https://sputnik.tj/20260201/qarzdori-aholi-barq-khatlon-milliard-somon-1074913634.html
Қарздории аҳолӣ аз барқ дар вилояти Хатлон аз миллиард сомонӣ гузашт
Қарздории аҳолӣ аз барқ дар вилояти Хатлон аз миллиард сомонӣ гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Қарзи барқ миёни корхонаҳои саноатии минтақа ба 366,5 млн сомонӣ ё 28%-и маблағи умумӣ баробар аст
2026-02-01T10:29+0500
2026-02-01T10:29+0500
2026-02-01T10:29+0500
энергетика
хатлон
дар тоҷикистон
барқ
қарзҳо
қарздиҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102731/43/1027314307_0:0:3010:1693_1920x0_80_0_0_1cb1204decea20cf09721c4f2f5292dc.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Беш аз 30%-и қарзи барқ дар вилояти Хатлон ба аҳолӣ рост меояд.Дар ин бора, Додситонии вилоят хабар дода, қайд кард, ки то 1 декабри соли 2025 ин маблағ 1,1 млрд сомониро ташкил додааст.Тибқи иттилои додситонӣ, ин рақам дар муқоиса бо аввали соли 2025 45,4 ҳаз. сомонӣ коҳиш ёфтааст.Инчунин, дар бораи қарзи ташкилотҳо ва муассисаҳо маълумот пешниҳод карда шуд.Ҳамин тариқ, аз маблағи дар боло зикршуда, корхонаҳои саноатии минтақа 366,5 млн сомонӣ қарздоранд, ки 28%-и маблағи умумии қарзро ташкил медиҳад. Гузориш дода мешавад, ки қарзи ташкилотҳои бахши давлатӣ - 68,6 млн ё 5,8%-и қарзи умумии барқро дар вилояти Хатлон ташкил медиҳад.Қарздорӣ аз барқ миёни навоҳии вилоят чунин ранг дорад: Левакант 41,2 млн, Ҷайҳун 25,2 млн, Панҷ 26,3 млн, Дӯстӣ 26,1 млн, Хуросон 20,6 млн, Ёвон 152,4 млн, Восеъ 66,5 млн, Вахш 70,8 млн, А.Ҷомӣ 62,3, млн, Кӯшониён 57,6 млн, Данғара 36,5 млн, Ҷ.Балхӣ 40,1млн, М.С.А. Ҳамадонӣ 21,3 млн, Фархор 29,8 млн, Қубодиён 43,8 млн, Ховалинг 23,3 млн, Шаҳритус 28,4 млн, Норак 21,9 млн, Темурмалик 16,1 млн, Балҷувон 24,6 млн, Ш.Шоҳин 7,3 млн ва Муъминобод 13,8 млн. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки қарздорӣ ба ғайр аз якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мисли Кӯлоб, Фархор, Восеъ, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Муъминобод ва Ховалинг тамоюли поёнравӣ дошта, дар дигар шаҳру ноҳияҳо тамоюли болоравӣ дорад. Ҳамчунин нозир-барқчиёнӣ шаҳру навоҳии вилоят дар умум 925,3 ҳаз. сомонӣ маблағҳои ҳаққи истифодаи неруи барқро аз муштариён ҷамъовари ва аз они худ намудаанд.Дар ҳисобот ҳамчунин гуфта шудааст, ки сабаби дигари зиёд шудани қарздорӣ аз истифодаи барқ, ин барзиёд нишон додани миқдори истифодаи барқ аз ҷониби шахсони масъули шабакаҳои барқ гуфта мешавад.Барқи истифоданашударо ба зиммаи корхонаву муассисаҳо бор кардан мебошад, ки ин боиси зиёд гардидани маблағи қарздории барқ дар вилоят гардидааст. Тавре дар ҳисоботи прокуратура омадааст чунин ҳолат ягона набуда дар маҷмуъ дар вилоят 16 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки аз беэҳтиётии мақомоти дахлдор, дар ин минтақа то ҳол деҳаҳо ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин мавҷуданд, ки солҳо боз бе ҳисобкунакҳои барқӣ истифода мебаранд."Масалан, аз беэҳтиётии раиси Шабакаҳои барқии ноҳияи А. Ҷомӣ, 37 бинои истиқоматӣ дар деҳаи Пахтакор-2 дар ҷамоати Сайёд солҳо боз бе ҳисобкунакҳои барқӣ ҳастанд, ки дар натиҷа истифодаи ғайриқонунии 899,3 кВт/соат нерӯи барқ ба маблағи 276,5 млн сомонӣ ба амал омадааст", - хабар дод додситонӣ.Дар ин робита, чор парвандаи ҷиноӣ барои дуздии нерӯи барқ оғоз шудааст, ки дутои онҳо нисбати кормандони Шабакаҳои барқӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20260130/mardum-barq-mekharem-limit-1074899530.html
https://sputnik.tj/20260130/kor-sokhtmon-inshoot-roghun-anjom-1074882571.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102731/43/1027314307_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_98c1103f3b9881104ce5e216722c8e8e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарздорӣ, хатлон
Қарздории аҳолӣ аз барқ дар вилояти Хатлон аз миллиард сомонӣ гузашт
Қарзи барқ миёни корхонаҳои саноатии минтақа ба 366,5 млн сомонӣ ё 28%-и маблағи умумӣ баробар аст
ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Беш аз 30%-и қарзи барқ дар вилояти Хатлон ба аҳолӣ рост меояд.
Дар ин бора, Додситонии вилоят хабар дода, қайд кард, ки то 1 декабри соли 2025 ин маблағ 1,1 млрд сомониро ташкил додааст.
Тибқи иттилои додситонӣ, ин рақам дар муқоиса бо аввали соли 2025 45,4 ҳаз. сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Инчунин, дар бораи қарзи ташкилотҳо ва муассисаҳо маълумот пешниҳод карда шуд.
Ҳамин тариқ, аз маблағи дар боло зикршуда, корхонаҳои саноатии минтақа 366,5 млн сомонӣ қарздоранд, ки 28%-и маблағи умумии қарзро ташкил медиҳад. Гузориш дода мешавад, ки қарзи ташкилотҳои бахши давлатӣ - 68,6 млн ё 5,8%-и қарзи умумии барқро дар вилояти Хатлон ташкил медиҳад.
"Бузургтарин барқ ба навоҳии Бохтар - 172,7 млн сомонӣ ва Кӯлоб - 152,8 млн сомонӣ рост меояд", - омадааст дар хабарнома.
Қарздорӣ аз барқ миёни навоҳии вилоят чунин ранг дорад: Левакант 41,2 млн, Ҷайҳун 25,2 млн, Панҷ 26,3 млн, Дӯстӣ 26,1 млн, Хуросон 20,6 млн, Ёвон 152,4 млн, Восеъ 66,5 млн, Вахш 70,8 млн, А.Ҷомӣ 62,3, млн, Кӯшониён 57,6 млн, Данғара 36,5 млн, Ҷ.Балхӣ 40,1млн, М.С.А. Ҳамадонӣ 21,3 млн, Фархор 29,8 млн, Қубодиён 43,8 млн, Ховалинг 23,3 млн, Шаҳритус 28,4 млн, Норак 21,9 млн, Темурмалик 16,1 млн, Балҷувон 24,6 млн, Ш.Шоҳин 7,3 млн ва Муъминобод 13,8 млн.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки қарздорӣ ба ғайр аз якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мисли Кӯлоб, Фархор, Восеъ, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Муъминобод ва Ховалинг тамоюли поёнравӣ дошта, дар дигар шаҳру ноҳияҳо тамоюли болоравӣ дорад.
Ҳамчунин нозир-барқчиёнӣ шаҳру навоҳии вилоят дар умум 925,3 ҳаз. сомонӣ маблағҳои ҳаққи истифодаи неруи барқро аз муштариён ҷамъовари ва аз они худ намудаанд.
Дар ҳисобот ҳамчунин гуфта шудааст, ки сабаби дигари зиёд шудани қарздорӣ аз истифодаи барқ, ин барзиёд нишон додани миқдори истифодаи барқ аз ҷониби шахсони масъули шабакаҳои барқ гуфта мешавад.
Барқи истифоданашударо ба зиммаи корхонаву муассисаҳо бор кардан мебошад, ки ин боиси зиёд гардидани маблағи қарздории барқ дар вилоят гардидааст.
“Санҷиши гузаронидаи дастгоҳи прокуратураи вилоят дар ноҳияи Дӯстӣ нишон дод, ки масъулини шабакаҳои барқи ноҳия дар зиммаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо роҳи таҳрифкори 11.368.032 кВт қувваи барқи истифоданашударо ба маблағи 1,3 млн сомонӣ ғайриқонунӣ нишон дода, ба манфиати идораҳои зикргардида ва давлат зарар расонидаанд”, - таъкид шудааст чун намуна.
Тавре дар ҳисоботи прокуратура омадааст чунин ҳолат ягона набуда дар маҷмуъ дар вилоят 16 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳамчунин хабар дода шуд, ки аз беэҳтиётии мақомоти дахлдор, дар ин минтақа то ҳол деҳаҳо ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин мавҷуданд, ки солҳо боз бе ҳисобкунакҳои барқӣ истифода мебаранд.
"Масалан, аз беэҳтиётии раиси Шабакаҳои барқии ноҳияи А. Ҷомӣ, 37 бинои истиқоматӣ дар деҳаи Пахтакор-2 дар ҷамоати Сайёд солҳо боз бе ҳисобкунакҳои барқӣ ҳастанд, ки дар натиҷа истифодаи ғайриқонунии 899,3 кВт/соат нерӯи барқ ба маблағи 276,5 млн сомонӣ ба амал омадааст", - хабар дод додситонӣ.
Дар ин робита, чор парвандаи ҷиноӣ барои дуздии нерӯи барқ оғоз шудааст, ки дутои онҳо нисбати кормандони Шабакаҳои барқӣ мебошанд.