https://sputnik.tj/20260110/khadamot-iktishofi-rusiya-tojikiston-krokus-1074427250.html
Хадамоти иктишофии Русия дар робита ба ҳамлаи "Крокус" бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад
Хадамоти иктишофии Русия дар робита ба ҳамлаи "Крокус" бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев гуфт, ки ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз робитаҳои террористон равона шудааст
2026-01-10T14:49+0500
2026-01-10T14:49+0500
2026-01-10T14:49+0500
крокус сити холл
дар тоҷикистон
русия
тафтишот
тафтишот идома дорад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062227780_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_b77dcc0464fb22f3365c76653b6c0a3a.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Хадамоти иктишофии Русия бо Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" дар алоқа ҳастанд.Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ин нуктаро дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт.Ӯ таъкид кард, ки ҳамкории байни кишварҳо барои халалдор кардани робитаҳои террористӣ равона шудааст.Ба гуфтаи ӯ, президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 22 декабр дар Санкт-Петербург ҳамкории наздик ва сатҳи баланди эътимодро байни ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо қайд кард.Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар толори консертии "Крокус Сити Холл" дар Красногорски вилояти Маскав 22 марти соли 2024 рух дод.Ҳамлагарон бо силоҳҳои автоматӣ ба сӯи сокинони бино оташ кушода, толорро оташ заданд. Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, дар паи ин ҳодисаи мудҳиш 149 нафар кушта, як нафар бедарак ва 609 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Зарари расида тақрибан 6 млрд рублро ташкил дод. Нуздаҳ нафар дар курсии айбдоршавандагон қарор доранд, ки 13 нафари онҳо мустақиман ба терроризм муттаҳам мешаванд, дар ҳоле ки боқимонда ба кумак ба фаъолияти террористӣ айбдор шудаанд.
https://sputnik.tj/20260104/gumonbaron-hamla-krokus-mavodi-mukhaddir-1074346220.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062227780_57:0:2788:2048_1920x0_80_0_0_d1ba613fb577419374cadf2ed99b1587.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамла, крокус, тафсилот
Хадамоти иктишофии Русия дар робита ба ҳамлаи "Крокус" бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад
Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев гуфт, ки ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз робитаҳои террористон равона шудааст
ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Хадамоти иктишофии Русия бо Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" дар алоқа ҳастанд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ин нуктаро дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт.
Ӯ таъкид кард, ки ҳамкории байни кишварҳо барои халалдор кардани робитаҳои террористӣ равона шудааст.
"Хадамоти иктишофии Русия бо ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Ин ҳамкорӣ барои муайян кардани ҳама гуна шароити ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл", инчунин муайян ва халалдор кардани робитаҳои эҳтимолии террористӣ равона шудааст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 22 декабр дар Санкт-Петербург ҳамкории наздик ва сатҳи баланди эътимодро байни ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо қайд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар толори консертии "Крокус Сити Холл" дар Красногорски вилояти Маскав 22 марти соли 2024 рух дод.
Ҳамлагарон бо силоҳҳои автоматӣ ба сӯи сокинони бино оташ кушода, толорро оташ заданд. Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, дар паи ин ҳодисаи мудҳиш 149 нафар кушта, як нафар бедарак ва 609 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Зарари расида тақрибан 6 млрд рублро ташкил дод. Нуздаҳ нафар дар курсии айбдоршавандагон қарор доранд, ки 13 нафари онҳо мустақиман ба терроризм муттаҳам мешаванд, дар ҳоле ки боқимонда ба кумак ба фаъолияти террористӣ айбдор шудаанд.