Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Трамп: Масъалаи ҳалли низоъ дар Украина хеле хуб пеш меравад

© REUTERS /Evelyn HocksteinПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2026
Обуна шудан
Трамп эътироф кард, ки пешрафт дар ҳалли низоъ дар Украина хеле хуб пеш меравад
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп эътироф кард, ки пешрафт дар ҳалли низоъ дар Украина хеле хуб аст.
"Мо бо Украина ва Русия хеле хуб кор карда истодаем. Ман инро бори аввал мегӯям", - гуфт ӯ дар Кохи Сафед ба хабарнигорон.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январ аввалин ҷаласаи гурӯҳи кории сеҷониба оид ба масъалаҳои амниятӣ дар Абу-Дабӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Маскав, Киев ва Вашингтон иштирок карданд.
Ҳайати Русияро адмирал Игор Костюков, сардори сарраёсати ситоди Генералӣ, роҳбарӣ мекард. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳалношудаи нақшаи сулҳи ИМА-ро дар паси дарҳои баста баррасӣ карданд.
Флаг ЕС у здания представительства Европейского союза в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ғарб дар бораи ҷубронпулии Маскав ба Киев гуфт
Ҷаласаи нав рӯзи 1 феврал ба нақша гирифта шудааст. Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ташаббуси ИМА дар аввал интиқоли тамоми Донбасс ба ихтиёри Маскав, эътироф кардани он ва Қрим ҳамчун қаламравҳои Русия, яхбандии аксари хати тамос дар минтақаҳои Запорожйе ва Херсон, ду маротиба кам кардани шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ ва силоҳҳои дурпарвоз дар Украинаро дар бар мегирифт.
Пеш аз музокирот дар Абу-Дабӣ мулоқоти Владимир Путин ва ҳайати Амрико таҳти роҳбарии фиристодаи махсуси Доналд Трамп, Стивен Уиткофф баргузор шуд.
Тавре ёвари президент Юрий Ушаков қайд кард, амрикоиҳо эътироф карданд, ки бидуни ҳалли масъалаи қаламравӣ мувофиқи формулаи мувофиқашуда дар Анкориҷ, умеди ҳалли дарозмуддат вуҷуд надорад. Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бояд аз Донбасс берун раванд, ки шарти муҳим Маскав аст.
Лентаи хабарҳо
0