Агентӣ аз дуздии барқ ва миллионҳо сомонӣ изофанависӣ ба номи муштариён гуфт

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкОтключение электроэнергии, архивное фото
Отключение электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2026
Обуна шудан
Соли гузашта алайҳи 406 корманди кормандони шабакаҳои барқ, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, дар асоси хулосаҳояш нисбат ба гунаҳкорон зиёда аз 130 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст
ДУШАНБЕ, 8 фев - Sputnik. Дар Тоҷикистон соли 2025 2713 ҳолати дуздии барқ ошкор гардида, ҳаҷми умумии энергияи барқи тасарруфгардида 174,2 млн кВт·соат-ро ташкил дода, ба давлат зиёда аз 235,6 млн сомонӣ зарар расонида шудааст.
Ба иттилои Агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон, нишондод дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли гузашта дар ҳаҷми 167 млн кВт·соат ба маблағи 229 млн. сомонӣ ё ҳаҷман 24 ва маблаған 34 маротиба зиёд мебошад.
Таъкид шудааст, ки дар асоси муоинаҳои техникӣ оид ба техникаи бехатарии дастгоҳҳои барқӣ нисбат ба 3787 нафар масъулини хоҷагии барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 1,8 млн сомонӣ тартиб дода шуданд, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли гузашта ба маблағи 521 ҳазор сомонӣ ва ё 41 % зиёд мебошад.
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2026
Қарздории аҳолӣ аз барқ дар вилояти Хатлон аз миллиард сомонӣ гузашт
Дар ин давра дар сохторҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, изофанависии энергияи барқ ба суратҳисоби муштариён дар ҳаҷми беш аз 321 млн кВт·соат ба маблағи 106 млн сомонӣ ошкор шудааст.
"Ҳолатҳои сӯистифода ва ҳисобкунии беасоси энергияи барқ дар пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 57 млн кВт·соат ба маблағи 9,3 млн сомонӣ ошкор гардид",- афзудааст Агентӣ.
Ин ниҳод афзудааст, ки соли гузашта алайҳи 406 корманди кормандони шабакаҳои барқ, "Барқи Тоҷик" ва ҶСК "Помир Энерҷӣ" парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, дар асоси хулосаҳояш нисбат ба гунаҳкорон зиёда аз 130 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 29 ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуши баамаломада, аз ҷониби Агентӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Аз ин шумора 21 ҳолати марговар, 8 ҳолати дигар бошад, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонии вазнин ба амал омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 чор ҳолат кам мебошад, мегӯяд ин ниҳод.
Лентаи хабарҳо
0