Теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар Русия маълум шуд

© SputnikДень открытых дверей в РТСУ
День открытых дверей в РТСУ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2026
Обуна шудан
Дар соли таҳсили 2025-2026 беш аз 6,6 ҳаз. довталаб аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил шуданд, ки аз ин шумора беш аз 6 ҳаз. нафар дар Русия таҳсил мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Соли гузашта беш аз 6 ҳаз. довталаб аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия қабул шуданд.
Дар ин бора, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотӣ гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли таҳсили 2025-2026 беш аз 6,6 ҳаз. довталаб аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои хориҷӣ қабул шудаанд.
"Беш аз 6 ҳаз. нафар ба донишгоҳҳои Русия қабул шудаанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, шаҳрвандони Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия, аз ҷумла тавассути квотаҳои ҳукуматӣ ё мустақиман дар асоси умумӣ, ба ҷойҳои аз буҷаи давлатӣ маблағгузоришуда, қабул шудаанд.
Таҳсил дар Русия барои Тоҷикистон маъмул аст. Барои донишомӯзони тоҷик1000 квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ҷудо карда шудааст, ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад.
Дар маҷмӯъ, беш аз 31 ҳаз. донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд.
Обучение мигрантов русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.02.2024
Русия маблағгузорӣ барои таблиғи забони русӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳонро афзоиш медиҳад
Ҳамчунин дар Тоҷикистон Донишгоҳи Славянии Русия-Тоҷикистон, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии илм ва технология MISIS ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии MPEI низ, фаъолият мекунанд.
Ғайр аз ин, як қатор мактабҳо дар Тоҷикистон таълимро пурра бо забони русӣ пешниҳод мекунанд. Русия инчунин сохтмони панҷ мактабро дар ҷумҳурӣ, ки соли 2022 кушода шуданд, маблағгузорӣ кардааст. Таҳсил дар ин мактабҳо ба забони русӣ ва аз рӯи стандартҳои Русия ба роҳ монда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0