https://sputnik.tj/20250503/dushanbe-jashnvora-baynalmilal-teatr-kasbi-navruz-iftitoh-1067214590.html
Дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ "Наврӯз" ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ "Наврӯз" ифтитоҳ гардид
Sputnik Тоҷикистон
Дар фестивал ҳайатҳои театрии давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон ва Эрон иштирок менамоянд. 03.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-03T18:42+0500
2025-05-03T18:42+0500
2025-05-03T18:42+0500
видео
душанбе
ҷашнвора
театр
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/05/1067229716_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_6633a48c75697c7d886623eef3138236.jpg.webp
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ "Наврӯз" ифитоҳ гардид.Ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар маросими ифтитоҳи ҷашнвора операи "Рӯдакӣ" - и Шарофиддин Сайфиддинов ба намоиш гузошта мешавад.Манбаъ афзуд, Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ "Наврӯз" бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ доир мешавад.Дар фестивал ҳайатҳои театрии давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон ва Эрон иштирок менамоянд. Устодони балети Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кардГуфта мешавад, ҳунармандон намоишҳоро дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури ҳаводорон мегардонанд. Маросими анҷоми фестивали байналмилалӣ 6 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/05/1067229716_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_525e84ace44b27786610cb4e3e0fb511.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, душанбе, ҷашнвора, театр, фарҳанг, видео
видео, душанбе, ҷашнвора, театр, фарҳанг, видео
Дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ "Наврӯз" ифтитоҳ гардид
Дар фестивал ҳайатҳои театрии давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон ва Эрон иштирок менамоянд.
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ "Наврӯз" ифитоҳ гардид.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар маросими ифтитоҳи ҷашнвора операи "Рӯдакӣ" - и Шарофиддин Сайфиддинов ба намоиш гузошта мешавад.
Манбаъ афзуд, Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ "Наврӯз" бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ доир мешавад.
Дар фестивал ҳайатҳои театрии давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон ва Эрон иштирок менамоянд.
Гуфта мешавад, ҳунармандон намоишҳоро дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури ҳаводорон мегардонанд.
Маросими анҷоми фестивали байналмилалӣ 6 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.