Муттақӣ: Ҳеҷ кас наметавонад ба равобити дӯстона миёни Афғонистону Тоҷикистон осеб расонад

© Foto / МИД АфганистанаВстреча посла Таджикистана в Кабуле Саади Шарифи с министром иностранных дел Исламского Эмирата Афганистана Амиром Ханом Муттаки.
Встреча посла Таджикистана в Кабуле Саади Шарифи с министром иностранных дел Исламского Эмирата Афганистана Амиром Ханом Муттаки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2026
Обуна шудан
Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки равобитро бо Кобул дар ҳама соҳаҳо тақвият бахшанд
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Кобул Саъдии Шарифӣ бо сарпарасти вазорати умури хориҷаи Аморати исломии Афғонистон Амирхон Муттақӣ дидору гуфтугӯ кардааст.
Тибқи хабарномаи вазорати умури хориҷаи Афғонистон, дар ин дидор оқои Муттақӣ зимни ишора ба тавсеаи равобити диплматик ва рафту омад ҳайатҳои ду кишвар, баён дошт, ки Афғонистону Тоҷикистон ба унвони кишварҳои ҳамсоя, бародару мусулмон бо тавваҷуҳ ба пайвандҳои фарҳангӣ ва забонии муштарак, метавонанд аз фурсатҳои мавҷуд барои густариши муносибот дар ҳамаи сутуҳ, ба вижаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ истифода намоянд.
Вай афзуд, ки ҳеҷ кас наметавонад ба равобити дӯстона ва фазои эътимод миёни ду кишвар осеб бирасонад ва Афғонистон таъаҳҳуди қавӣ дар заминаи густариш ҳар чӣ бештари муносибот бо Тоҷикистон дорад.
Дар ҳамин ҳол, сафири Тоҷикистон оқои Шарифӣ, низ дар хусуи охирин пешрафтҳо ва тавофуқоти қаблӣ миёни Кобулу Душанбе иттилоот ироа намуд.
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2026
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Тоҷикистон азми кишварҳоро барои таҳкими ҳамкорӣ бо Афғонистон истиқбол мекунад
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистони барномаҳо ва пружаҳои иқтисодии муҳимме дар марзи муштараки ду кишвар дорад ва бо ҳусни ният ва бар асоси воқеиятҳои мавҷуда, ба дунболи густариши муносиботи иқтисодӣ ва ҳамкориҳои мустамар бо Афғонистон аст.
Дар поён, ду тараф дар хусуси баргузории Кумитаи муштараки иқтисодӣ, тақвияти ҳамкориҳои марзӣ ва амниятӣ ва барномаҳои вазорати хориҷаи ду кишвар дар соли ҷорӣ табодул назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки даргириҳо дар марз дар чанд моҳи ахир соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ, ки чандин куштаву захмӣ аз ду тараф бар ҷой гузошт, нигарониҳоеро ба бор овардааст.
Дар пайи ин даргириҳо мақомоти Тоҷиикстону Толибон* чанд бор мулоқот кардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамлагаронро террорист меномад, аммо ҳукумати феълии Афғонистон онҳоро қочоқбарони маводи мухъаддир меномад.
Чанд рӯз пеш Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ стаҳи робитаҳо бо Афғонистонро шарҳ дода, гуфт, ки барои пешгирии низоъ дар сарҳад мақомоти қудратии ду кишвар ҳамкорӣ доранд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0