Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Рютте: Нерӯҳои НАТО пас аз имзои созишномаи сулҳ дар Украина ҷойгир мешаванд

© REUTERS /Andrii NesterenkoГенеральный секретарь НАТО Марк Рютте выступает перед украинскими парламентариями в Киеве 3 февраля 2026 года.
Генеральный секретарь НАТО Марк Рютте выступает перед украинскими парламентариями в Киеве 3 февраля 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2026
Обуна шудан
Дабири кулли НАТО ахаиран дар парлумони Украина гуфт, кишварҳои узви НАТО фавран пас аз созишномаи сулҳ нерӯҳои худро ба ин кишвар интиқол медиҳанд
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Дабири кулли НАТО Марк Рютте гуфт, ки нерӯҳои хориҷӣ фавран пас аз бастани созишномаи сулҳ дар Украина ҷойгир карда машаванд.
"Баробари бастани созишномаи сулҳ, нерӯҳои заминӣ, ҳавопаймоҳо дар ҳаво ва пуштибонӣ дар баҳр фавран аз сӯи кишварҳои НАТО, ки розигии худро медиҳанд, ҷойгир карда мешаванд", - гуфт Рютте дар суханронии худ дар Верховна Рада.
Дар аввали моҳи январ дар Порис ҷаласаи сатҳи баланди "эътилофи хоҳишмандон" баргузор шуд, ки дар он, дар баробари дигар масъалаҳо, масъалаи кафолатҳои амниятӣ барои Киев баррасӣ шуданд. Пас аз ин, роҳбарони эътилофи хоҳишмандон эъломия дар бораи нияти ҷойгир кардани нерӯҳо дар қаламрави Украинаро дар сурати ба даст овардани созишномаи сулҳ, имзо карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия борҳо таъкид кардааст, ки ҳама гуна ҷойгиркунии нерӯҳои кишварҳои узви НАТО дар Украина қобили қабул анест ва хатари шиддат гирифтани вазъро дорад. Маскав талош дорад, ки барои ҳалли осоишта, аз ҷумла бо иштироки Иёлоти Муттаҳида, миёнҷигарӣ кунад, дар ҳоле ки омодагии режими Киев барои гуфтушунид зери суол боқӣ мемонад.
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Трамп: Масъалаи ҳалли низоъ дар Украина хеле хуб пеш меравад

Музокирот оид ба Украина

Рӯзҳои ҷумъа ва шанбе аввалин ҷаласаи гурӯҳи кории сеҷониба оид ба масъалаҳои амниятӣ дар Абу-Дабӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Маскав, Киев ва Вашингтон иштирок карданд.
Ҳайати Русияро адмирал Игор Костюков, сардори сарраёсати ситоди Генералӣ, роҳбарӣ мекард.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳалношудаи нақшаи сулҳи ИМА-ро дар паси дарҳои баста баррасӣ карданд. Ҷаласаи нав рӯзи 1 феврал ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ташаббуси ИМА дар аввал интиқоли тамоми Донбасс ба ихтиёри Маскав, эътироф кардани он ва Қрим ҳамчун қаламравҳои Русия, яхбандии аксари хати тамос дар минтақаҳои Запорожйе ва Херсон, ду маротиба кам кардани шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ ва силоҳҳои дурпарвоз дар Украинаро дар бар мегирифт.
Флаг ЕС у здания представительства Европейского союза в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ғарб дар бораи ҷубронпулии Маскав ба Киев гуфт
Пеш аз музокирот дар Абу-Дабӣ мулоқоти Владимир Путин ва ҳайати Амрико таҳти роҳбарии фиристодаи махсуси Доналд Трамп, Стивен Уиткофф баргузор шуд.
Тавре ёвари президент Юрий Ушаков қайд кард, амрикоиҳо эътироф карданд, ки бидуни ҳалли масъалаи қаламравӣ мувофиқи формулаи мувофиқашуда дар Анкориҷ, умеди ҳалли дарозмуддат вуҷуд надорад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бояд аз Донбасс берун раванд, ки шарти муҳим Маскав аст.
Лентаи хабарҳо
0