https://sputnik.tj/20260207/tojikiston-hamla-terroristi-masjid-islomobod-mahkum-1075094079.html
Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Исломободро шадидан маҳкум кард
Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Исломободро шадидан маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ба унвони президент ва сарвазири Покистон номаи таслият равон кард
2026-02-07T12:24+0500
2026-02-07T12:24+0500
2026-02-09T11:29+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
исломобод
покистон
муҳаммад навоз шариф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/16/1074033232_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_b08639b4b3c7a3ec728f5ef5257ba40f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Раисиҷумҳуи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба раҳбарияти Покистон изҳори таслият кард.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент хабар додааст.Номаи таслияти президенти Тоҷикистон дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори амали террористии интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Исломобод равон шудааст.Ин амали террористӣ боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид.Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президент ва сарвазири ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф ирсол шудааст.Президенти Тоҷикистон аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.Ёдрас мешавем, ки дирӯз дар масҷиде дар ноҳияи Тарлайи Исломобод ҳангоми намози ҷумъа таркиш рух дод. Сабаби таркиш то кунун маълум нест.Dawn бо истинод ба як мақоми ҳукумати маҳаллӣ хабар дод, ки дар натиҷаи ин таркиш 31 нафар кушта ва ҳадди ақал 169 нафар маҷрӯҳ шудаанд.Ишфақ, посбони масҷид, ба РИА Новости гуфтааст, ки се ҳамлагар пеш аз таркиш ба масҷиди Имом Баргаҳ дар Исломобод ворид шуда, як посбони маҳаллиро захмӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20251230/jahon-noorom-7-nizo-musallahona-sol-2025-1074267073.html
исломобод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/16/1074033232_34:0:2765:2048_1920x0_80_0_0_b2aa4c9c77f04b9e47907e00559736ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нома, таслият, раҳмон
Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Исломободро шадидан маҳкум кард
12:24 07.02.2026 (Навсозишуда: 11:29 09.02.2026) Президенти Тоҷикистон ба унвони президент ва сарвазири Покистон номаи таслият равон кард
ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Раисиҷумҳуи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба раҳбарияти Покистон изҳори таслият кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент хабар додааст.
Номаи таслияти президенти Тоҷикистон дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори амали террористии интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Исломобод равон шудааст.
Ин амали террористӣ боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид.
Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президент ва сарвазири ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф ирсол шудааст.
"Тоҷикистон ин амали террористии золимона ва чун ҳамеша ҳама гуна зуҳуроти терроризмро шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид менамояд”, - омадааст дар барқия.
Президенти Тоҷикистон аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз дар масҷиде дар ноҳияи Тарлайи Исломобод ҳангоми намози ҷумъа таркиш рух дод. Сабаби таркиш то кунун маълум нест.
Dawn бо истинод ба як мақоми ҳукумати маҳаллӣ хабар дод, ки дар натиҷаи ин таркиш 31 нафар кушта ва ҳадди ақал 169 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ишфақ, посбони масҷид, ба РИА Новости гуфтааст, ки се ҳамлагар пеш аз таркиш ба масҷиди Имом Баргаҳ дар Исломобод ворид шуда, як посбони маҳаллиро захмӣ кардаанд.