Воридот чаҳор баробар бештар аз содирот: Мақомот аз афзоиши савдои хориҷӣ хабар дод

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота грузового контейнерного терминала
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2026
Обуна шудан
Ба иттилои Агентии омори кишвар Тоҷикистон бо 127 давлати дунё, аз ҷумла бо 10 давлати ИДМ ва бо 117 давлати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ доштааст
ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Ба иттилои Агентии омори кишвар дар соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 10,7 млрд доллар баробар гардид, ки нисбати соли қаблӣ 20,5% ё зиёда 1,8 млрд доллар зиёд аст.
Тибқи омори Агенти дар соли гузашта ҳаҷми содироти молу маҳсулот зиёда аз 2,4 миллиард доларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 27,7%ё 540,5 миллион доллар зиёд мебошад.
“Сохтори содиротии мамлакатро дар давраи зикршуда асосан маҳсулоти маъданӣ (130% нисбати соли қаблӣ), фулузоти арзон ва маснуоти он (1,6 баробар), маҳсулоти растанипарварӣ (144,8%), мошинолот ва таҷҳизот (2,6 баробар), молҳои гуногуни саноатӣ (138,1%), коғазу картон ва маснуоти онҳо (20,1 баробар), маҳсулот аз санг гаҷ ва семент (2,2 баробар), чубу тахта ва маснуоти онҳо (139,6%) ва чарбу, равғани чорво ва растанӣ (111,5%) ташкил дод” – иброз дошт Абдухалил Наҷибуллоев, сардори Раёсати омори савдо ва хизматрасонии Агентии омор иттилоъ дод.
Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ давоми соли 2025-ум 8,3 млрд долларро ташкил дод, ки нишондоди мазкур дар қиёс ба соли 2024-ум 18,5% ё қариб 1,3 млрд доллар зиёд мебошад.
Портовой кран грузит контейнеры в морском порту Калининград имени Н.С. Хазова в Калининграде. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2025
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ маълум шуд
Мавриди зикр аст, ки дар ин давра Тоҷикистон бо 127 давлати дунё, аз ҷумла бо 10 давлати ИДМ ва бо 117 давлати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ доштааст.
Тибқи иттилои Агентӣ дар соли 2025 дар гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 44,3% ё 4 млду 784,3 миллион доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 55,7%ё зиёда аз 6 млрд доллар рост омадааст.
Лентаи хабарҳо
0