Ба манфиати давлат: Ҷабборов Тошиев ва се муовинашро аз вазифа барканор кард

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкКамчыбек Ташиев
Камчыбек Ташиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қирғизистон қарораҳро шарҳ дод ва гуфт сабаби ба истеъфо фиристодани Қамчибек Тошиев пешгирӣ аз тафриқа дар ҷомеъа мебошад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Қамчибек Тошиев аз мақоми раиси Кумитаи амнияти давлатии Қирғизистон ва муовини сарвазир барканор карда шуд.
Фармонро президент Содир Ҷабборов имзо кардааст.
"Барои пешгирӣ аз тафриқа дар ҷомеа ва байни ниҳодҳои давлатӣ",- шарҳ дод раисҷумҳури Қирғизистон истеъфои Тошиевро аз мақоми раиси КДАМ.
"Ин қарор ба манфиати давлати мост”,- хабар дод Котиби матбуотии президент.
Ҳамчунин якҷо бо Тошиев, се муовинаш низ ба истеъфо фиристода шуданд.
Ба ҷойи Тошиев раисҷумҳури Қирғизистон Ҷумгалбек Шабданбеков, ки то ин лаҳза сардори хадамоти 9-ум ва муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон буд, таъин намудааст.
Номзадии Ҷумгалбек Шабданбеков 55 сола ба парлумон барои тасдиқ ирсол шудааст.
Заместитель главы кабмина — председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2025
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тошиев: Тоҷикистону Қирғизистон марзро одилона тақсим карданд
Ёдовар мешавем, ки Тошиев дар музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли баҳси марзӣ низ аз чеҳраҳои калидӣ буд.
Оқои Тошиев аз ҷониби кишвари ҳамсоя роҳбарии ҳайати музокиротро ба зимма дошт ва чанд маротиба ба Тоҷикистон сафар кардаву бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот карда буд.
Лентаи хабарҳо
0