https://sputnik.tj/20260105/nazirzoda-dar-tojikiston-faromadani-tarmaho-az-mavsimi-zimiston-vobastagi-dorad--1074351152.html
Назирзода: Дар Тоҷикистон фаромадани тармаҳо аз мавсими зимистон вобастагӣ дорад
Назирзода: Дар Тоҷикистон фаромадани тармаҳо аз мавсими зимистон вобастагӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи коршиносони тоҷик дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст
2026-01-05T12:22+0500
2026-01-05T12:22+0500
2026-01-05T12:22+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
тарма
резиши тарма
зимистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/16/1055106030_0:0:1800:1013_1920x0_80_0_0_e9a071f715a5cc208ce73cf2569ad97f.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Камолиддин Назирзода дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” таъкид кардааст, ки дар кишвар Тоҷикистон тармафароӣ бештар аз нимаи моҳи декабр то аввали моҳҳои март – апрел рух медиҳад.Ба гуфтаи вай дар ин моҳҳо бориши барф зиёд ва шароити тағйирёбии ногаҳонии ҳаво ё яхбандии шадид бештар мешавад, ки ин омилҳо ба вайрон гардидани мувозинати қабати барф ва фаромадани тармаҳо мусоидат мекунанд.Вай гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ду истгоҳи барфу тармасанҷии "Майхӯра" ва "Навобод", инчунин як истгоҳи селсанҷии "Ҳушёрӣ" фаъолият мекунанд.Ба гуфтаи вай ин ниҳод барои пешгӯӣ, огоҳии вазъи обу ҳавои мамлакат ҳамарӯза ба аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ маълумоти саҳеҳу саривақтӣ пешниҳод менамоянд.Дар ҳамин ҳол, ин мутахассис аз сокинон хоҳиш кардааст, ки пеш аз сафар дар роҳҳои кӯҳии кишвар аз маълумоти вазъи ҳаво ва пешгӯии сар задани ҳолатҳои тармафароӣ, ки аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ мунтазам пешниҳод карда мешаванд, огоҳ бошанд.Ин мутахассис зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон тарма асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ба амал меояд.Мавзеъҳои асосии тармафароӣ минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Ин минтақа дорои кӯҳҳои баланд ва нишебиҳои барфпӯш буда, дар он шоҳроҳҳои дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ мавҷуд ҳастанд.Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, бахусус дар ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва қисмати болоии Мастчоҳи Кӯҳӣ низ хатари зиёди тармафароӣ мушоҳида мешавад. Ҳамзамон минтақаҳои кӯҳистонии ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла дараи Ромит, Файзобод ва Варзоб (шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок), инчунин минтақаи баландкӯҳи Сангвор дорои хатари фаромадани тарма мебошанд.ар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон, махсусан ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин тармафароӣ хеле кам дида мешавад
https://sputnik.tj/20260104/taghyiryobii-iqlim-hosilnokii-ziroat-tojikiston-1074349417.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/16/1055106030_59:0:1668:1207_1920x0_80_0_0_d499b5ae3a4cd6764307b259f7f45350.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, обу ҳуаво, тарма, тармафароӣ, зимистон, коршинос
тоҷикистон, обу ҳуаво, тарма, тармафароӣ, зимистон, коршинос
Назирзода: Дар Тоҷикистон фаромадани тармаҳо аз мавсими зимистон вобастагӣ дорад
Ба гуфтаи коршиносони тоҷик дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст
ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Камолиддин Назирзода дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” таъкид кардааст, ки дар кишвар Тоҷикистон тармафароӣ бештар аз нимаи моҳи декабр то аввали моҳҳои март – апрел рух медиҳад.
Ба гуфтаи вай дар ин моҳҳо бориши барф зиёд ва шароити тағйирёбии ногаҳонии ҳаво ё яхбандии шадид бештар мешавад, ки ин омилҳо ба вайрон гардидани мувозинати қабати барф ва фаромадани тармаҳо мусоидат мекунанд.
Вай гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ду истгоҳи барфу тармасанҷии "Майхӯра" ва "Навобод", инчунин як истгоҳи селсанҷии "Ҳушёрӣ" фаъолият мекунанд.
Ба гуфтаи вай ин ниҳод барои пешгӯӣ, огоҳии вазъи обу ҳавои мамлакат ҳамарӯза ба аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ маълумоти саҳеҳу саривақтӣ пешниҳод менамоянд.
“Зеро рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба маълумоти обуҳавошиносон сахт ниёз дорад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ ва 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво фаъолият мекунанд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ин мутахассис аз сокинон хоҳиш кардааст, ки пеш аз сафар дар роҳҳои кӯҳии кишвар аз маълумоти вазъи ҳаво ва пешгӯии сар задани ҳолатҳои тармафароӣ, ки аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ мунтазам пешниҳод карда мешаванд, огоҳ бошанд.
“Ҳангоми бориши барфи зиёд (яъне агар зиёда аз 7 сантиметр барфи тар бошад) сар задани тармафароӣ эҳтимол дорад. Агар баландии барф дар кӯҳҳо ва нишебиҳо то 20 сантиметр шавад, хавфи фаромадани тарма ба вуҷуд меояд”, - гуфт Камолиддин Назирзода.
Ин мутахассис зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон тарма асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ба амал меояд.
Мавзеъҳои асосии тармафароӣ минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Ин минтақа дорои кӯҳҳои баланд ва нишебиҳои барфпӯш буда, дар он шоҳроҳҳои дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ мавҷуд ҳастанд.
Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, бахусус дар ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва қисмати болоии Мастчоҳи Кӯҳӣ низ хатари зиёди тармафароӣ мушоҳида мешавад. Ҳамзамон минтақаҳои кӯҳистонии ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла дараи Ромит, Файзобод ва Варзоб (шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок), инчунин минтақаи баландкӯҳи Сангвор дорои хатари фаромадани тарма мебошанд.
ар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон, махсусан ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин тармафароӣ хеле кам дида мешавад