Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ маълум шуд

© Sputnik / Михаил ГоленковПортовой кран грузит контейнеры в морском порту "Калининград имени Н.С. Хазова" в Калининграде.
Портовой кран грузит контейнеры в морском порту Калининград имени Н.С. Хазова в Калининграде. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2025
Обуна шудан
Тоҷикистон бо 113 давлати дунё, аз ҷумла бо 10 давлати ИДМ ва 103 давлати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Давоми нӯҳ моҳи соли 2025 дар гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи кишварҳои ИДМ 43,4% ё 3,4 млрд долларро ташкил додааст.
Дар ин бора, Агентии омори Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Дар баробари ин, гуфта мешавад, ки ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 56,6% ё 4,4 млрд доллар рост омадааст.
Феълан Тоҷикистон бо 113 давлати дунё, аз ҷумла бо 10 давлати ИДМ ва бо 103 давлати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Гардиши савдои дохилӣ

Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо 52,8 млрд сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 12,1% зиёд шудааст
Дар ин давра, гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 12,1% афзудааст.
Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба 44,4 млрд сомонӣ баробар шуда, бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи ҷумҳурӣ 40,8% ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ба маблағи 18,1 млрд сомонӣ ташкил додааст.
Дар ин давра ба маблағи
4,8 млрд сомонӣ чорвои зинда,
1,6 млрд сомонӣ автомобилҳо, мототсиклҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо,
8,1 млрд сомонӣ маҳсулоти нафтӣ ва ба маблағи
11,2 млрд сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шудаанд.
Ҳаҷми гардиши корхонаҳо оид ба хизматрасонии техникии таъмири автомобилҳо 468,6 млн сомониро ташкил додааст.
Грузовые контейнеры в железнодорожном терминале Ташкента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2025
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 8 миллиард доллар наздик шуд
Дар ин давра гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 4367,8 сомонӣ рост омадааст.
Таносуби бештари гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо асосан ба шаҳри Душанбе - 30,1% ва вилояти Суғд 28,7% рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0