Нишасти изтирорӣ: Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

© Foto / Пресс-служба Министерства иностранных дел КазахстанаВ Астане состоялось заседание Региональной контактной группы стран Центральной Азии по Афганистану
В Астане состоялось заседание Региональной контактной группы стран Центральной Азии по Афганистану  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2026
Обуна шудан
Дар пойтахти Қазоқистон нишаст изтирории намояндагони Осиёи Марказӣ дар бораи Афғонистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Нишаст изтирории гуруҳи тамоси минтақаи намояндагони вижаи Осиёи Марказӣ дар умури Афғонистон, ахиран дар вазорати умури хориҷаи Қазоқистон баргузор шуд.
Дар ин нишаст, намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ҳузур доштанд.
Меҳвар аслӣ гуфтугӯҳо баррасии вазъияти ҷории Афғонистон ва шеваи таъомули амалӣ бо Кобул буд.
Иштироккунандагон дар бораи густариши равобити тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Афғонистон, тавсеаи даҳлезҳои тронзитӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ низ баҳс карданд.
Масаълаи амнияти минтақа ва пайомадҳои таҳаввулоти Афғонистон барои кишварҳои ҳамсоя, бахши муҳими дигар ин нишастро ташкил медод.
Встреча посла Таджикистана в Кабуле Саади Шарифи с министром иностранных дел Исламского Эмирата Афганистана Амиром Ханом Муттаки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2026
Муттақӣ: Ҳеҷ кас наметавонад ба равобити дӯстона миёни Афғонистону Тоҷикистон осеб расонад
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле бар таъомули амале бо Кобул таъкид мекунанд, ки идораи Толибон* ҳануз аз сӯйи ҳеҷ кишваре ба расмият шинохта нашудааст.
Бо ин ҳол, бархе ҳамсоягони Афғонистон талош доранд аз масири ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тронзитӣ, суботи нисбӣ дар минтақаро тақвият кунанд.
Дар поён нишаст, тарафҳо бар идомаи ҳамоҳангиҳо ва машваратҳои муназзам барои ҳимоят аз субот ва тавсеаи пойдор дар Афғонистон таъкид карданд.
Таҳаққуқи ин мавзӯъ, вобаста ба эҷоди сохтори ҳукмронии посухгӯ ва таъмини амнияти саросарӣ дар дохили кишвар дониста мешавад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0