Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Коршиноси турк: Аврупо талош дорад ба музокироти сулҳи Украина халал расонад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПереговоры России и Украины в Стамбуле
Переговоры России и Украины в Стамбуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2026
Обуна шудан
Коршиноси турк ахиран гуфт, ки кишварҳои Аврупо метавонад ба музокироти сулҳи Украина халал расонанд
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Кишварҳои Аврупо метавонанд иқдомҳоеро рӯи даст бигиранд, ки музокироти Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Украинаро дар Женева мураккаб кунанд, гуфт Ниҷат Сезгин, таҳлилгари сиёсии турк ва муҳаққиқи Аврупои Шарқӣ, ба хабаргузории РИА “Новости”.
Вай илова кард, ки мавқеи Вашингтон омили калидӣ дар муқобила бо чунин кӯшишҳо хоҳад буд,
Музокироти байни Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Украина рӯзҳои 17-18 феврал дар Женева ба нақша гирифта шудааст.
"Аврупо ҳама кори аз дасташ меомадаро барои ислоҳ ё суст кардани тамоюли музокирот дар Женева анҷом медиҳад. Аммо, мавқеи Вашингтон асосан муайян мекунад, ки оё ин раванд идома меёбад ё бо монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад", - гуфт коршинос.
Сезгин тахмин мезанад, ки баъзе мақомдорони аврупоӣ аз формате метарсанд, ки дар он параметрҳои калидии ҳалли масъала бо нақши бартаридоштаи Маскав ва Вашингтон музокира карда мешаванд.
Президент Владимир Путин провел совещание по ситуации в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2026
Песков дар бораи тамосҳои Путин бо музокиракунандагони Русия оид ба Украина сӯҳбат кард
Ӯ бовар дорад, ки Брюссел мехоҳад таъсирро бар меъмории созишномаи оянда нигоҳ дорад ва аз вазъияте, ки дар он Аврупо худро танҳо як шоҳид меҳисобад, канорагирӣ кунад.
Ин таҳлилгар бовар дорад, ки ҳисобҳои сиёсии дохилӣ дар кишварҳои ИА метавонанд онҳоро ба гуфтаҳои сахттар тела диҳанд. Ба андешаи вай, нишон додани садоқати принсипӣ ба масъалаи Украина ҳамчун абзоре барои муттаҳидсозии дохилӣ ва роҳи пешгирӣ аз айбдоркуниҳои гузашт истифода мешавад.
Айни замон, Сезгин таъкид мекунад, ки мавқеи ИМА омили ҳалкунанда боқӣ мемонад.
Коршинос бовар дорад, ки агар Вашингтон пайваста аз формати гуфтушунид ва рӯзномаи созиш дастгирӣ кунад, кӯшишҳои аврупоӣ барои тағйир додани динамикаи раванд маҳдуд хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0