https://sputnik.tj/20260216/odamon-ideyaho-harakat-dushanbe-forum-tajriba-idorakuni-megafon-1075313872.html
“Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат”: дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
“Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат”: дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Иштирокчиёни чорабинӣ дар бораи воситаҳои амалӣ барои рушди вазифаҳои захираҳои инсонӣ (HR) маълумоти арзишманд ба даст оварданд 16.02.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-02-16T09:03+0500
2026-02-16T09:03+0500
2026-02-16T12:35+0500
ахбори ширкатҳо
"мегафон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/10/1075315113_0:34:640:394_1920x0_80_0_0_6fcdd462fd2f6a4dac984a5c8fda0f5c.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Санаи 14 феврал дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe форуми бомиқёси “Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат” (ОИҲ), ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкил карда шуд, баргузор гардид. Чорабинӣ ба як майдоне табдил ёфт, ки дар худ намояндагони тиҷорат, иттиҳодҳои захираҳои инсонӣ (HR), роҳбарони дастаҳо ва идоракунандагонро муттаҳид сохт. "Сармоягузорӣ ба кормандони мо, рушди салоҳиятҳои касбӣ ва идоракунии онҳо яке аз авлавиятҳои стратегии ширкати мост. Итминон дорам, таҷрибае, ки мо дар тӯли муддати тӯлонӣ ҷамъ овардаем, барои иштирокчиёни форум муфид буд. Дар омади гап, имсол аз оғози фаъолияти МегаФон Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Форуми баргузоршуда ба мо имкон дод, ки иттиҳодҳои касбиро муттаҳид карда, самтҳои муҳимтарин ва асосии рушди таҷрибаҳои идоракуниро дар кишвар муайян созем”, - қайд намуд Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”. Форуми ОИҲ ба масъалаҳои идоракунии сармояи инсонӣ, рушди бренди HR, фарҳанги корпоративӣ ва тарзҳои амали муосири марбут ба HR бахшида шуда буд. Диққати алоҳида ба ба нақши HR ҳамчун ҳаракатдиҳандаи рушди бизнес ва ташаккули пешниҳоди арзишии корфармо (EVP) зоҳир карда шуд. Дар давоми рӯз иштирокчиён таҷрибаи ширкатҳои пешбар ва коршиносони соҳаи HR-ро дар Тоҷикистон ва ФР-ро мавриди омӯзиш қарор дода, бо кейсу стратегияҳои ширкатҳои дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолияткунанда шиносоӣ пайдо намуданд. Давлати Русияро чунин суханварон ба монанди Максим Кузмин (HappyJob), Роман Шеховтсов (employer-агентии брендингии makelove) ва Анна Шилникова (iSpring) муаррифӣ карданд. Иштирокчиён дар бораи воситаҳои амалӣ барои рушди вазифаҳои захираҳои инсонӣ (HR) маълумоти арзишманд ба даст оварданд. Онҳо инчунин тавонистанд санҷиши бренди HR-ро анҷом дода, таъсири онро ба устувории ширкат дар оянда таҳлил намоянд ва бо хавфҳои эҳтимолӣ шинос шаванд ва нақшаи муфассалро барои рушди минбаъдаи самтҳои захираҳои инсонӣ (HR) тартиб диҳанд. Шарикони байналмилалии форум – HappyJob ва iSpring, шарики расмӣ – “Yora”, шарики стратегӣ – “Ҳумо”. Маълумоти бештарро доир ба он, ки нахустин форуми ОИҲ чӣ гуна баргузор шуд, метавонед дар сомонаи лоиҳа - lid.megafon.tj пайдо намоед.
https://sputnik.tj/20260121/megafon-life-zamima-etimodash-dorand-1074671858.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/10/1075315113_35:0:606:428_1920x0_80_0_0_3a49564cfb4c7967eae47cb2fbc7fcf0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ахбори ширкатҳо, "мегафон"
ахбори ширкатҳо, "мегафон"
“Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат”: дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
09:03 16.02.2026 (Навсозишуда: 12:35 16.02.2026) Ахбори ширкатҳо
Иштирокчиёни чорабинӣ дар бораи воситаҳои амалӣ барои рушди вазифаҳои захираҳои инсонӣ (HR) маълумоти арзишманд ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Санаи 14 феврал дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe форуми бомиқёси “Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат” (ОИҲ), ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкил карда шуд, баргузор гардид.
Чорабинӣ ба як майдоне табдил ёфт, ки дар худ намояндагони тиҷорат, иттиҳодҳои захираҳои инсонӣ (HR), роҳбарони дастаҳо ва идоракунандагонро муттаҳид сохт.
"Сармоягузорӣ ба кормандони мо, рушди салоҳиятҳои касбӣ ва идоракунии онҳо яке аз авлавиятҳои стратегии ширкати мост. Итминон дорам, таҷрибае, ки мо дар тӯли муддати тӯлонӣ ҷамъ овардаем, барои иштирокчиёни форум муфид буд. Дар омади гап, имсол аз оғози фаъолияти МегаФон Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Форуми баргузоршуда ба мо имкон дод, ки иттиҳодҳои касбиро муттаҳид карда, самтҳои муҳимтарин ва асосии рушди таҷрибаҳои идоракуниро дар кишвар муайян созем”, - қайд намуд Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Форуми ОИҲ ба масъалаҳои идоракунии сармояи инсонӣ, рушди бренди HR, фарҳанги корпоративӣ ва тарзҳои амали муосири марбут ба HR бахшида шуда буд. Диққати алоҳида ба ба нақши HR ҳамчун ҳаракатдиҳандаи рушди бизнес ва ташаккули пешниҳоди арзишии корфармо (EVP) зоҳир карда шуд.
Дар давоми рӯз иштирокчиён таҷрибаи ширкатҳои пешбар ва коршиносони соҳаи HR-ро дар Тоҷикистон ва ФР-ро мавриди омӯзиш қарор дода, бо кейсу стратегияҳои ширкатҳои дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолияткунанда шиносоӣ пайдо намуданд.
Давлати Русияро чунин суханварон ба монанди Максим Кузмин (HappyJob), Роман Шеховтсов (employer-агентии брендингии makelove) ва Анна Шилникова (iSpring) муаррифӣ карданд.
“Бренди қавии HR имрӯзҳо ба устувории тиҷорат, эътимоди бозор ва қобилияти ширкатҳо ҷиҳати ҷалб ва нигоҳдории истеъдодҳо таъсири мустақим мерасонад. Дар форуми ОИҲ мо оид ба тарзи амали системавӣ дар ҷодаи идоракунии ҳайати кормандон ва доир ба он, ки HR ҳамчун шарики стратегии тиҷоратӣ кадом корҳоро анҷом медиҳад, маълумот расонидем”, - мегӯяд Анна Жданова, директор оид ба ҳайати кормандони ширкати "МегаФон Тоҷикистон”.
Иштирокчиён дар бораи воситаҳои амалӣ барои рушди вазифаҳои захираҳои инсонӣ (HR) маълумоти арзишманд ба даст оварданд. Онҳо инчунин тавонистанд санҷиши бренди HR-ро анҷом дода, таъсири онро ба устувории ширкат дар оянда таҳлил намоянд ва бо хавфҳои эҳтимолӣ шинос шаванд ва нақшаи муфассалро барои рушди минбаъдаи самтҳои захираҳои инсонӣ (HR) тартиб диҳанд.
Шарикони байналмилалии форум – HappyJob ва iSpring, шарики расмӣ – “Yora”, шарики стратегӣ – “Ҳумо”. Маълумоти бештарро доир ба он, ки нахустин форуми ОИҲ чӣ гуна баргузор шуд, метавонед дар сомонаи лоиҳа - lid.megafon.tj пайдо намоед.