https://sputnik.tj/20260204/intiqoli-puli-muhojiron-ba-tojikiston-afzoish-yoftaast-1074992182.html
Интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ, аз январ то сентябри соли 2025 ба таври назаррас, бо ифодаи доллар 50% афзоиш ёфтааст
2026-02-04T09:36+0500
2026-02-04T09:36+0500
2026-02-04T09:36+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
интиқоли пул
интиқоли пулӣ
дар ҷаҳон
баор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/03/1074988015_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_d01bd35b1ab0b6d6d9eeec6ebf516ad8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев – Sputnik. Интиқоли пул дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.Дар ин бора Бонки АвруОсиёии Рушд хабар додааст.Тибқи гузориш, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар нӯҳ моҳи аввали соли 2025 бо доллар 50% афзоиш ёфтааст.Таҳлилгарони бонк инчунин таъкид карданд, ки рушди умумии иқтисодии 8,4%-ӣ дар Тоҷикистон дар соли 2025 аз ҳисоби бахшҳои гуногуни саноатӣ, сурат гирифтааст.Бахшҳое, ки афзоиши бештар доштанд: канданиҳои фоиданок 36,2%, истеҳсолот (10,5%) ва энергетика (13%) мебошанд.Тибқи гузоришҳо, интиқоли пул ҷузъи муҳими иқтисоди кишвар аст. Чунин муомилот ба дастгирии талаботи дохилӣ мусоидат мекунанд: оилаҳои муҳоҷир маблағҳои гирифтаашонро барои харидани мол ва пардохти хизматрасонӣ истифода мебаранд.Ғайр аз ин, интиқоли пули муҳоҷирон касри тиҷорати хориҷиро мепӯшонад. Асъори хориҷие, ки онҳо ба хона мефиристанд, барои харидани молҳои зарурии воридотӣ истифода мешавад.Ғайр аз ин, чунин интиқолҳо даромадҳои андозро барои буҷаи Тоҷикистон ба вуҷуд меоранд.
https://sputnik.tj/20260127/tojikiston-sahmi-muhojiron-inshoot-sokhta-1074829926.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/03/1074988015_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_fcfaf61995c2c91091986e68842c88ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интиқол, пул, тоҷикистон, афзоиш
интиқол, пул, тоҷикистон, афзоиш
Интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ, аз январ то сентябри соли 2025 ба таври назаррас, бо ифодаи доллар 50% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 4 фев – Sputnik. Интиқоли пул дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Бонки АвруОсиёии Рушд хабар додааст.
Тибқи гузориш, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар нӯҳ моҳи аввали соли 2025 бо доллар 50% афзоиш ёфтааст.
Таҳлилгарони бонк инчунин таъкид карданд, ки рушди умумии иқтисодии 8,4%-ӣ дар Тоҷикистон дар соли 2025 аз ҳисоби бахшҳои гуногуни саноатӣ, сурат гирифтааст.
Бахшҳое, ки афзоиши бештар доштанд: канданиҳои фоиданок 36,2%, истеҳсолот (10,5%) ва энергетика (13%) мебошанд.
Тибқи гузоришҳо, интиқоли пул ҷузъи муҳими иқтисоди кишвар аст. Чунин муомилот ба дастгирии талаботи дохилӣ мусоидат мекунанд: оилаҳои муҳоҷир маблағҳои гирифтаашонро барои харидани мол ва пардохти хизматрасонӣ истифода мебаранд.
Ғайр аз ин, интиқоли пули муҳоҷирон касри тиҷорати хориҷиро мепӯшонад. Асъори хориҷие, ки онҳо ба хона мефиристанд, барои харидани молҳои зарурии воридотӣ истифода мешавад.
Ғайр аз ин, чунин интиқолҳо даромадҳои андозро барои буҷаи Тоҷикистон ба вуҷуд меоранд.