https://sputnik.tj/20260217/tojikstandart-frushi-nutrilon-malutka-man-1075330649.html
Тоҷикстандарт фурӯши ғизои кӯдаконаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро манъ кард
Тоҷикстандарт фурӯши ғизои кӯдаконаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикстандарт эълон кардааст, ки ғизои кӯдаконаи “Нутрилон” ва “Малютка” бо сабаби зарарнок буданашон аз фурӯш гирифта мешаванд 17.02.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-02-17T11:42+0500
2026-02-17T11:42+0500
2026-02-17T18:51+0500
дар тоҷикистон
ғизо
кӯдакона
"тоҷикстандарт"
манъ
фурӯш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/10/1075330469_0:149:3109:1898_1920x0_80_0_0_e64619e59e92b19f40b4b3ab444879f5.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Масъулини “Тоҷикстандарт” аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз харид ва ба фарзандонашон додани ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро худдорӣ намоянд.Тоҷикстандарт қайд кардааст, ки сокиноне, ки аллакай ин намуд ғизои кӯдаконаро харидорӣ кардаанд, онҳо фавран ин намудни маҳсулотро ба мағозаҳо бозпас баргардонанд.Инчунин масъулини ин ниҳоди давлатӣ мегӯянд, ширкати истеҳсолкунандаи “DANONE” хабар додааст дар таркиби бастаи муайяни маҳсулоти мазкур токсини сереулид вуҷуд дорад.“Сереулид токсинае мебошад, ки баъзе навъҳои бактерияҳои “Bacillus cereus” ҳосил мекунад. Он метавонад боиси пайдоиши нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо, аз ҷумла дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва шикамрав гардад”, - қайд кардааст Тоҷикстандарт.Ҳамчунин ин ниҳод давлатӣ зикр кардааст, ки танҳо силсилаҳои муайяни омехтаҳои хушки ширӣ, шири турши кӯдакона ва ҳамчунин, ғизои махсуси кӯдаконаи зерини ширкати "DANONE" бо тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка” бозхонд карда мешаванд.Таъкид шудааст, ки ин ҳушдор ба дигар силсилаҳои ин маҳсулот дахл надорад ва шаҳрвандон метавонанд аз дигар силсилаҳои истеҳсолшудаи маҳсулоти ширкати “DANONE” харидорӣ ва истифода намоянд.
https://sputnik.tj/20260109/tojikiston-furushi-ghizoi-kudakonai-nan-man-1074415172.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/10/1075330469_190:0:2919:2047_1920x0_80_0_0_f29847e3e118ca8748874cbbe0e91722.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ғизо, кӯдакона, "тоҷикстандарт", манъ, фурӯш
дар тоҷикистон, ғизо, кӯдакона, "тоҷикстандарт", манъ, фурӯш
Тоҷикстандарт фурӯши ғизои кӯдаконаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро манъ кард
11:42 17.02.2026 (Навсозишуда: 18:51 17.02.2026) Тоҷикстандарт эълон кардааст, ки ғизои кӯдаконаи “Нутрилон” ва “Малютка” бо сабаби зарарнок буданашон аз фурӯш гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Масъулини “Тоҷикстандарт” аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз харид ва ба фарзандонашон додани ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро худдорӣ намоянд.
Тоҷикстандарт қайд кардааст, ки сокиноне, ки аллакай ин намуд ғизои кӯдаконаро харидорӣ кардаанд, онҳо фавран ин намудни маҳсулотро ба мағозаҳо бозпас баргардонанд.
“Ғизои кӯдаконаи “Нутрилон” ва “Малютка” дар асоси муроҷиати расмии ширкати воридкунанда - ҶДММ “Рушон” “аз муомилот бозпас гирифта мешавад”, - қайд кардааст Тоҷикстандарт.
Инчунин масъулини ин ниҳоди давлатӣ мегӯянд, ширкати истеҳсолкунандаи “DANONE” хабар додааст дар таркиби бастаи муайяни маҳсулоти мазкур токсини сереулид вуҷуд дорад.
“Сереулид токсинае мебошад, ки баъзе навъҳои бактерияҳои “Bacillus cereus” ҳосил мекунад. Он метавонад боиси пайдоиши нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо, аз ҷумла дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва шикамрав гардад”, - қайд кардааст Тоҷикстандарт.
Ҳамчунин ин ниҳод давлатӣ зикр кардааст, ки танҳо силсилаҳои муайяни омехтаҳои хушки ширӣ, шири турши кӯдакона ва ҳамчунин, ғизои махсуси кӯдаконаи зерини ширкати "DANONE" бо тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка” бозхонд карда мешаванд.
Таъкид шудааст, ки ин ҳушдор ба дигар силсилаҳои ин маҳсулот дахл надорад ва шаҳрвандон метавонанд аз дигар силсилаҳои истеҳсолшудаи маҳсулоти ширкати “DANONE” харидорӣ ва истифода намоянд.