Дар Душанбе муҷассамаи корманди баобрӯйи БДА гузошта мешавад

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиМайор милиции Мулло Нуров.
Майор милиции Мулло Нуров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2026
Обуна шудан
Мулло Нуров бо боздошти рекордии 14 000 ронандаи маст обрӯ пайдо кард ва ҳамчун як корманди пулиси бебок маъруф шуд
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон муҷассамаи майори милитсия ва корманди собиқи пулиси роҳ Ёрмаҳмад Нуров, ки бештар бо тахаллуси Мулло Нуров маъруф аст, гузошта мешавад.
Мқҷассама дар кӯчаи Айнӣ, 1-и ноҳияи Шоҳмансур, дар ҳудуди бинои собиқи Вазорати корҳои дохилии Душанбе гузошта мешавад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ, фармони дахлдорро шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ имзо кардааст.
© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиПроект памятника майору Мулло Нурову в центре Душанбе.
Проект памятника майору Мулло Нурову в центре Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2026
Мулло Нуров бо хизмати содиқонааш ва боздошти 14 000 ронандаи маст ҳамчунин мӯйлаби зебояш ҳамчун корманди пулис обрӯ пайдо кард.
"Барои хидмати содиқона ва софдилонааш, инчунин саҳмаш дар баланд бардоштани обрӯи пулиси Тоҷикистон, дар ҷои бинои собиқи Вазорати корҳои дохилӣ муҷассамаи ӯ гузошта мешавад", - омадааст дар изҳорот.
Сохтмони муҷассама ва як хиёбони обод ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вогузор шудааст.
© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиПроект памятника майору Мулло Нурову в центре Душанбе.
Проект памятника майору Мулло Нурову в центре Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2026
Ташаббуси абадӣ гардонидани хотираи ин майори машҳур бори аввал аз ҷониби фаъолон ва сокинони пойтахт дар соли 2022 пешниҳод шуда буд.
Дар давраи ИҶШС, майор Мулло Нуров на танҳо бо намуди зоҳирии ғайриоддии худ, балки бо обрӯи худ ҳамчун корманди ростқавли пулис машҳур гашт ва рекорди боздошти 14 000 ронандаи мастро гузошт.
Нуров шаби 3 декабри соли 1992 дар шароити номуайян ҳангоми хизмат кушта шуд.
Сабабҳои куштори ӯ то имрӯз номаълум боқӣ мемонанд. Дар соли 1994, ду сол пас аз маргаш, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба номи ӯ ҷоизаи идоравӣ таъсис дод.
Лентаи хабарҳо
0