https://sputnik.tj/20260202/rahbariyat-jon-salomat-barf-tarma-shohroh-dushanbe-chanoq-1074954451.html
“Раҳбарият ҷон ба саломат бурд”: барфу тармафароиҳои ахир дар шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ”
“Раҳбарият ҷон ба саломат бурд”: барфу тармафароиҳои ахир дар шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ”
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарияти ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) аз резиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷон ба саломат бурдааст
2026-02-02T11:35+0500
2026-02-02T11:35+0500
2026-02-02T11:35+0500
дар тоҷикистон
роҳ
душанбе
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/1a/1066367353_0:257:964:799_1920x0_80_0_0_c95b512a32a1e2e8433c910416179be9.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев - Sputnik. Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рӯзҳои бориши барф ва тармафароиҳои бесобиқа буд. Дар маркази матбуоти филиали ширкати саҳомии IRS ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса дар километри 70-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, наздикии нақби Анзоб рух дод. “Вақте Нодирҷон Сафаров, директор ва дигар масъулони ширкат ба маҳалли тармафароӣ расиданд, як тармаи дигар поён омад, ки хушбахтона, раҳбарияти ширкат тавонистанд худро ба ҷои амнтар бигиранд. Дар натиҷа ҳамаи онҳо дар муҳосираи тарма аз ду тараф монданд ва то лаҳзаи охири тоза кардани роҳ аз барф дар маҳал ҳузур доштанд”, - гуфт манбаъ.Нодирҷон Сафаров, мутахассиси роҳсозӣ, аз соли 2020 ба ин сӯ ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз”-ро раҳбарӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи маркази матбуоти IRS, бориши барф ва тармафароиҳои ахир дар қисматҳои баландкуҳи шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бесобиқа буда, баландии барфи маъмулӣ 75 сантимерро ташкил дод. Бино ба иттилои ширкат, тармафароӣ асосан дар манотиқи Варзоб ва як қисми Айнӣ ба амал омада, тармаҳои нисбатан бузург аз километри 48 то 73 (нақби Истиқлол, собиқ Анзоб) поён омаданд, ки баландтарин онҳо то 10 ва тӯлонитаринашон 340 метрро ташкил мекарданд. Дар умум, тайи соли равон 73 тарма аз куҳҳо пойин омадааст. Дар маҷмуъ пойгоҳи техникии IRS аз 242 техникаву механизм иборат буда, барои мавсими тирамоҳу зимистон зиёда аз 1 миллион литр сӯзишворӣ ва қариб 20 ҳазор тон маводи зиддилағзиш захира шудааст. Дар ҳамин ҳол, ба қавли маркази матбуоти IRS, истифодаи тамоми техникаи тозакунии барф имкон надорад. “Дар ҳудуди танги роҳ фақат 5 то 6 техника метавонанд дар як маҳал кор кунанд. Дар умум, ширкат барои иҷрои вазифаҳои худ дар нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ тавони пурраро дорад. Ҳамзамон ба минтақаҳои бехавф интиқол додани мошинҳои дармонда ва тақсими хӯрока миёни мусофирону ронандагон низ мадди назар буд”, - афзуд манбаъ. Маркази матбуоти IRS афзуд, рӯзҳои ахир бо кӯмаки кормандони IRS ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиа гражданӣ 5 мошин аз зери тарма берун оварда шуда, талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад. “Инновейтив Роуд Солюшнз”, як ширкати байнулмилалӣ буда, аз соли 2010 ба ин сӯ масъулияти нигаҳдории шоҳроҳи стратегии “Душанбе-Чаноқ”-ро, ки ҷанубу шимоли Тоҷикистонро баҳору зимистон аз роҳи заминӣ васл мекунад, бар ӯҳда дорад.
https://sputnik.tj/20260105/nazirzoda-dar-tojikiston-faromadani-tarmaho-az-mavsimi-zimiston-vobastagi-dorad--1074351152.html
душанбе
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/1a/1066367353_0:205:964:928_1920x0_80_0_0_47386ba1d22312709e2f6b9e0d15efd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шоҳроҳ душанбе чаноқ тарма
шоҳроҳ душанбе чаноқ тарма
“Раҳбарият ҷон ба саломат бурд”: барфу тармафароиҳои ахир дар шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ”
Раҳбарияти ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) аз резиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷон ба саломат бурдааст
ДУШАНБЕ, 2 фев - Sputnik. Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рӯзҳои бориши барф ва тармафароиҳои бесобиқа буд.
Дар маркази матбуоти филиали ширкати саҳомии IRS ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса дар километри 70-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, наздикии нақби Анзоб рух дод.
“Вақте Нодирҷон Сафаров, директор ва дигар масъулони ширкат ба маҳалли тармафароӣ расиданд, як тармаи дигар поён омад, ки хушбахтона, раҳбарияти ширкат тавонистанд худро ба ҷои амнтар бигиранд. Дар натиҷа ҳамаи онҳо дар муҳосираи тарма аз ду тараф монданд ва то лаҳзаи охири тоза кардани роҳ аз барф дар маҳал ҳузур доштанд”, - гуфт манбаъ.
Нодирҷон Сафаров, мутахассиси роҳсозӣ, аз соли 2020 ба ин сӯ ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз”-ро раҳбарӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи маркази матбуоти IRS, бориши барф ва тармафароиҳои ахир дар қисматҳои баландкуҳи шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бесобиқа буда, баландии барфи маъмулӣ 75 сантимерро ташкил дод.
“Давоми 2 рӯзи охир қариб 30 тарма бетаъхир бартараф карда шуд. Кор шабонарӯзӣ идома дошт. Танҳо дар минтақаи Варзоб барои бартарафсозии тармаҳоро, дар маҷмӯъ 24 техника, аз ҷумла булдозер ва дигар техникаҳои пуриқтидор сафарбар шуданд”, - гуфт маркази матбуоти IRS.
Бино ба иттилои ширкат, тармафароӣ асосан дар манотиқи Варзоб ва як қисми Айнӣ ба амал омада, тармаҳои нисбатан бузург аз километри 48 то 73 (нақби Истиқлол, собиқ Анзоб) поён омаданд, ки баландтарин онҳо то 10 ва тӯлонитаринашон 340 метрро ташкил мекарданд.
Дар умум, тайи соли равон 73 тарма аз куҳҳо пойин омадааст. Дар маҷмуъ пойгоҳи техникии IRS аз 242 техникаву механизм иборат буда, барои мавсими тирамоҳу зимистон зиёда аз 1 миллион литр сӯзишворӣ ва қариб 20 ҳазор тон маводи зиддилағзиш захира шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли маркази матбуоти IRS, истифодаи тамоми техникаи тозакунии барф имкон надорад.
“Дар ҳудуди танги роҳ фақат 5 то 6 техника метавонанд дар як маҳал кор кунанд. Дар умум, ширкат барои иҷрои вазифаҳои худ дар нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ тавони пурраро дорад.
Ҳамзамон ба минтақаҳои бехавф интиқол додани мошинҳои дармонда ва тақсими хӯрока миёни мусофирону ронандагон низ мадди назар буд”, - афзуд манбаъ.
Маркази матбуоти IRS афзуд, рӯзҳои ахир бо кӯмаки кормандони IRS ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиа гражданӣ 5 мошин аз зери тарма берун оварда шуда, талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад.
“Инновейтив Роуд Солюшнз”, як ширкати байнулмилалӣ буда, аз соли 2010 ба ин сӯ масъулияти нигаҳдории шоҳроҳи стратегии “Душанбе-Чаноқ”-ро, ки ҷанубу шимоли Тоҷикистонро баҳору зимистон аз роҳи заминӣ васл мекунад, бар ӯҳда дорад.