https://sputnik.tj/20260219/jashni-maslenitsa-donishgohi-slavyanii-rusiya-tojikiston-video-1075417632.html
Ҷашни Масленитса дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон: видео
Ҷашни Масленитса дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон: видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иди Масленитса ба таври густарда ҷашн гирифта шуд 19.02.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-02-19T19:41+0500
2026-02-19T19:41+0500
2026-02-19T19:41+0500
баҳор
фарҳанг
видео
масленитса
донишгоҳ
таҷлил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/13/1075417098_203:23:1746:891_1920x0_80_0_0_e0fe7643423287fb244cfbd05b32d58c.jpg
Ҷашни имсолаи Масленитса дар донишгоҳ бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ва намояндагони васоити ахбор омма баргузор шуд.Ҳар кадоме аз факултаҳо мизи алоҳида ороста, дар онҳо ғизои асосии ин ид – чалпак (блини) мақоми хосса дошт.Ҳамчунин ба ин муносибат донишҷӯён барномаи идона намоиш доданд.Масленитса як иди қадимаи славянӣ буда, он аз даврони оташпарастӣ ҳифз шудааст.Ин ид ҳамчун рамзи баробарии шабу рӯз таҷлил мешавад."Консерти рекордӣ": маълум шуд Наврӯз - 2026 дар Маскав чӣ гуна таҷлил мешавадМасленитса қабл аз "Великий пост" (Рӯзаи бузург) дар дини православиҳо қайд мегардад. Ин ид одатан дар охири зимистон ва аввали баҳор иттифоқ меафтад.Тибқи тақвим Масленитса 56 рӯз пеш аз "Иди пок" (Пасха) баргузор мегардад. Ин ид ба пешвози баҳор ташкил мешавад. Чалпак (блин)-е, ки сари миз гузошта мешавад, рамзи Офтобро дорад.Таҷлили ин ид Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон чӣ гуна гузашт дар гузориши видеоиии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/13/1075417098_148:0:1588:1080_1920x0_80_0_0_e6fd3c97e13e4ba9dcb8bf33ac71a4dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳор, фарҳанг, видео, масленитса, донишгоҳ, таҷлил, видео
баҳор, фарҳанг, видео, масленитса, донишгоҳ, таҷлил, видео
Ҷашни Масленитса дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон: видео
Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иди Масленитса ба таври густарда ҷашн гирифта шуд
Ҷашни имсолаи Масленитса дар донишгоҳ бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ва намояндагони васоити ахбор омма баргузор шуд.
Ҳар кадоме аз факултаҳо мизи алоҳида ороста, дар онҳо ғизои асосии ин ид – чалпак (блини) мақоми хосса дошт.
Ҳамчунин ба ин муносибат донишҷӯён барномаи идона намоиш доданд.
Масленитса як иди қадимаи славянӣ буда, он аз даврони оташпарастӣ ҳифз шудааст.
Ин ид ҳамчун рамзи баробарии шабу рӯз таҷлил мешавад.
Масленитса қабл аз "Великий пост" (Рӯзаи бузург) дар дини православиҳо қайд мегардад. Ин ид одатан дар охири зимистон ва аввали баҳор иттифоқ меафтад.
Тибқи тақвим Масленитса 56 рӯз пеш аз "Иди пок" (Пасха) баргузор мегардад. Ин ид ба пешвози баҳор ташкил мешавад. Чалпак (блин)-е, ки сари миз гузошта мешавад, рамзи Офтобро дорад.
Таҷлили ин ид Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон чӣ гуна гузашт дар гузориши видеоиии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.