https://sputnik.tj/20260211/kumaki-bashardustona-tojikiston-mardumi-ghazza-1075174105.html
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Ғазза расид
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Ғазза расид
Sputnik Тоҷикистон
Шаш мошини боркаш аз тариқи гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи муштараки Миср ва Фаластин дохили Ғазза шуданд
2026-02-11T10:41+0500
2026-02-11T10:41+0500
2026-02-11T10:41+0500
дар тоҷикистон
фаластин
ғазза
кӯмаки башардӯстона
вазорати хориҷаи тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0a/1075173873_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_f414d8bcfe2b165abc879d87887d92c4.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Кумаки башардӯстонаи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми ниёзманди Ғаззаи Фаластин расонида шуд.Дар ин бора вазорати умури хароиҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Ҳамчунин вазорати умури хориҷа зикр кардааст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини сар задани низоъ дар Ғазза пайваста кӯмакҳои башардӯстонаю молиявиро ба мардуми ин минтақа мерасонад.Ёдовар мешавем, чанде пеш Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки ба мардуми Ғазза кӯмаки башардӯстона равон карда мешавад.Бояд қайд кард, ки пештар моҳи январи соли 2025, Тоҷикистон дар баробари якчанд кишвари дигар 200 тонна орди гандумро ҳамчун кумаки башардӯстона ба сокинони Ғазза фиристода буд.Ёдрас мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон барои ёрӣ ба аҳолии осебдидаи Ғазза суратҳисоби ягона кушода шуда буд.Ин суратҳисоб бо ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва КВД “Дипсервис”-и Тоҷикистон барои расонидани кумак ба мардуми осебдидаи Фаластин ба роҳ монда шуда буд.Суратҳисоб замимаи “Алиф.моби”-и бонки "Алиф" ҷойгир шуда, дар он то моҳи апери соли 2024 беш аз 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ шуда буд.
https://sputnik.tj/20260207/tojikiston-ghazza-kumak-bashardustona-1075077983.html
фаластин
ғазза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0a/1075173873_150:0:1050:675_1920x0_80_0_0_e382d07112731353f62dcfd96dfc7579.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фаластин, ғазза, кӯмаки башардӯстона, мардуми ғазза, вазорати хориҷа
тоҷикистон, фаластин, ғазза, кӯмаки башардӯстона, мардуми ғазза, вазорати хориҷа
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Ғазза расид
Шаш мошини боркаш аз тариқи гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи муштараки Миср ва Фаластин дохили Ғазза шуданд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Кумаки башардӯстонаи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми ниёзманди Ғаззаи Фаластин расонида шуд.
Дар ин бора вазорати умури хароиҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
“Корвони кумакҳои Тоҷикистон иборат аз маводи хӯрокӣ, либоси гарм, хайма ва плёнкаҳои обногузар дар 6 мошини калони боркаш аз тариқи гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи муштараки Миср ва Фаластин бо ҳузури сафири Тоҷикистон дар Миср ва намояндагони муассисаҳои хайрияи Тоҷикистон ба дохили Ғазза интиқол дода шуд”, - қайд кардааст вазорат.
Ҳамчунин вазорати умури хориҷа зикр кардааст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини сар задани низоъ дар Ғазза пайваста кӯмакҳои башардӯстонаю молиявиро ба мардуми ин минтақа мерасонад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки ба мардуми Ғазза кӯмаки башардӯстона равон карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки пештар моҳи январи соли 2025, Тоҷикистон дар баробари якчанд кишвари дигар 200 тонна орди гандумро ҳамчун кумаки башардӯстона ба сокинони Ғазза фиристода буд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон барои ёрӣ ба аҳолии осебдидаи Ғазза суратҳисоби ягона кушода шуда буд.
Ин суратҳисоб бо ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва КВД “Дипсервис”-и Тоҷикистон барои расонидани кумак ба мардуми осебдидаи Фаластин ба роҳ монда шуда буд.
Суратҳисоб замимаи “Алиф.моби”-и бонки "Алиф" ҷойгир шуда, дар он то моҳи апери соли 2024 беш аз 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ шуда буд.