Тоҷикистон ба Ғазза кумаки башардӯстона мефиристад

© REUTERS /StringerГрузовики с гуманитарной помощью и топливом выстроились в очередь на пограничном переходе в Рафахе, Египет, 29 января 2026 года.
Грузовики с гуманитарной помощью и топливом выстроились в очередь на пограничном переходе в Рафахе, Египет, 29 января 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон пештар ҳам ба мардуми озодкашидаи Ғазза 200 тонна орди гандумӣ фиристода буд
ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Тоҷикистон ба Ғазза кумаки башардӯстона мефиристад.
Дар ин бора, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти хабарӣ гузориш дод.
"Корвони башардӯстона ба макони таъинот тавассути қаламрави Миср дастрас хоҳад шуд", - , иттиоъ дод вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазир дар бораи таркиби кумак ва мушаххас кардани он чизе, ки дар бар мегирад, тафсилот надод.
Ӯ танҳо қайд кард, ки мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи Ғазза тағйир наёфтааст - кишвар аз ҳалли осоиштаи низоъ пуштибонӣ мекунад.
Ногуфта намонад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаи Фаластин таъкид кард.
Ӯ гуфт, сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо дар асоси татбиқи қатъномаҳои Созмони Милал ва формулаи "ду давлат" имконпазир аст.
Раҳмон ба зарурати ҳалли қазия танҳо тавассути музокирот ва роҳҳои дипломатӣ бо риояи ҳуқуқи байналмилалӣ, алалхусус муқаррароти Оинномаи СММ хотирнишон таъкид кард.
"Мо даъват мекунем, ки дар Ғазза оташбаси устувор барқарор ва дастрасии кумаки башардӯстона таъмин карда шавад", - гуфт ӯ.
Кишвардор афзуд, ки Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷонибдори таъмини сулҳу субот, амнияти комил ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистони ҳамсоя мебошад.
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2026
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Тоҷикистон азми кишварҳоро барои таҳкими ҳамкорӣ бо Афғонистон истиқбол мекунад
Пештар моҳи январи соли 2025, Тоҷикистон дар баробари якчанд кишвари дигар 200 тонна орди гандумро ҳамчун кумаки башардӯстона ба сокинони Ғазза фиристода буд.
Лентаи хабарҳо
0