https://sputnik.tj/20260218/rahmon-mardum-tojikiston-ramazon-tabrik-1075376815.html
Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо оғози моҳи шарифи Рамазон табрик кард
Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо оғози моҳи шарифи Рамазон табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар паёме ба муносибати моҳи муборак, президенти Тоҷикистон аз мардум даъват ба меҳрубонӣ ба якдигар ва дасти кумак ба ниёзмандон кард
2026-02-18T16:41+0500
2026-02-18T16:41+0500
2026-02-18T16:41+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
паёми табрикотӣ
рамазон
моҳи шарифи рамазон
табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/12/1075367997_0:162:2048:1314_1920x0_80_0_0_7e4a4584992ffa587481b06ffdf9a989.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт.Дар ин бора Хадамоти матбуотии раҳбари кишвар хабар додааст.Кишвардори Тоҷикистон дар паёми шодбошиаш, ба ҳар як шаҳрванди кишвар рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва дар ҳамаи корҳо ва фазилатҳои инсонӣ муваффақияту комёбӣ орзу кардВай ба ҳама хотиррасон кард, ки ҳикмати рӯзаи моҳи Рамазон танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва ибодат кардан иборат нест, балки дар ин моҳи муборак покизагии ботину зоҳир, дурӣ ҷустан аз кинаву адоват, ихтиёрдории нафс ва бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад.Шахсе, ки дар ин моҳи муборак як амали нек ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст”, - гуфт президенти кишвар.Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки мардуми кишвар ин ҳикматҳои моҳи Рамазонро дуруст дарк намуда, бо нияти нек ва қалби пок ба тоату ибодат машғул шуда, фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар кишвари азизамон боз ҳам мустаҳкам мегардонанд.Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб мебошад. Дар давоми тамоми моҳ, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ, дурӣ ҷӯяд. Моҳи мубораки Рамазон — вақти намоз, тавба кардан ва рӯй овардан ба сӯи Худованд аст.Ҳар рӯзи худро мусулмон бояд аз ният оғоз кунад, ки таъйидкунандаи омодагии доштани рӯза аст.Интиҳои моҳи Рамазон бо намозгузории умумӣ машҳур аст, ки пас аз он Иди Фитр, ё Иди Рӯза, ки се рӯз давом мекунад, шурӯъ мешавад. Одамон Худовандро шукр мегӯянд, хешовандон ва дӯстони худро меҳмондорӣ мекунанд.Саховатмандӣ, аниқтараш додани садақа, шарти ҳатмии Иди Фитр аст.Sputnik Тоҷикистон барои рӯзадорон тақвими онро пешниҳод мекунад. Илова бар ин, барои муҳоҷирони Маскав низ реҷаи рӯзадориро омода кардем.
https://sputnik.tj/20260218/shuroi-ulamoi-tojikiston-taghyiri-ruzi-avvali-ramazon-1075372836.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/12/1075367997_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_f15ce2bbf971842dd08f832b3b4514c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, паёми табрикотӣ, рамазон, моҳи шарифи рамазон, табрикот
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, паёми табрикотӣ, рамазон, моҳи шарифи рамазон, табрикот
Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо оғози моҳи шарифи Рамазон табрик кард
Дар паёме ба муносибати моҳи муборак, президенти Тоҷикистон аз мардум даъват ба меҳрубонӣ ба якдигар ва дасти кумак ба ниёзмандон кард
ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт.
Дар ин бора Хадамоти матбуотии раҳбари кишвар хабар додааст.
Кишвардори Тоҷикистон дар паёми шодбошиаш, ба ҳар як шаҳрванди кишвар рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва дар ҳамаи корҳо ва фазилатҳои инсонӣ муваффақияту комёбӣ орзу кард
" Моҳи шарифи Рамазон бо ҳикматҳои худ дар таълимоти дини мубини ислом ҷойгоҳи хосса дорад", - қайд кард президент.
Вай ба ҳама хотиррасон кард, ки ҳикмати рӯзаи моҳи Рамазон танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва ибодат кардан иборат нест, балки дар ин моҳи муборак покизагии ботину зоҳир, дурӣ ҷустан аз кинаву адоват, ихтиёрдории нафс ва бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад.
“Парҳезгорӣ, саховатмандӣ ба атрофиён, дасти ниёзмандонро гирифтан, аз рӯйи тавону имкон кумак кардан ба наздикони худ ва анҷом додани дигар амалҳои неку савоб аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар ин моҳ барои мусулмонон савоби бештар доранд.
Шахсе, ки дар ин моҳи муборак як амали нек ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст”, - гуфт президенти кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки мардуми кишвар ин ҳикматҳои моҳи Рамазонро дуруст дарк намуда, бо нияти нек ва қалби пок ба тоату ибодат машғул шуда, фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар кишвари азизамон боз ҳам мустаҳкам мегардонанд.
Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб мебошад. Дар давоми тамоми моҳ, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ, дурӣ ҷӯяд. Моҳи мубораки Рамазон — вақти намоз, тавба кардан ва рӯй овардан ба сӯи Худованд аст.
Ҳар рӯзи худро мусулмон бояд аз ният оғоз кунад, ки таъйидкунандаи омодагии доштани рӯза аст.
Интиҳои моҳи Рамазон бо намозгузории умумӣ машҳур аст, ки пас аз он Иди Фитр, ё Иди Рӯза, ки се рӯз давом мекунад, шурӯъ мешавад. Одамон Худовандро шукр мегӯянд, хешовандон ва дӯстони худро меҳмондорӣ мекунанд.
Саховатмандӣ, аниқтараш додани садақа, шарти ҳатмии Иди Фитр аст.
Sputnik Тоҷикистон барои рӯзадорон тақвими онро пешниҳод мекунад. Илова бар ин, барои муҳоҷирони Маскав низ реҷаи рӯзадориро омода кардем.