Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро бо ҷашни Сада муборакбод гуфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2026
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу осоиш, бахту саодат ва файзу баракати рӯзгор орзу кард
ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо ҷашни Сада муборакбод гуфт.
Дар паёми шодбошияш, раисиҷумҳур ҷашни Садаро дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ, мероси маънавии пурбаҳое хондааст.
"Бояд гуфт, ки бо вуҷуди монеаҳои сунъии дар тӯли асрҳои зиёд барои баргузории ҷашни Сада эҷодшуда миллати тоҷик онро ҳамчун арзиши зиндагисоз дар хотираи худ ҳифз намудааст", - омадааст дар паём.
Президент гуфтааст, ки дар меҳвари Сада ғояҳои инсондӯстӣ қарор дошта, ин ойини бостонӣ, ифодагари пайванди азалии инсон бо табиат ва коинот, рамзи шодиву хурсандӣ, ободиву хуррамӣ, покиву озодагӣ, сулҳу осоиш ва пояндагии гармиву рӯшноӣ мебошад.
Ӯ ёдоварӣ карда, ки дар замони бостон ва махсусан, дар даврони Сомониён, ки ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид, ин суннату анъанаҳо побарҷо буданд.
"Номи ҷашни Садаро маъмулан ба рақами сад, яъне панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб то Наврӯз рабт медиҳанд, аммо ба андешаи баъзе донишмандони дигар Сада аз вожаи "санд"-и авестоӣ гирифта шуда, маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир гардиданро ифода мекунад, ки иртибот ба равшанию гармӣ дорад", - шарҳ дод президент.
Кишвардор аз он изҳори ифтихор карда, ки ҷашни Сада соли 2023 аз ҷониби созмони бонуфузи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Сада қабл аз ҳама ҷашни деҳқонон буда, бо пешаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад.
Рустам Эмомали. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2026
Рустами Эмомалӣ: шомил шудани ҷашни Сада ба феҳристи ЮНЕСКО боиси ифтихор аст
Раисиҷумҳур шарҳ дода, ки ба чиллаи калон рост омадани он дарак медиҳад, ки фасли зимистону ҳукмронии сармо ба охир расида истодааст ва табиат аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад.
Яъне Сада гардиши табиат ба сӯйи Наврӯз ва омодагӣ ба кишту кори баҳорист, хулоса кард президент.
Лентаи хабарҳо
0