парранда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблияш рушди назаррас надорад.Оҷонсӣ гуфта, ки аз аввали сол беш аз 34,2 ҳазор тонна гӯшти парранда истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 1,1% зиёд мебошад.Дар мавриди афзоиши сайди моҳӣ бошад, дар Тоҷикистон афзоишро нишон дода, он беш аз 3 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар ин муддат ба 96,7 млн сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9% зиёд мебошад.Ҳамчунин тибқи гузориш аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон истеҳсоли тухм низ афзуд.Зарфи нуҳ моҳи гузашта дар кишвар беш аз миллиард дона тухм истеҳсол шуд, ки ин назар ба нишондоди соли гузашта 15,9% зиёд аст.Таъкид мешавад, ки истеҳсоли тухм дар ҳама манотиқи кишвар афзудааст.
https://sputnik.tj/20250926/tojikiston-narkh-ord-arzon-gusht-bolo-1071501926.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052828617_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_606f20d5dfb83481fb85f4171bbe9b51.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш истеҳсол гӯшт тухм моҳӣ тоҷикистон
афзоиш истеҳсол гӯшт тухм моҳӣ тоҷикистон
Афзоиши истеҳсоли гӯшту тухму моҳӣ дар Тоҷикистон: арзон мешавад?
09:25 28.10.2025 (Навсозишуда: 12:27 28.10.2025) Истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда дар нуҳ моҳи гузашта назар ба нишондодҳои соли қаблияш 10,6% афзудааст
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ тавлиди гӯшт аз чорвои калону хурд, мурғ ва моҳӣ афзоиш ёфт, гузориш медиҳад Оҷонсии омори кишвар.
Чунончи, истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда дар давраи муайян назар ба нишондодҳои соли гузашта 10,6% афзуд.
Аз моҳи январ то май дар ҷумҳурӣ беш аз 198751 тонна гӯшт истеҳсол карда шуд.
Афзоишиистеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар ВМКБ 2,1%, вилояти Суғд 13,4%, Хатлон 11,4% ва НТМ 5,6%-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол истеҳсоли гӯшти парранда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблияш рушди назаррас надорад.
Оҷонсӣ гуфта, ки аз аввали сол беш аз 34,2 ҳазор тонна гӯшти парранда истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 1,1% зиёд мебошад.
Дар мавриди афзоиши сайди моҳӣ бошад, дар Тоҷикистон афзоишро нишон дода, он беш аз 3 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар ин муддат ба 96,7 млн сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9% зиёд мебошад.
Ҳамчунин тибқи гузориш аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон истеҳсоли тухм низ афзуд.
Зарфи нуҳ моҳи гузашта дар кишвар беш аз миллиард дона тухм истеҳсол шуд, ки ин назар ба нишондоди соли гузашта 15,9% зиёд аст.
Таъкид мешавад, ки истеҳсоли тухм дар ҳама манотиқи кишвар афзудааст.