https://sputnik.tj/20260121/megafon-life-zamima-etimodash-dorand-1074671858.html
“МегаФон Life”: замимае, ки эътимодаш доранд
“МегаФон Life”: замимае, ки эътимодаш доранд
Sputnik Тоҷикистон
“МегаФон Life” диққати асосиро ба баландбардории сатҳи қулайнокӣ ва беҳтар кардани вазифаҳои сенарияҳои калидӣ равона намуд
2026-01-21T09:01+0500
2026-01-21T09:01+0500
2026-01-21T09:01+0500
ахбори ширкатҳо
"мегафон"
мегафон-тоҷикистон
алоқа
русия
хизматрасонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/14/1074660777_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_e0d321c41d5343aad91a24efc72b1ed0.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik.Аз оғози соли 2025 теъдоди корбарони замимаи “МегаФон Life” ба андозаи 14% афзоиш ёфт. Ба қавли дигар, даҳҳо ҳазор муштариёни нав ҳаррӯза хизматрасониҳои алоқаро идора намуда, амалиёти молиявиро анҷом медиҳанд ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои маиширо дар фазои рақамӣ пайдо менамоянд.Имрӯз, “МегаФон Life” як экосистемаи мукаммали хизматрасониҳои рақамӣ маҳсуб меёбад. Истифодабарандагон метавонанд бе зарурати насб кардани барномаҳои иловагӣ маблағи хизматрасониҳоро пардохт кунанд, маблағҳоро интиқол диҳанд, маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ фармоиш диҳанд ва барои пайвастшавӣ ба интернети хонагӣ дархост пешниҳод кунанд.Дар соли 2025 гурӯҳи таҳиягарони “МегаФон Life” диққати асосиро ба баландбардории сатҳи қулайнокӣ ва беҳтар кардани вазифаҳои сенарияҳои калидӣ равона намуд. Масалан, дар намунаи нави охирин имкониятҳои идоракунии кортҳои бонкӣ васеъ гардиданд: дорандагони кортҳои “Ҳумо” акнун метавонанд иқтибосҳоро бубинанд ва PIN-рамзҳои худро бекор карда, аз нав фаъол намоянд.Тағйироти назаррас ба хизматрасониҳои пардохтӣ ворид карда шуданд. Тарҳи навшудаи пардохти QR акнун фаҳмотар аст: ба корбарон логотипи нуқтаи савдо ва маълумот оид ба кешбэк ва таърихи такмилёфтаи амалиётҳо инъикос карда мешавад.Барои қулайнокӣ инчунин шакли расидҳо дар таърихи пардохтҳо тағйир дода шуд — акнун фаҳмидан ва таҳлил кардани онҳо осонтар гардид.Таваҷҷӯҳи алоҳида ба амният ва барқароркунии дастрасӣ зоҳир карда шуд. Бекоркунию аз нав фаъолсозии PIN-рамзи “Ҳамён” дастрастар гардид — онро метавон бо истифода аз РМА ё силсилаи шиноснома бе зарурати рафтан ба идора ё расмиёти иловагӣ барқарор намуд.Замимаи мазкурҳамчун воситаи худхизматрасонӣ низ рушд карда истодааст. Дар “МегаФон Life” бахши навшудаи ягонаи идораҳое пайдо шудааст, ки он маҳз дар маконе, ки барои корбар зарур аст, инъикос меёбад. Ғайр аз ин, замима ҳоло имкон медиҳад, ки ба тариқи пурра онлайн рақами рақамро интихоб кунед, бихаред ва ба расмият дароред. Рақамро метавон мустақилона рафта дастрас кард ё фармоиш дод.Баҳри нигоҳдории алоқа ҳатто дар ҳолатҳои таъҷилӣ дар “МегаФон Life” хизматрасонии "Ба ман занг зан” – ирсоли SMS бо хоҳиши занг задан бевосита тариқи замима дастрас карда шуд. Ҳамзамон сифату устувории зангҳо такмил дода шуда, як қатор корҳои техникии ба баландшавии сатҳи устувории фаъолияти хизматрасониҳо нигаронидашуда ба амал бароварда шуданд.Афзоиши таваҷҷӯҳ нисбати замима бо омори боргириҳо тасдиқ мегардад. Дар соли 2025 миқдори фаъолсозиҳои “МегаФон Life” дар iOS дар қиёс ба соли 2024 22,3%, дар Android бошад, 3,67% зиёд гардидааст, ки ин аз васеъшавии устувори аудитория ва боварии истифодабарандагон шаҳодат медиҳад."Мо МегаФон Life-ро ҳамчун платформаи рақамии универсалӣ, ки вазифаҳои ҳаррӯзаро осонтар карда, муоширатро боз ҳам дастрас менамояд, инкишоф медиҳем. Афзоиши шумораи корбарон тасдиқ мекунад, ки имкониятҳое, ки мо пешкаш менамоем, воқеан серталабанд. Мо такмили барномаро идома медиҳем ва хизматрасониҳоеро илова мекунем, ки вақтро сарфа мекунанд ва ҳаётро қулайтар мегардонанд", - мегӯяд Илдар Салихов, директори оператсионии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.Боргирӣ ва навкунии замимаи “МегаФон Life” бо суроғаи life.tj имконпазир аст.
https://sputnik.tj/20260101/megafon-tojikiston-natija-tekhniki-jambast-1074308631.html
https://sputnik.tj/20251013/hamkori-maskav-dushanbe-megafon-tojikiston-tekhnologiya-raqami-1072053221.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/14/1074660777_0:0:988:740_1920x0_80_0_0_3b9cd00c38665e596cbf2f357970c13a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мегафон, алоқа, замима, корбарон, муштари, хизматрасонӣ
тоҷикистон, мегафон, алоқа, замима, корбарон, муштари, хизматрасонӣ
“МегаФон Life”: замимае, ки эътимодаш доранд
Ахбори ширкатҳо
“МегаФон Life” диққати асосиро ба баландбардории сатҳи қулайнокӣ ва беҳтар кардани вазифаҳои сенарияҳои калидӣ равона намуд
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik.Аз оғози соли 2025 теъдоди корбарони замимаи “МегаФон Life” ба андозаи 14% афзоиш ёфт. Ба қавли дигар, даҳҳо ҳазор муштариёни нав ҳаррӯза хизматрасониҳои алоқаро идора намуда, амалиёти молиявиро анҷом медиҳанд ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои маиширо дар фазои рақамӣ пайдо менамоянд.
Имрӯз, “МегаФон Life” як экосистемаи мукаммали хизматрасониҳои рақамӣ маҳсуб меёбад. Истифодабарандагон метавонанд бе зарурати насб кардани барномаҳои иловагӣ маблағи хизматрасониҳоро пардохт кунанд, маблағҳоро интиқол диҳанд, маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ фармоиш диҳанд ва барои пайвастшавӣ ба интернети хонагӣ дархост пешниҳод кунанд.
Дар соли 2025 гурӯҳи таҳиягарони “МегаФон Life” диққати асосиро ба баландбардории сатҳи қулайнокӣ ва беҳтар кардани вазифаҳои сенарияҳои калидӣ равона намуд. Масалан, дар намунаи нави охирин имкониятҳои идоракунии кортҳои бонкӣ васеъ гардиданд: дорандагони кортҳои “Ҳумо” акнун метавонанд иқтибосҳоро бубинанд ва PIN-рамзҳои худро бекор карда, аз нав фаъол намоянд.
Тағйироти назаррас ба хизматрасониҳои пардохтӣ ворид карда шуданд. Тарҳи навшудаи пардохти QR акнун фаҳмотар аст: ба корбарон логотипи нуқтаи савдо ва маълумот оид ба кешбэк ва таърихи такмилёфтаи амалиётҳо инъикос карда мешавад.
Барои қулайнокӣ инчунин шакли расидҳо дар таърихи пардохтҳо тағйир дода шуд — акнун фаҳмидан ва таҳлил кардани онҳо осонтар гардид.
Таваҷҷӯҳи алоҳида ба амният ва барқароркунии дастрасӣ зоҳир карда шуд. Бекоркунию аз нав фаъолсозии PIN-рамзи “Ҳамён” дастрастар гардид — онро метавон бо истифода аз РМА ё силсилаи шиноснома бе зарурати рафтан ба идора ё расмиёти иловагӣ барқарор намуд.
Замимаи мазкурҳамчун воситаи худхизматрасонӣ низ рушд карда истодааст. Дар “МегаФон Life” бахши навшудаи ягонаи идораҳое пайдо шудааст, ки он маҳз дар маконе, ки барои корбар зарур аст, инъикос меёбад. Ғайр аз ин, замима ҳоло имкон медиҳад, ки ба тариқи пурра онлайн рақами рақамро интихоб кунед, бихаред ва ба расмият дароред. Рақамро метавон мустақилона рафта дастрас кард ё фармоиш дод.
Баҳри нигоҳдории алоқа ҳатто дар ҳолатҳои таъҷилӣ дар “МегаФон Life” хизматрасонии "Ба ман занг зан” – ирсоли SMS бо хоҳиши занг задан бевосита тариқи замима дастрас карда шуд. Ҳамзамон сифату устувории зангҳо такмил дода шуда, як қатор корҳои техникии ба баландшавии сатҳи устувории фаъолияти хизматрасониҳо нигаронидашуда ба амал бароварда шуданд.
Афзоиши таваҷҷӯҳ нисбати замима бо омори боргириҳо тасдиқ мегардад. Дар соли 2025 миқдори фаъолсозиҳои “МегаФон Life” дар iOS дар қиёс ба соли 2024 22,3%, дар Android бошад, 3,67% зиёд гардидааст, ки ин аз васеъшавии устувори аудитория ва боварии истифодабарандагон шаҳодат медиҳад.
"Мо МегаФон Life-ро ҳамчун платформаи рақамии универсалӣ, ки вазифаҳои ҳаррӯзаро осонтар карда, муоширатро боз ҳам дастрас менамояд, инкишоф медиҳем. Афзоиши шумораи корбарон тасдиқ мекунад, ки имкониятҳое, ки мо пешкаш менамоем, воқеан серталабанд. Мо такмили барномаро идома медиҳем ва хизматрасониҳоеро илова мекунем, ки вақтро сарфа мекунанд ва ҳаётро қулайтар мегардонанд", - мегӯяд Илдар Салихов, директори оператсионии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Боргирӣ ва навкунии замимаи “МегаФон Life” бо суроғаи
life.tj имконпазир аст.