https://sputnik.tj/20230122/somoni-daromadi-blogeroni-tojik-maqomot-1054398629.html
Қариб 30 млн сомонӣ даромади блогерони тоҷик ва огоҳиномаи мақомот ба 80 нафар
Қариб 30 млн сомонӣ даромади блогерони тоҷик ва огоҳиномаи мақомот ба 80 нафар
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали соли равон 60 блогер расман дар мақомоти андози кишвар ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати соли пешӣ 35 нафар зиёд аст
2023-01-22T10:30+0500
2023-01-22T10:30+0500
2023-01-22T14:11+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
блогер
кумитаи андоз
пардохт
андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/63/1026696393_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_b9f6d649595071377f3a83b6e2ddc4ed.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Блогерони тоҷик дар 12 моҳи соли гузашта қариб 30 млн сомонӣ даромади расмӣ доштаанд, иттилоъ дод нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Кумитаи андози ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, аз 29,7 млн сомонӣ даромади андозбандишаванда блогерон зиёда аз 1,3 млн сомонӣ андоз супоридаанд. Мақомоти андоз изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҳанӯз на ҳамаи онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти блогерӣ машғуланду аз ин ҳисоб даромад мегиранд, худро дар ин ниҳод ба қайд гирифтаанд. Таъкид шудааст, ки бо мақсади бақайдгирӣ ва ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони воқеие, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба блогерӣ машғул мебошанд, феҳристи онҳо тартиб дода шуда, бар гузаштан аз сабт ба 80 шахси воқеӣ огоҳинома ирсол шудааст."Дар натиҷа, то 1 январи соли ҷорӣ дар мақомоти андоз 60 субъекти соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернет ба блогерӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд мебошад", - омадааст дар матлаб. Мақомоти андоз тавзеҳ додаанд, ки блогерон ҳар семоҳа ҳаҷми даромадашонро ба кумита пешниҳод мекунанд ва дар умум 7% андоз месупоранд. Инчунин блогерон дар эъломияҳои андоз шумораи кормандони кирояро 59 нафар нишон доданд, ки музди миёнаи меҳнат як кормандашон 929 сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20230119/masultarin-andozsuporandagon-tojikiston-muayyan-1054347026.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/63/1026696393_108:0:1813:1279_1920x0_80_0_0_be0f86e7d72b2895bde1b20eb821ad2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, блогер, даромад, пардохт, андоз
тоҷикистон, блогер, даромад, пардохт, андоз
Қариб 30 млн сомонӣ даромади блогерони тоҷик ва огоҳиномаи мақомот ба 80 нафар
10:30 22.01.2023 (Навсозишуда: 14:11 22.01.2023) Дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали соли равон 60 блогер расман дар мақомоти андози кишвар ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати соли пешӣ 35 нафар зиёд аст
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Блогерони тоҷик дар 12 моҳи соли гузашта қариб 30 млн сомонӣ даромади расмӣ доштаанд, иттилоъ дод нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Кумитаи андози ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз 29,7 млн сомонӣ даромади андозбандишаванда блогерон зиёда аз 1,3 млн сомонӣ андоз супоридаанд.
Мақомоти андоз изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҳанӯз на ҳамаи онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти блогерӣ машғуланду аз ин ҳисоб даромад мегиранд, худро дар ин ниҳод ба қайд гирифтаанд.
Таъкид шудааст, ки бо мақсади бақайдгирӣ ва ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони воқеие, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба блогерӣ машғул мебошанд, феҳристи онҳо тартиб дода шуда, бар гузаштан аз сабт ба 80 шахси воқеӣ огоҳинома ирсол шудааст.
"Дар натиҷа, то 1 январи соли ҷорӣ дар мақомоти андоз 60 субъекти соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернет ба блогерӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд мебошад", - омадааст дар матлаб.
Мақомоти андоз тавзеҳ додаанд, ки блогерон ҳар семоҳа ҳаҷми даромадашонро ба кумита пешниҳод мекунанд ва дар умум 7% андоз месупоранд.
Инчунин блогерон дар эъломияҳои андоз шумораи кормандони кирояро 59 нафар нишон доданд, ки музди миёнаи меҳнат як кормандашон 929 сомониро ташкил медиҳад.