https://sputnik.tj/20260216/hama-muttahamon-parvanda-hamla-terroristi-krokus-habs-abad-talab-1075313779.html
Барои ҳамаи муттаҳамони парвандаи ҳамлаи террористии "Крокус" ҳабси абад талаб доранд
Барои ҳамаи муттаҳамони парвандаи ҳамлаи террористии "Крокус" ҳабси абад талаб доранд
Sputnik Тоҷикистон
Ғайр аз талаби ҳукм, даъвоҳои шаҳрвандӣ барои ҷуброн алайҳи муттаҳамон пешниҳод шудаанд, аммо, тавре ки вакили дифоъ қайд мекунад, эҳтимоли қонеъ кардани онҳо вуҷуд надорад
2026-02-16T11:51+0500
2026-02-16T11:51+0500
2026-02-16T12:54+0500
крокус сити холл
парванда
ҳамлаи террористӣ
дар русия
суд
ҳукми абад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/14/1065191207_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_ad7b9353cbb6a0d63cab33d9d7a01e73.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Ҷабрдидагон барои ҳамаи 19 муттаҳам дар ҳамлаи террористии Крокус Сити Холл ҳукми ҳабси абадро талаб мекунад, гуфт Людмила Айвар, вакили дифоъи ҷабрдидаҳо. Ҳамчунин, муттаҳамон бояд даҳҳо миллион рубл ҷубронпулӣ пардохт кунанд, хабар медиҳад ТАСС.Ин на дар бораи интиқом ё шиорҳо, балки дар бораи адолат ва ҳифзи ҷомеа аст, зеро терроризм ҷиноятест, ки на танҳо ба афроди мушаххас, балки ба эҳсоси амният дар кишвар низ зарба мезана",- гуфтааст АйварҒайр аз ин, даъвоҳои шаҳрвандӣ барои ҷуброн алайҳи муттаҳамон пешниҳод шудаанд, аммо, тавре ки Айвар қайд мекунад, эҳтимоли қонеъ кардани онҳо вуҷуд надорад."Маблағи умумӣ даҳҳо миллион рублро ташкил медиҳад, аммо мо дар ин маврид хушбин нестем, зеро ҳатто агар даъвоҳо қонеъ карда шаванд ҳам, барқарорсозии воқеӣ амалан ғайриимкон аст." - гуфт вакили дифоъ. Қаблан, беш аз 2300 нафар дар парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ҳамлаи "Крокус" ҳамчун ҷабрдида эътироф шуда буданд. Парванда дар Додгоҳи низомии ноҳияи 2-юми ғарбии Маскав баррасӣ мешавад. Парвандаи ҷиноӣ аз 470 ҷилд иборат аст. Тафтишоти парвандаи ҷиноӣ моҳи июни соли 2025 ба анҷом расид. Ба гуфтаи муфаттишон, омодагӣ барои ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл чанд моҳ пеш аз рух додани он оғоз шуда буд. Баъзе аз гумонбарон аз хориҷа ба Русия омадаанд, ки дар он ҷо омӯзиши ибтидоӣ гирифта буданд.
https://sputnik.tj/20260110/khadamot-iktishofi-rusiya-tojikiston-krokus-1074427250.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/14/1065191207_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_a8128b4bf499ae7261340dc540565be0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
крокус сити холл, парванда, ҳамлаи террористӣ, дар русия, суд, ҳукми абад
крокус сити холл, парванда, ҳамлаи террористӣ, дар русия, суд, ҳукми абад
Барои ҳамаи муттаҳамони парвандаи ҳамлаи террористии "Крокус" ҳабси абад талаб доранд
11:51 16.02.2026 (Навсозишуда: 12:54 16.02.2026) Ғайр аз талаби ҳукм, даъвоҳои шаҳрвандӣ барои ҷуброн алайҳи муттаҳамон пешниҳод шудаанд, аммо, тавре ки вакили дифоъ қайд мекунад, эҳтимоли қонеъ кардани онҳо вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Ҷабрдидагон барои ҳамаи 19 муттаҳам дар ҳамлаи террористии Крокус Сити Холл ҳукми ҳабси абадро талаб мекунад, гуфт Людмила Айвар, вакили дифоъи ҷабрдидаҳо.
Ҳамчунин, муттаҳамон бояд даҳҳо миллион рубл ҷубронпулӣ пардохт кунанд, хабар медиҳад ТАСС.
"Ҳимояи ҷабрдидагон дар баҳсҳои ниҳоӣ дар бораи ҷазои сахттарин ва одилонатарин барои ҷинояткорони мустақим, инчунин барои дигар афроде, ки дар ҳамлаи террористӣ даст доранд, дар доираи ҷазоҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷиноӣ, аз ҷумла ҳабси абад, исрор хоҳад кард.
Ин на дар бораи интиқом ё шиорҳо, балки дар бораи адолат ва ҳифзи ҷомеа аст, зеро терроризм ҷиноятест, ки на танҳо ба афроди мушаххас, балки ба эҳсоси амният дар кишвар низ зарба мезана",- гуфтааст Айвар
Ғайр аз ин, даъвоҳои шаҳрвандӣ барои ҷуброн алайҳи муттаҳамон пешниҳод шудаанд, аммо, тавре ки Айвар қайд мекунад, эҳтимоли қонеъ кардани онҳо вуҷуд надорад.
"Маблағи умумӣ даҳҳо миллион рублро ташкил медиҳад, аммо мо дар ин маврид хушбин нестем, зеро ҳатто агар даъвоҳо қонеъ карда шаванд ҳам, барқарорсозии воқеӣ амалан ғайриимкон аст." - гуфт вакили дифоъ.
Қаблан, беш аз 2300 нафар дар парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ҳамлаи "Крокус" ҳамчун ҷабрдида эътироф шуда буданд.
Парванда дар Додгоҳи низомии ноҳияи 2-юми ғарбии Маскав баррасӣ мешавад. Парвандаи ҷиноӣ аз 470 ҷилд иборат аст. Тафтишоти парвандаи ҷиноӣ моҳи июни соли 2025 ба анҷом расид.
Ба гуфтаи муфаттишон, омодагӣ барои ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл чанд моҳ пеш аз рух додани он оғоз шуда буд. Баъзе аз гумонбарон аз хориҷа ба Русия омадаанд, ки дар он ҷо омӯзиши ибтидоӣ гирифта буданд.