“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЖенщины готовят суманак на Навруз
Женщины готовят суманак на Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2025
Обуна шудан
Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) фарҳанги суманакпазиро ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддь ворид кард.
ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Зимни иҷлоси 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар ш. Деҳлии Нав номинаи миллии Тоҷикистон “Фарҳанги суманакпазӣ” қабул шуда, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
“Боиси қайд аст, ки номинаи мазкур аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии созмони зикргардида пешниҳод шуда буд”, - қайд кардааст вазорат.
Суманак яке аз рамзҳои асосии Наврӯз маҳсуб меёбад. Ин таоми ғайриодӣ, ки ҳазорон сол боз аз сабзаи гандум ва танҳо дар баҳору Наврӯз аҷдодони мо омода мекунанд, муъҷизаеро мемонад. Пухтани суманак кори осон нест, зеро он тӯли 12 соат омода мешавад ва дар ин муддат дегро пайваста кофтан лозим аст.
Тарзу усулҳои тайёр кардани ин таоми суннатии идона дар асари “Ёдгориҳои наслҳои гузашта”-и Абурайҳон Берунӣ, донишноманависи барҷастаи асрҳои миёна низ баён шудааст. Дар ин асар аввалан аз ҳамон намуди маъмулии суманак - суманаки дегӣ ёд шуда, гуфта мешавад, ки онро одатан дар арафаи ид тамоми шаб то субҳи соли нав дар дег мепазанд ва дар ин маросим то 30-40 зан иштирок мекунанд. Суманаки тайёрро субҳи барвақт 1-2 соат дам медиҳанд ва баъд бо роҳбарии зани аз ҳама калонсол ва муътабар онро ба пиёлаҳо рехта, ба рӯи дастархони идона мегузорад.
Дар Душанбе ҷашнвораи Наврӯз - мероси фарҳангӣ ва сайёҳӣ баргузор шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2024
Суруд, рақс ва суманак: Дар Душанбе Наврӯзро чӣ гуна таҷлил карданд – видео
Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб дар барномаҳои ЮНЕСКО фаъолона иштирок мекунад. Шаҳри қадимаи Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон, мусиқии анъанавии шашмақом, оши палав,санъати гулдӯзии чакан ва ҷашни Наврӯз (якҷоя бо дигар кишварҳои минтақа) қаблан ба рӯйхати мероси ҷаҳонӣ ва ғайримоддии ин созмон шомил карда шуда буданд.
Инчунин, дар ин феҳрист ганҷҳои беназири фарҳангии ҷумҳурӣ, аз қабили анъанаи ҷашни қадимаи кишоварзии Меҳргон ва санъати навохтани созҳои тории рубоби мардумӣ, дар бар гирифта шудаанд.
Дохил кардани Фарҳанги суманакпазӣ нишонаи эътирофи дигари муҳими байналмилалии мероси ғании фарҳангии мардуми тоҷик аст.
Лентаи хабарҳо
0