https://sputnik.tj/20260203/tajdid-purra-nerugoh-norak-miqdor-mablagh-1074989827.html
Маълум шуд, барои таҷдиди пурраи нерӯгоҳи "Норак" чӣ миқдор маблағ лозим аст
Маълум шуд, барои таҷдиди пурраи нерӯгоҳи "Норак" чӣ миқдор маблағ лозим аст
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Барқи тоҷик" зимни нишасти хабарӣ гуфт, барои таҷдиди пурраи нерӯгоҳи "Норак" чӣ миқдор пул лозим аст
2026-02-03T16:12+0500
2026-02-03T16:12+0500
2026-02-03T16:12+0500
вазорати энергетика ва захираҳои об
дар тоҷикистон
нерӯгоҳ
таҷдид
навсозӣ
норак
нбо-и норак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1e/1064129637_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_7d071cd7f148242224fde989e2c2ac12.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Барои таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи "Норак" тақрибан 190 млн доллари дигар зарур мебошад.Дар ин бора, намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" зимни нишасти хабарӣ гузориш доданд.Гуфта шуд, ки баъди пурра ба анҷом расондани навсозӣ иқтидори нерӯгоҳ аз тавоноии лоиҳавӣ 375 МВт ва аз иқтидори аслӣ 710 МВт ё беш аз 26,6% афзоиш хоҳад ёфт.Бояд гуфт, агрегати навсозишудаи 4-уми нерӯгоҳи "Норак"-ро моҳи августи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дод.Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, бо ин ба иқтидори лоиҳавии он 40 МВт илова шуд.Корҳои таҷдиду навсозии нерӯгоҳи обии "Норак" соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми он беш аз 35 млн евро равона шуда буд. Иқтидори тавлиди гидроагрегати чорум баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба зиёда аз 8,2 млн кВт дар соат расонда шуд.Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон нақша дорад, дар рӯдхонаи Вахш 7 нерӯгоҳи дигар бисозад, то хатари лойқа ба “Роғун”-у “Норак”-ро кам кунад.Дар ин бора Санъат Раҳимов, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории Тоҷикистон гуфт.“Ин ба мо имкон медиҳад, ки хатари обгардҳоро ба ҳадди ақал бирасонем ва бахусус, нерӯгоҳҳои “Роғун” – и “Норак” -ро комилан амн кунем”, - гуфт ӯ.То ҳол рӯи рудхонаи Вахш чандин нерӯгоҳ сохта шудаанд, ки бузургтарини онҳо - “Роғун” дар ҳоли эъмор аст.
https://sputnik.tj/20260130/kor-sokhtmon-inshoot-roghun-anjom-1074882571.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1e/1064129637_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_58d5b23d76af7c284d445ed3f08d14af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҷдид, "норак", 190 млн доллар,
таҷдид, "норак", 190 млн доллар,
Маълум шуд, барои таҷдиди пурраи нерӯгоҳи "Норак" чӣ миқдор маблағ лозим аст
Ширкати "Барқи тоҷик" зимни нишасти хабарӣ гуфт, барои таҷдиди пурраи нерӯгоҳи "Норак" чӣ миқдор пул лозим аст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Барои таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи "Норак" тақрибан 190 млн доллари дигар зарур мебошад.
Дар ин бора, намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" зимни нишасти хабарӣ гузориш доданд.
Гуфта шуд, ки баъди пурра ба анҷом расондани навсозӣ иқтидори нерӯгоҳ аз тавоноии лоиҳавӣ 375 МВт ва аз иқтидори аслӣ 710 МВт ё беш аз 26,6% афзоиш хоҳад ёфт.
Бояд гуфт, агрегати навсозишудаи 4-уми нерӯгоҳи "Норак"-ро моҳи августи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дод.
Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, бо ин ба иқтидори лоиҳавии он 40 МВт илова шуд.
Корҳои таҷдиду навсозии нерӯгоҳи обии "Норак" соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми он беш аз 35 млн евро равона шуда буд. Иқтидори тавлиди гидроагрегати чорум баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба зиёда аз 8,2 млн кВт дар соат расонда шуд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон нақша дорад, дар рӯдхонаи Вахш 7 нерӯгоҳи дигар бисозад, то хатари лойқа ба “Роғун”-у “Норак”-ро кам кунад.
Дар ин бора Санъат Раҳимов, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории Тоҷикистон гуфт.
“Ин ба мо имкон медиҳад, ки хатари обгардҳоро ба ҳадди ақал бирасонем ва бахусус, нерӯгоҳҳои “Роғун” – и “Норак” -ро комилан амн кунем”, - гуфт ӯ.
То ҳол рӯи рудхонаи Вахш чандин нерӯгоҳ сохта шудаанд, ки бузургтарини онҳо - “Роғун” дар ҳоли эъмор аст.