Додситони кулл ошӯбу безараргардонии 3 маҳбус дар боздоштгоҳи Хуҷандро тавзеҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2026
Обуна шудан
Додситони кулли Тоҷикистон задухӯрд миёни маҳкумшудагон ва кормандони Боздоштгоҳ ё СИЗО-и шаҳри Хуҷандро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар ин ҳодиса се маҳкумшуда кушта ва кормандони боздоштгоҳ захмӣ шудаанд.
Ҳодиса рӯзи 31 январ рӯзона аз ҷониби се маҳкумшада барои ҷиноятҳои террористию экстремистӣ, ки муҳлаташон аз 12 то 14 соли зиндон будааст, содир шудаст, иттилоъ дод Ҳабибулло Воҳидзода.
“Онҳо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ тартиботро чандин маротиба вайрон кардаанд ва бо қарори суд нисбаташон низоми маҳбасӣ муқаррар шудаасту барои интиқол додан, дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор доштанд”, - гуфт додситон.
Воҳидзода гуфт, ки дар ҳуҷраи гаштугузор ба кормандони муассиса ҳуҷум карда, ҷароҳатҳои гуногун расонда, як маҳкумшуда, ки дар он ҷо буд, ӯро низ латукӯб кардаанд.
Председатель Агентства по контролю за наркотиками Хабибулло Вохидзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2025
Ҷузъиёти нав аз ошӯби ахир дар зиндони Ваҳдат
Додситони кулл афзуд, ки онҳо ба талаби кормандони муассиса итоат накарда, ба ҷони кормандон хатари ҷиддӣ эҷод карданд ва дар чунин ҳолат безарар гардонда шуданд.
Вай илова кард, ки ягон маъмури муассиса кушта нашудааст, танҳо ҷароҳат бардоштаанд. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад, афзуд ӯ.
Дар ҳоли ҳозир Додситонии кул дар пайванд ба ин ҳодиса бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.
Лентаи хабарҳо
0