https://sputnik.tj/20260219/milliard-sozmonhoi-tojikiston-khorij-pul-giriftand-1075389119.html
Қариб ду миллиард: созмонҳои Тоҷикистон чӣ қадар аз хориҷ пул гирифтанд?
Қариб ду миллиард: созмонҳои Тоҷикистон чӣ қадар аз хориҷ пул гирифтанд?
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати адлияи Тоҷикистон азз ворез шуддани ҳудуди 2 миллиард сомонӣ ба хазинаи созмонҳои ҷамъиятии фаъол дар Тоҷикистон хабар дод
2026-02-19T09:36+0500
2026-02-19T09:36+0500
2026-02-19T09:36+0500
дар тоҷикистон
созмонҳои хориҷӣ
вазорати адлия
маблағгузорӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103041/25/1030412592_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_5f077d12af625384baf0c5a355b9550e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Як теъдод созмонҳои ҷамъиятӣ дар пайи қатъи фаъолияти USAID ба кори худ хотима бахшидаанд.Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Спутник Тоҷикистон гуфт, тамоми маблағҳое, ки созмонҳои ҷамъиятӣ аз хориҷи кишвар ҷалб мекунанд, грант ва кӯмакҳои дигар аст.Дар Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин сӯ, бино ба дастури ҳукумати Тоҷикистон, тамоми кӯмакҳои хориҷие, ки барои созмонҳои ҷамъиётӣ ё ғайридавлатии Тоҷикистон аз хориҷ меояд, бояд нахуст бо вазорати адия мувофиқат шавад. Созмонҳо қабл аз ин ки маблағро дарёфт кунанд, бояд ин вазоратро дар ҷараён бигзоранд.Бино ба иттилои вазорати адлияи Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъъиятӣ соли 2025 ба теъдоди 1595 санади қабули грантҳо ва кӯмакҳо аз давлатҳои хориҷиро ироа кардаанд, ки дар пайи онҳо 92 миллиону 551, 372 сомонӣ, 36 миллиону 472 ҳазору 175 доллари ИМА (343, 480, 428,22 сомонӣ), 21 миллиону 285 ҳазору 780 евро (238, 168, 721), 8 миллиону 602 ҳазору 799 дирҳами АМА (22, 060, 650), 86 миллиону 214 ҳазор фунт стерлинги Инглис (1 миллиарду 108 миллиону 323 ҳазору 870), 2 миллиону 222 ҳазору 636 франки Шветсария (27, 229, 390) ва 941 ҳазору 951 рубл (114, 880), дар умум 1 миллиарду 831 миллиону 929 ҳазору 320 сомонӣ (муодили 194 миллиону 546 ҳазору 130 доллари амрикоӣ) ба хазинаи созмонҳо ворез шудааст.Вазорати адлия ин маълумотро, ки ин маболиғи хориҷӣ барои кадом созмонҳо ва аз кадом кишварҳо омадаанд, маълумот надод.Тибқи иттилои вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави кишвар ҳудуди 1700 созмони ҷамъиятӣ ва 411 филиалу намояндагии созмонҳои ғайритиҷории хориҷӣ фаъолият мекунанд.Соли 2025 ба вазорати адлияи Тоҷикистон 238 (соли 2024 – 313) ариза барои сабтиноми созмонҳои ҷамъиятӣ ва филиалу намояндагиҳо, ҳамзамон барҳамдиҳии онҳо ворид шудааст.Аз ин шумора фаъолияти 85 созмони ҷамъиятӣ қатъ карда шудааст, ки 7 адади онҳо аз тариқи додгоҳҳо ба фаъолияти худ анҷом бахшидаанд. Бақия фаъолияташонро худ ба далели адами гранту кӯмаки хориҷӣ қатъ кардаанд.Ба қавли манобеъи мо, теъдоди назарраси онҳоро Агентии рушди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) маблағгузор мекард. Фаъолияти ин созмон соли гузашта аз сӯи ҳукумати Доналд Трамп қатъ карда шуда буд.
https://sputnik.tj/20250214/boyad-bimirad-bastani-usaid-tojikiston-mano-1066234553.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103041/25/1030412592_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_5ccbaa2800765950afdfcb19b3176eab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, созмонҳои хориҷӣ, вазорати адлия, маблағгузорӣ, сиёсат
дар тоҷикистон, созмонҳои хориҷӣ, вазорати адлия, маблағгузорӣ, сиёсат
Қариб ду миллиард: созмонҳои Тоҷикистон чӣ қадар аз хориҷ пул гирифтанд?
Эксклюзив
Вазорати адлияи Тоҷикистон азз ворез шуддани ҳудуди 2 миллиард сомонӣ ба хазинаи созмонҳои ҷамъиятии фаъол дар Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Як теъдод созмонҳои ҷамъиятӣ дар пайи қатъи фаъолияти USAID ба кори худ хотима бахшидаанд.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Спутник Тоҷикистон гуфт, тамоми маблағҳое, ки созмонҳои ҷамъиятӣ аз хориҷи кишвар ҷалб мекунанд, грант ва кӯмакҳои дигар аст.
Дар Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин сӯ, бино ба дастури ҳукумати Тоҷикистон, тамоми кӯмакҳои хориҷие, ки барои созмонҳои ҷамъиётӣ ё ғайридавлатии Тоҷикистон аз хориҷ меояд, бояд нахуст бо вазорати адия мувофиқат шавад. Созмонҳо қабл аз ин ки маблағро дарёфт кунанд, бояд ин вазоратро дар ҷараён бигзоранд.
Бино ба иттилои вазорати адлияи Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъъиятӣ соли 2025 ба теъдоди 1595 санади қабули грантҳо ва кӯмакҳо аз давлатҳои хориҷиро ироа кардаанд, ки дар пайи онҳо 92 миллиону 551, 372 сомонӣ, 36 миллиону 472 ҳазору 175 доллари ИМА (343, 480, 428,22 сомонӣ), 21 миллиону 285 ҳазору 780 евро (238, 168, 721), 8 миллиону 602 ҳазору 799 дирҳами АМА (22, 060, 650), 86 миллиону 214 ҳазор фунт стерлинги Инглис (1 миллиарду 108 миллиону 323 ҳазору 870), 2 миллиону 222 ҳазору 636 франки Шветсария (27, 229, 390) ва 941 ҳазору 951 рубл (114, 880), дар умум 1 миллиарду 831 миллиону 929 ҳазору 320 сомонӣ (муодили 194 миллиону 546 ҳазору 130 доллари амрикоӣ) ба хазинаи созмонҳо ворез шудааст.
Вазорати адлия ин маълумотро, ки ин маболиғи хориҷӣ барои кадом созмонҳо ва аз кадом кишварҳо омадаанд, маълумот надод.
Тибқи иттилои вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави кишвар ҳудуди 1700 созмони ҷамъиятӣ ва 411 филиалу намояндагии созмонҳои ғайритиҷории хориҷӣ фаъолият мекунанд.
Соли 2025 ба вазорати адлияи Тоҷикистон 238 (соли 2024 – 313) ариза барои сабтиноми созмонҳои ҷамъиятӣ ва филиалу намояндагиҳо, ҳамзамон барҳамдиҳии онҳо ворид шудааст.
Аз ин шумора фаъолияти 85 созмони ҷамъиятӣ қатъ карда шудааст, ки 7 адади онҳо аз тариқи додгоҳҳо ба фаъолияти худ анҷом бахшидаанд. Бақия фаъолияташонро худ ба далели адами гранту кӯмаки хориҷӣ қатъ кардаанд.
Ба қавли манобеъи мо, теъдоди назарраси онҳоро Агентии рушди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) маблағгузор мекард. Фаъолияти ин созмон соли гузашта аз сӯи ҳукумати Доналд Трамп қатъ карда шуда буд.