https://sputnik.tj/20260211/chempionati-tojikiston-gushtingiri-video-1075195568.html
Дар Душанбе чемпионати Тоҷикистон дар риштаи гӯштингирӣ баргузор шуд: видео
Дар Душанбе чемпионати Тоҷикистон дар риштаи гӯштингирӣ баргузор шуд: видео
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои 10–11 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи гӯштингирӣ баргузор шуд
2026-02-11T18:47+0500
2026-02-11T18:47+0500
2026-02-11T18:48+0500
видео
гуштин
мусобиқа
душанбе
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0b/1075195359_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_20425a266721b897c52186c7c1b23670.jpg
Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи гӯштингирӣ дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардида, беҳтарин паҳлавонони кишварро аз минтақаҳои гуногун ба ҳам овард.Дар ҷараёни чемпионат паҳлавонон барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва роҳхат ба мусобиқаҳои байналмилалӣ рақобат карданд.Ғолибони мусобиқот ҳуқуқ пайдо карданд, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро арзанда муаррифӣ намоянд.Аввалин Қаҳрамонии куштии ҷаҳон дар Душанбе чӣ гуна гузаштҲамзамон, бо мақсади рушди гӯштингирӣ миёни наврасон ва кашфи истеъдодҳои ҷавон, рӯзҳои 12–13 феврал дар ҳамин маҷмааи варзишӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон баргузор мегардад.Ёдовар мешавем, ки инчунин рӯзҳои 7-8 феврал Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо ва Чемпионати Тоҷикистон оид ба кураш рӯзҳои 14-15 феврал дар Душанбе доир мешавад.Иштироки мунтахаби Русия дар аввалин Чемпионати ҷаҳони гуштингирӣ дар ТоҷикистонҲамчунин, аз 10 то 15 феврал дар пойтахт Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон (мардон), бахшида ба хотири Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Ҳалимов доир мегардад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0b/1075195359_212:0:1652:1080_1920x0_80_0_0_c018db23f0a0339358c8057dcfa296c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, гуштин, мусобиқа, душанбе, навигариҳои варзиши тоҷикистон, видео
видео, гуштин, мусобиқа, душанбе, навигариҳои варзиши тоҷикистон, видео
Дар Душанбе чемпионати Тоҷикистон дар риштаи гӯштингирӣ баргузор шуд: видео
18:47 11.02.2026 (Навсозишуда: 18:48 11.02.2026) Рӯзҳои 10–11 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи гӯштингирӣ баргузор шуд
Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи гӯштингирӣ дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардида, беҳтарин паҳлавонони кишварро аз минтақаҳои гуногун ба ҳам овард.
Дар ҷараёни чемпионат паҳлавонон барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва роҳхат ба мусобиқаҳои байналмилалӣ рақобат карданд.
Ғолибони мусобиқот ҳуқуқ пайдо карданд, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро арзанда муаррифӣ намоянд.
Ҳамзамон, бо мақсади рушди гӯштингирӣ миёни наврасон ва кашфи истеъдодҳои ҷавон, рӯзҳои 12–13 феврал дар ҳамин маҷмааи варзишӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки инчунин рӯзҳои 7-8 феврал Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо ва Чемпионати Тоҷикистон оид ба кураш рӯзҳои 14-15 феврал дар Душанбе доир мешавад.
Ҳамчунин, аз 10 то 15 феврал дар пойтахт Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон (мардон), бахшида ба хотири Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Ҳалимов доир мегардад.