https://sputnik.tj/20260109/tojikiston-furushi-ghizoi-kudakonai-nan-man-1074415172.html
Дар Тоҷикистон фурӯши ғизои кӯдаконаи NAN манъ шуд
Дар Тоҷикистон фурӯши ғизои кӯдаконаи NAN манъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Агентии Тоҷикстандарт эълон кардааст, ки маҳсулоти ширкати Nestle таҳти тамғаи молии NAN ба талаботи танзимкунанда ҷавобгӯ нестанд
2026-01-09T13:51+0500
2026-01-09T13:51+0500
2026-01-09T13:51+0500
дар тоҷикистон
"тоҷикстандарт"
ғизо
кӯдакон
пастсифат
маҳсулоти пастсифат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/09/1074414720_0:317:3077:2047_1920x0_80_0_0_72019a09be46bc3805240fe491be5268.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Агентии "Тоҷикстандарт" аз сокинони Тоҷикистон хабар додааст, ки як бастаи бузурги маҳсулоти ширкати "Nestle" бо тамғаи NAN қобили истифода нест.Агентӣ аз сокинон хоҳиш кардааст, касе ки аллакай NAN харидаанд онро баргардонанд.“Бинобар мутобиқат накардани маҳсулоти мазкур ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дархости ширкати воридоткунанда фурӯш ва истеъмоли марҳилаи маҳсулоти гуфташуда фавран қатъ карда шуда, аз муомилот гирифта мешавад”.- таъкид кардааст "Тоҷикстандарт",.Дар робита ба ин масъала кормандони Нозироти савдои агентӣ бо намояндагони ширкати воридоткунандаи ин маҳсулот корбариро оғоз намудаанд.Зикр гардидааст, ки аз натиҷаи он агентӣ рӯзҳои наздик гузориш медиҳад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Агентии "Тоҷикстандарт" чанде пеш хабар дода буд, ки аз аввали соли 2025 то моҳи декабри соли равон аз ҷониби Агентии "Тоҷикстандарт" беш аз 380 тонна маҳсулоти муҳлатгузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шудааст.Ба шумори маҳсулоти нобудшуда маҳсулоти қаннодӣ, иловагиҳои ғизоӣ, оби нӯшокӣ, хурмо, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ дохил мешаванд, ки аз ҷониби соҳибкорон барои коркард ва нобудсозӣ ба агентӣ супорида шудаанд.Ҳамчунин масолеҳи сохтмонӣ, рангҳо ва дигар молҳо низ нобуд гардидаанд.Таъкид мешавад, ҳадафи ин чорабинӣ назорат ва ҳифзи бозори истеъмолӣ, пешгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоте мебошад, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ нестанд. Инчунин ошкор ва аз муомила хориҷ кардани маҳсулоти бесифат ва хатарнок, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид мекунанд.
https://sputnik.tj/20251220/tojikstandart-mahsuloti-ghayristandarti-nobud-1073983669.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/09/1074414720_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_f58cb6dec4f9f9cd629b5967ef6a4b8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ғизои кӯдакона, тоҷикстандарт, фурӯш, манхъ, талафоб, танзим
тоҷикистон, ғизои кӯдакона, тоҷикстандарт, фурӯш, манхъ, талафоб, танзим
Дар Тоҷикистон фурӯши ғизои кӯдаконаи NAN манъ шуд
Агентии Тоҷикстандарт эълон кардааст, ки маҳсулоти ширкати Nestle таҳти тамғаи молии NAN ба талаботи танзимкунанда ҷавобгӯ нестанд
ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Агентии "Тоҷикстандарт" аз сокинони Тоҷикистон хабар додааст, ки як бастаи бузурги маҳсулоти ширкати "Nestle" бо тамғаи NAN қобили истифода нест.
Агентӣ аз сокинон хоҳиш кардааст, касе ки аллакай NAN харидаанд онро баргардонанд.
“Бинобар мутобиқат накардани маҳсулоти мазкур ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дархости ширкати воридоткунанда фурӯш ва истеъмоли марҳилаи маҳсулоти гуфташуда фавран қатъ карда шуда, аз муомилот гирифта мешавад”.- таъкид кардааст "Тоҷикстандарт",.
Дар робита ба ин масъала кормандони Нозироти савдои агентӣ бо намояндагони ширкати воридоткунандаи ин маҳсулот корбариро оғоз намудаанд.
Зикр гардидааст, ки аз натиҷаи он агентӣ рӯзҳои наздик гузориш медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Агентии "Тоҷикстандарт" чанде пеш хабар дода буд, ки аз аввали соли 2025 то моҳи декабри соли равон аз ҷониби Агентии "Тоҷикстандарт" беш аз 380 тонна маҳсулоти муҳлатгузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шудааст.
Ба шумори маҳсулоти нобудшуда маҳсулоти қаннодӣ, иловагиҳои ғизоӣ, оби нӯшокӣ, хурмо, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ дохил мешаванд, ки аз ҷониби соҳибкорон барои коркард ва нобудсозӣ ба агентӣ супорида шудаанд.
Ҳамчунин масолеҳи сохтмонӣ, рангҳо ва дигар молҳо низ нобуд гардидаанд.
Таъкид мешавад, ҳадафи ин чорабинӣ назорат ва ҳифзи бозори истеъмолӣ, пешгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоте мебошад, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ нестанд. Инчунин ошкор ва аз муомила хориҷ кардани маҳсулоти бесифат ва хатарнок, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид мекунанд.