https://sputnik.tj/20260211/amonatbonk-muomilot-bonkhoi-rusiya-rubl-1075168901.html
Амонатбонк муомилот бо бонкҳои Русияро пурра бо рубл анҷом медиҳад
Амонатбонк муомилот бо бонкҳои Русияро пурра бо рубл анҷом медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Амонтабонк эълон кард, ки бо бонкҳои Русия мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи байналмилалӣ ва миллӣ ҳамкорӣ дорад
2026-02-11T09:36+0500
2026-02-11T09:36+0500
2026-02-11T12:09+0500
дар тоҷикистон
амонатбонк
ҳамкорӣ
додугирифт
бонк
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0b/1075183215_17:882:2048:2025_1920x0_80_0_0_4a1604a753df726a848b2e5db4800840.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Пардохтҳо байни Амонатбонки Тоҷикистон ва бонкҳои Русия пурра бо рубл сурат мегирад.Дар ин бора муовини раиси Амонатбонк Фирдавс Ризвонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод."Пардохтҳои бонки мо бо бонкҳои Русия вобаста ба амалиётҳои муштариён, ки дар доираи фаъолияти иҷозатдодашудаи тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ анҷом дода мешаванд, пурра бо рубл мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи байналмилалӣ ва миллӣ анҷом дода мешаванд", - изҳор дошт вай.Оқои Ризвонзода қайд кард, ки Амонатбонк бо бонкҳои кишварҳои ИДМ, ҳамчунин муассисаҳои молиявии Чин, Туркия ва дигар кишварҳо ҳамкорӣ мекунад.Ғайр аз ин, Амонатбонк тавассути қарзҳои байналмилалӣ, бахусус тавассути тақвияти ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявии хориҷӣ, тиҷорат ва тоҷирони ватаниро фаъолона дастгирӣ мекунад.Тибқи иттилои бонк, бо истифода аз маблағҳои ҷалбшуда ба 56 ширкати ватанӣ қарзҳои умумӣ ба маблағи 50,5 млн. доллар ва 5,8 млн юан дода шудаанд.Маблағгузорӣ инчунин тавассути хатҳои қарзии Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон, ҶСК "Содироти Қазоқистон" ва Бонки рушди Чин амалӣ карда мешавад."Амонатбонк" яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон буда, дар саросари кишвар 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонӣ дорад ва ба зиёда аз 8500 ташкилот хизмат мерасонад. Қариб 2 миллион шаҳрванд аз кортҳои он истифода мебаранд. Бонк инчунин бо 19 бонки хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст ва зиёда аз 60 суратҳисоби муросилотӣ дорад.
https://sputnik.tj/20260206/tahrim-ia-bonk-tojikiston-nizom-moli-tasir-1075069149.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0b/1075183215_0:819:2048:2355_1920x0_80_0_0_cf28959fac9f37ad098871d06bbb3f93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амонатбонк, рубл, муомилот, пардохт, бонк, молия,
тоҷикистон, амонатбонк, рубл, муомилот, пардохт, бонк, молия,
Амонатбонк муомилот бо бонкҳои Русияро пурра бо рубл анҷом медиҳад
09:36 11.02.2026 (Навсозишуда: 12:09 11.02.2026) Роҳбарияти Амонтабонк эълон кард, ки бо бонкҳои Русия мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи байналмилалӣ ва миллӣ ҳамкорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Пардохтҳо байни Амонатбонки Тоҷикистон ва бонкҳои Русия пурра бо рубл сурат мегирад.
Дар ин бора муовини раиси Амонатбонк Фирдавс Ризвонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Пардохтҳои бонки мо бо бонкҳои Русия вобаста ба амалиётҳои муштариён, ки дар доираи фаъолияти иҷозатдодашудаи тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ анҷом дода мешаванд, пурра бо рубл мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи байналмилалӣ ва миллӣ анҷом дода мешаванд", - изҳор дошт вай.
Оқои Ризвонзода қайд кард, ки Амонатбонк бо бонкҳои кишварҳои ИДМ, ҳамчунин муассисаҳои молиявии Чин, Туркия ва дигар кишварҳо ҳамкорӣ мекунад.
Ғайр аз ин, Амонатбонк тавассути қарзҳои байналмилалӣ, бахусус тавассути тақвияти ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявии хориҷӣ, тиҷорат ва тоҷирони ватаниро фаъолона дастгирӣ мекунад.
Тибқи иттилои бонк, бо истифода аз маблағҳои ҷалбшуда ба 56 ширкати ватанӣ қарзҳои умумӣ ба маблағи 50,5 млн. доллар ва 5,8 млн юан дода шудаанд.
Маблағгузорӣ инчунин тавассути хатҳои қарзии Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон, ҶСК "Содироти Қазоқистон" ва Бонки рушди Чин амалӣ карда мешавад.
"Амонатбонк" яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон буда, дар саросари кишвар 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонӣ дорад ва ба зиёда аз 8500 ташкилот хизмат мерасонад. Қариб 2 миллион шаҳрванд аз кортҳои он истифода мебаранд. Бонк инчунин бо 19 бонки хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст ва зиёда аз 60 суратҳисоби муросилотӣ дорад.