https://sputnik.tj/20260209/usmonzoda-dargirihoi-okhir-marzi-tojikiston-afghoniston-1075131556.html
Усмонзода: Сабаби асосии даргириҳои охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро гуфт
Усмонзода: Сабаби асосии даргириҳои охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд мавқеи Тоҷикистон дар баробари ҳукумати имрӯзаи Афғонистон бетағйир мондааст
2026-02-09T14:39+0500
2026-02-09T14:39+0500
2026-02-09T14:39+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/09/1075131744_59:48:813:472_1920x0_80_0_0_3a61e6790120bc0e0c026cad2638f5e4.png
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон зимни нишати матбуотӣ гуфт, ки яке аз омилҳои аслии даргириҳои охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳҳое ҳастанд, ки таҳти назорпати ҳукумати феълии ин кишвар нестанд.Раҳбари МТС зимни нишатси матбуотӣ таъкид кард, ки мавқеи Тоҷикистон дар баробари ҳукумати имрӯзаи Афғонистон бетағйир мондааст ва мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои ду кишвар барои таъмини амният дар сарҳад сурат мегирад.Усмонзода ҳодисаҳои ахир дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро ташвишовар хонд.“Мақомоти имрӯзаи Афғонистон низ ин гуна ҷиноятҳоро маҳкум карданд” ва ҳамлаҳоро кори дасти “унсурҳое номиданд, ки мехоҳанд, муносибатҳои сулҳомез ва хуби байни кишварҳоро халалдор созанд”, - зикр кард Усмонзода.Ёдовар мешавем, ки даргириҳо дар марз дар чанд моҳи ахир соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ, ки чандин куштаву захмӣ аз ду тараф бар ҷой гузошт, нигарониҳоеро ба бор овардааст.Дар пайи ин даргириҳо мақомоти Тоҷиикстону Толибон* чанд бор мулоқот кардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамлагаронро террорист меномад, аммо ҳукумати феълии Афғонистон онҳоро қочоқбарони маводи мухъаддир меномад. Чанд рӯз пеш Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ стаҳи робитаҳо бо Афғонистонро шарҳ дода, гуфт, ки барои пешгирии низоъ дар сарҳад мақомоти қудратии ду кишвар ҳамкорӣ доранд.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20260130/dargiri-musallahona-margbor-qochoqbaron-afghon-tojikiston-1074897037.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/09/1075131744_108:0:795:515_1920x0_80_0_0_8eb371f988dbfbbc313cdac4fbf18c2a.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, ҳамкорӣ, равобит, марз, даргирӣ, ҳукумат,
тоҷикистон, афғонистон, ҳамкорӣ, равобит, марз, даргирӣ, ҳукумат,
Усмонзода: Сабаби асосии даргириҳои охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро гуфт
Раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд мавқеи Тоҷикистон дар баробари ҳукумати имрӯзаи Афғонистон бетағйир мондааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон зимни нишати матбуотӣ гуфт, ки яке аз омилҳои аслии даргириҳои охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳҳое ҳастанд, ки таҳти назорпати ҳукумати феълии ин кишвар нестанд.
“Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз дар Афғонистон дар баъзе минтақаҳо, нуқтаҳо, маҳалҳо гурӯҳҳое амал мекунанд, ки онҳо ба мақоми ваколатдори идоракунии марказӣ он қадар итоат намекунад”, - изҳор дошт ӯ.
Раҳбари МТС зимни нишатси матбуотӣ таъкид кард, ки мавқеи Тоҷикистон дар баробари ҳукумати имрӯзаи Афғонистон бетағйир мондааст ва мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои ду кишвар барои таъмини амният дар сарҳад сурат мегирад.
Усмонзода ҳодисаҳои ахир дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро ташвишовар хонд.
“Мақомоти имрӯзаи Афғонистон низ ин гуна ҷиноятҳоро маҳкум карданд” ва ҳамлаҳоро кори дасти “унсурҳое номиданд, ки мехоҳанд, муносибатҳои сулҳомез ва хуби байни кишварҳоро халалдор созанд”, - зикр кард Усмонзода.
Ёдовар мешавем, ки даргириҳо дар марз дар чанд моҳи ахир соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ, ки чандин куштаву захмӣ аз ду тараф бар ҷой гузошт, нигарониҳоеро ба бор овардааст.
Дар пайи ин даргириҳо мақомоти Тоҷиикстону Толибон* чанд бор мулоқот кардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамлагаронро террорист меномад, аммо ҳукумати феълии Афғонистон онҳоро қочоқбарони маводи мухъаддир меномад.
Чанд рӯз пеш Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ стаҳи робитаҳо бо Афғонистонро шарҳ дода, гуфт, ки барои пешгирии низоъ дар сарҳад мақомоти қудратии ду кишвар ҳамкорӣ доранд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.