https://sputnik.tj/20260211/rahmon-varzishgaron-murabbiyon-mukofotpuli-1075194220.html
Раҳмон ба варзишгарон ва мураббиён аз фондаш беш аз 2 млн. сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кард
Раҳмон ба варзишгарон ва мураббиён аз фондаш беш аз 2 млн. сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо амр кард
2026-02-11T18:26+0500
2026-02-11T18:26+0500
2026-02-11T18:26+0500
дар тоҷикистон
варзишгарони тоҷик
варзишгар
навигариҳои варзиши тоҷикистон
мукофот
мукофотпулӣ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074531270_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_f0a15e0cdf03cc577ce1825d052ca347.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони тоҷикро барои дастовардҳояшон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, қадрдонӣ кард.Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон ба Вазортаи молия фармон додааст, ки ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳобеш аз 2 млн сомонӣ ҷудо кунад.Қайд карда шудааст, ки ҷоизаи Президенти Тоҷикистон танҳо ба ғолибон, ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва муррабиёни онҳо тақдим мегардад.Тибқи амри мазкур ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштини ҷудо, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, бокс, қаиқронӣ, таэквандо (ВТ), самбо ва кикбоксинг тақдим карда мешавад.Маблағи умумии ҷоизаҳо 2 миллиону 40 ҳазор сомониро ташкил дода, барои як варзишгар вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.Хадамоти матбуоти Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар заминаи қадршиносиҳои мазкур сол то сол натиҷаҳои варзишии варзишгарони кишварамон афзун гардида, ба хазинаи варзишии кишвар дар ин давра 510 медал, аз ин 140 тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ ворид гардидааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/45358
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074531270_193:0:2013:1365_1920x0_80_0_0_96313be2e155a3c8821836dfe7a801fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, варзишгарони тоҷик, варзишгар, навигариҳои варзиши тоҷикистон, мукофот, мукофотпулӣ, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, варзишгарони тоҷик, варзишгар, навигариҳои варзиши тоҷикистон, мукофот, мукофотпулӣ, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон ба варзишгарон ва мураббиён аз фондаш беш аз 2 млн. сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо амр кард
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони тоҷикро барои дастовардҳояшон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, қадрдонӣ кард.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон ба Вазортаи молия фармон додааст, ки ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳобеш аз 2 млн сомонӣ ҷудо кунад.
Қайд карда шудааст, ки ҷоизаи Президенти Тоҷикистон танҳо ба ғолибон, ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва муррабиёни онҳо тақдим мегардад.
Тибқи амри мазкур ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштини ҷудо, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, бокс, қаиқронӣ, таэквандо (ВТ), самбо ва кикбоксинг тақдим карда мешавад.
Маблағи умумии ҷоизаҳо 2 миллиону 40 ҳазор сомониро ташкил дода, барои як варзишгар вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Хадамоти матбуоти Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар заминаи қадршиносиҳои мазкур сол то сол натиҷаҳои варзишии варзишгарони кишварамон афзун гардида, ба хазинаи варзишии кишвар дар ин давра 510 медал, аз ин 140 тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ ворид гардидааст.