Иштироки мунтахаби Русия дар аввалин Чемпионати ҷаҳони гуштингирӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik Международный турнир по вольной народной борьбе - гуштингири в Таджикистане
Международный турнир по вольной народной борьбе - гуштингири в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2024
Обуна шудан
Аввалин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштини миллии "Гӯштингирӣ"дар Душанбе рӯзҳои 30-31-уми август бо иштироки беш аз 200 варзишгар баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Мунтахаби Русия дар риштаи "Гӯштингирӣ" дар аввалин Чемпионати ҷаҳон дар Тоҷикистон иштирок менамояд.
Дар ин бора намояндаи Федератсияи гӯштингирии дар Русия хабар додааст.
“Мунтахаби Русия дар ҳайати 12, нафар дар нахустин Чемпионати ҷаҳон иштирок менамояд”, - хабар додааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллии "Гӯштингирӣ"дар Душанбе рӯзҳои 30-31-уми август бо иштироки беш аз 200 варзишгар баргузор мегардад.
Қайд карда шудааст, ки дар ин Чемпионат варзишкорони 60 давлат иштирок хоҳанд кард.
Спортсмен, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Баргузории аввалин қаҳрамонии кушод дар риштаи гуштингирӣ дар Русия
Русияро дар ин мусобиқа 8 варзишгари мард,ва 4 варзишгари зан намояндагӣ менамояд.
Фонди умумии ҷоизаҳо 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 9 вазн 20 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра 10 ҳазор доллар ва медали биринҷӣ панҷ ҳазор доллар ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.
Гӯштингирӣ яке аз қадимтарин намудҳои варзишии мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Ин варзиши бостонӣ дар солҳои баъд аз истиқлолият нуфузу эътибораш афзуд. Бахусус дар чанд соли ахир теъдоди мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0