https://sputnik.tj/20260122/darvoza-janub-besuboti-eron-chi-payomad-1074716103.html
"Дарвозаҳои ҷануб": бесуботӣ дар Эрон чӣ паёмадҳо хоҳад дошт?
"Дарвозаҳои ҷануб": бесуботӣ дар Эрон чӣ паёмадҳо хоҳад дошт?
Sputnik Тоҷикистон
Нооромиҳо дар Эрон метавонанд тиҷоратро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дастрасӣ ба роҳҳои баҳрӣ барои онҳо муҳим аст, фалаҷ кунад
2026-01-22T15:01+0500
2026-01-22T15:01+0500
2026-01-22T17:01+0500
таҳлил
андеша
эрон
сиёсат
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
тазоҳурот
эътироз
нооромӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074526884_0:221:2855:1827_1920x0_80_0_0_44befe88959ad8c83bf0ae0f78010403.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бесуботӣ дар Эрон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо таҳдидҳои амниятӣ, балки паёмадҳои иқтисодӣ низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва онҳоро ба сӯи инзиво савқ медиҳадВа ҳаммаш аз ин сабаб, ки Эрон танҳо кишварест, ки масирҳои амни тиҷоратӣ ва транзитии ҷанубӣ аз қаламрави он убур мекунанд.Нигарониҳо дар ин замина пас аз нооромиҳои ахир дар Эрон ва ҳамчунин баёнияҳои мақомоти Амрико, Исроил ва Эрон дар бораи эҳтимоли вуқӯъи ҷанг ба вуҷуд омадааст. Сухан дар бораи эътирозҳои се ҳафаина меравад, ки ба ошӯбҳои унсурҳои тахрибкор анҷомид ва давлати ин кишвар маҷбур ба саркӯб гардид.Бо вуҷуди он ки гузоришҳо аз фурӯ нишастани нооромиҳо ва мутаодил шудани вазъ дар Эрон ҳикоят мекунанд, бархе коршиносон эҳтимоли вуқӯъи як ҷанги тамомайёр миёни ин кишвар ва рақибони геополитикии он — Амрико ва Исроилро дур аз зеҳн намедонанд.Дар бораи таъсири нооромиҳо дар Эрон ба Тоҷикистон дар мақолаи Sputnik Тоҷикистон бихонед.Таҳдид барои "дарвозаҳои ҷануб"Таҳлилгарон мегӯянд, як ҷанги эҳтимолӣ ва дар пайи он ноамнии сиёсӣ ва амниятӣ, равобити Эрон бо дигар кишварҳо, ба вижа Осиёи Марказӣ, Русия ва Чинро, ки шарикони наздики сиёсӣ ва иқтисодии он ҳастанд, бо паёмадҳои номатлуби иқтисодӣ, тиҷоратӣ, транзитӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард.Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси аршади умури минтақа, бар ин ақида аст, ки Эрон дар солҳои ахир сиёсати ҳамкорӣ ва таомул бо ҳамсоягон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказиро дунбол кардааст, ки боиси афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии он бо бархе кишварҳои минтақа шудааст ва осеб дидани ин раванд ба зиёни манофеи муштараки Эрон ва Осиёи Марказӣ хоҳад буд."Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар хушки маҳсур ҳастанд, дастрасӣ ба обҳои озод ва бозорҳои байналмилалӣ як ниёзи ҳаётӣ аст ва дар ин ростo Эрон яке аз гузинаҳои авлавиятдор ба шумор меравад. Дар шароите, ки дигар масирҳои транзитӣ ҳанӯз аз лиҳози зерсохторӣ комил нестанд ё бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд, масири Эрон бо бархурдорӣ аз шабакаи ба ҳам пайвастаи роҳи оҳан ва бузургроҳҳо ва дастрасии мустақим ба Халиҷи Форс ва баҳри Уммон, яке аз гузинаҳои меҳварӣ барои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад", - гуфт ӯ.Вай афзуд, ки масири Эрон дар қиёс бо гузинаҳои дигар ҳам кӯтоҳтар ва ҳам камхарҷтар аст ва ба вижа бандарҳои эронии Бандар Аббос ва Чобаҳор ва бо такмили сохтмони роҳи оҳан то бандари Чобаҳор, дастрасии кишварҳои Осиёи Марказиро ба обҳои озод, бахусус бозорҳои Ҳинд, Ховари Миёна, Африқои Шарқӣ ва кишварҳои ҳамсамт осонтар хоҳад кард.Шонс барои террористонҲамзамон, коршиносон бар ин нукта таъкид мекунанд, ки субот ва амнияти Эрон барои Тоҷикистон, аҳамияти вижа дорад. Ин ду кишвар бо таваҷҷуҳ ба забони муштарак ва пешинаи ҳувиятӣ, тамаддунӣ ва таърихии муштарак, барои якдигар умқи роҳбурдӣ ба ҳисоб меоянд.Фирдавс Ҷалилов, коршиноси умури минтақа, мегӯяд бесуботӣ дар Эрон боиси тақвияти нақш ва ҷойгоҳи ривоятҳои фарҳангии рақиби тамаддуни тоҷикӣ–форсӣ хоҳад шуд; ривоятҳое, ки дар солҳои ахир аз сӯи Ғарб дар минтақа тақвият ва таблиғ шудаанд.“Мо одатан ба майдонҳои доғи ҷанг дар Ховари Миёна ва Украина таваҷҷуҳ мекунем, аммо намебинем, ки дар амал ҷанги ривоятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, маҳфилҳои сиёсӣ ва ҳатто дар сатҳҳои гуногуни қудрат дар Осиёи Марказӣ ба роҳ андохта шудааст; ҷанге, ки дар он таблиғи русияситезӣ, эронситезӣ ва ҳатто чинситезӣ ҷараён дорад. Ҳадафи ин набардии нарм омода сохтани афкори умумии ҷомеаҳо барои рӯёрӯӣ бо меҳвари Шарқ аст; меҳваре, ки Ғарб сармоягузории ҷиддӣ барои маҳори он анҷом додааст. Тоҷикистон амалан як ҷазираи танҳо дар муқовимати меҳвари Шарқ дар баробари ин таҳоҷуми ривоятӣ мебошад”, - афзуд Фирдавс Ҷалилов.Ба гуфтаи коршиносон, дар сурати кашида шудани Эрон ба ноамнӣ, вазъи геополитикии ҳоким бар минтақа ба таври комил тағйир хоҳад ёфт.Нурулло Ҳусейнов, коршиноси масоили амниятӣ, бар ин бовар аст, ки пеш аз ҳама барҳам хӯрдани вазъ дар Эрон, дасти созмонҳои террористии таҳти контроли Исроил ва Амрико, аз ҷумла ДОИШ,* “Ҷайш-ул-адл”*, "Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ"*, "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*-ро боз хоҳад кард.Ба бовари коршиносон, субот ва дурнамои Эрон ҳамчун як бозигари калидӣ дар Ҷануби Ҷаҳонӣ, ки рушд ва амнияти он аз аҳдофи роҳбурдии созмонҳое чун БРИКС ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой маҳсуб мешавад, муҳосибаҳои ҷаҳониро тағйир додааст ва ин ба он маъност, ки чолишҳо ва таҳдидҳои бузург лаҳза ба лаҳза ба Осиёи Марказӣ наздиктар мешаванд.* - як ҳаракати тундрав, ки ҳамчун як созмони террористӣ эътироф шудааст ва дар Русия ва дигар кишварҳо манъ аст.** - ин созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20260114/sadho-kushta-tazohurot-eron-aksho-kucha-khiyobon-1074533045.html
https://sputnik.tj/20251113/qiyomat-tilo-marzbonon-tojikiston-afgoniston-1072903630.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074526884_63:0:2794:2048_1920x0_80_0_0_ba1189f011d4c2bee348456dc5970665.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бесуботӣ, эрон, паёмад
"Дарвозаҳои ҷануб": бесуботӣ дар Эрон чӣ паёмадҳо хоҳад дошт?
15:01 22.01.2026 (Навсозишуда: 17:01 22.01.2026) Эксклюзив
Нооромиҳо дар Эрон метавонанд тиҷоратро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дастрасӣ ба роҳҳои баҳрӣ барои онҳо муҳим аст, фалаҷ кунад
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бесуботӣ дар Эрон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо таҳдидҳои амниятӣ, балки паёмадҳои иқтисодӣ низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва онҳоро ба сӯи инзиво савқ медиҳад
Ва ҳаммаш аз ин сабаб, ки Эрон танҳо кишварест, ки масирҳои амни тиҷоратӣ ва транзитии ҷанубӣ аз қаламрави он убур мекунанд.
Нигарониҳо дар ин замина пас аз нооромиҳои ахир дар Эрон ва ҳамчунин баёнияҳои мақомоти Амрико, Исроил ва Эрон дар бораи эҳтимоли вуқӯъи ҷанг ба вуҷуд омадааст. Сухан дар бораи эътирозҳои се ҳафаина меравад, ки ба ошӯбҳои унсурҳои тахрибкор анҷомид ва давлати ин кишвар маҷбур ба саркӯб гардид.
Бо вуҷуди он ки гузоришҳо аз фурӯ нишастани нооромиҳо ва мутаодил шудани вазъ дар Эрон ҳикоят мекунанд, бархе коршиносон эҳтимоли вуқӯъи як ҷанги тамомайёр миёни ин кишвар ва рақибони геополитикии он — Амрико ва Исроилро дур аз зеҳн намедонанд.
Дар бораи таъсири нооромиҳо дар Эрон ба Тоҷикистон дар мақолаи
Sputnik Тоҷикистон бихонед.
Таҳдид барои "дарвозаҳои ҷануб"
Таҳлилгарон мегӯянд, як ҷанги эҳтимолӣ ва дар пайи он ноамнии сиёсӣ ва амниятӣ, равобити Эрон бо дигар кишварҳо, ба вижа Осиёи Марказӣ, Русия ва Чинро, ки шарикони наздики сиёсӣ ва иқтисодии он ҳастанд, бо паёмадҳои номатлуби иқтисодӣ, тиҷоратӣ, транзитӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси аршади умури минтақа, бар ин ақида аст, ки Эрон дар солҳои ахир сиёсати ҳамкорӣ ва таомул бо ҳамсоягон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказиро дунбол кардааст, ки боиси афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии он бо бархе кишварҳои минтақа шудааст ва осеб дидани ин раванд ба зиёни манофеи муштараки Эрон ва Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
"Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар хушки маҳсур ҳастанд, дастрасӣ ба обҳои озод ва бозорҳои байналмилалӣ як ниёзи ҳаётӣ аст ва дар ин ростo Эрон яке аз гузинаҳои авлавиятдор ба шумор меравад. Дар шароите, ки дигар масирҳои транзитӣ ҳанӯз аз лиҳози зерсохторӣ комил нестанд ё бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд, масири Эрон бо бархурдорӣ аз шабакаи ба ҳам пайвастаи роҳи оҳан ва бузургроҳҳо ва дастрасии мустақим ба Халиҷи Форс ва баҳри Уммон, яке аз гузинаҳои меҳварӣ барои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки масири Эрон дар қиёс бо гузинаҳои дигар ҳам кӯтоҳтар ва ҳам камхарҷтар аст ва ба вижа бандарҳои эронии Бандар Аббос ва Чобаҳор ва бо такмили сохтмони роҳи оҳан то бандари Чобаҳор, дастрасии кишварҳои Осиёи Марказиро ба обҳои озод, бахусус бозорҳои Ҳинд, Ховари Миёна, Африқои Шарқӣ ва кишварҳои ҳамсамт осонтар хоҳад кард.
“Агар ин масирҳо дар пайи як ҷанги эҳтимолӣ ноамн гарданд, на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки Русия низ аз масири “Шимол–Ҷануб” маҳрум хоҳад шуд ва тарҳи “Як камарбанд – як роҳ”-и Чин низ мутаваққиф мегардад. Ин амалан ба маънои инзивои иқтисодӣ ва нақлиётӣ ва баста шудани дарвозаҳои ҷануб ба рӯи меҳвари Шарқ аст”, - гуфт Қосими Бекмуҳаммад.
Ҳамзамон, коршиносон бар ин нукта таъкид мекунанд, ки субот ва амнияти Эрон барои Тоҷикистон, аҳамияти вижа дорад. Ин ду кишвар бо таваҷҷуҳ ба забони муштарак ва пешинаи ҳувиятӣ, тамаддунӣ ва таърихии муштарак, барои якдигар умқи роҳбурдӣ ба ҳисоб меоянд.
Фирдавс Ҷалилов, коршиноси умури минтақа, мегӯяд бесуботӣ дар Эрон боиси тақвияти нақш ва ҷойгоҳи ривоятҳои фарҳангии рақиби тамаддуни тоҷикӣ–форсӣ хоҳад шуд; ривоятҳое, ки дар солҳои ахир аз сӯи Ғарб дар минтақа тақвият ва таблиғ шудаанд.
“Мо одатан ба майдонҳои доғи ҷанг дар Ховари Миёна ва Украина таваҷҷуҳ мекунем, аммо намебинем, ки дар амал ҷанги ривоятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, маҳфилҳои сиёсӣ ва ҳатто дар сатҳҳои гуногуни қудрат дар Осиёи Марказӣ ба роҳ андохта шудааст; ҷанге, ки дар он таблиғи русияситезӣ, эронситезӣ ва ҳатто чинситезӣ ҷараён дорад. Ҳадафи ин набардии нарм омода сохтани афкори умумии ҷомеаҳо барои рӯёрӯӣ бо меҳвари Шарқ аст; меҳваре, ки Ғарб сармоягузории ҷиддӣ барои маҳори он анҷом додааст. Тоҷикистон амалан як ҷазираи танҳо дар муқовимати меҳвари Шарқ дар баробари ин таҳоҷуми ривоятӣ мебошад”, - афзуд Фирдавс Ҷалилов.
Ба гуфтаи коршиносон, дар сурати кашида шудани Эрон ба ноамнӣ, вазъи геополитикии ҳоким бар минтақа ба таври комил тағйир хоҳад ёфт.
Нурулло Ҳусейнов, коршиноси масоили амниятӣ, бар ин бовар аст, ки пеш аз ҳама барҳам хӯрдани вазъ дар Эрон, дасти созмонҳои террористии таҳти контроли Исроил ва Амрико, аз ҷумла ДОИШ,* “Ҷайш-ул-адл”*, "Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ"*, "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*-ро боз хоҳад кард.
“Толибон** контроли онҳоро аз даст хоҳад дод ва ин гурӯҳҳо, бар асоси барномае, ки тайи даҳсолаҳо барои он омода шудаанд — яъне ноамн сохтани тамоми минтақа, ба вижа ҳамсоягони Афғонистон — вориди амал хоҳанд шуд. Асосан Эрон хатти муқаддами ин набардии бузург аст ва бо фурӯ рехтани он, бесуботии фарогир тамоми минтақаро фаро хоҳад гирифт”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Ба бовари коршиносон, субот ва дурнамои Эрон ҳамчун як бозигари калидӣ дар Ҷануби Ҷаҳонӣ, ки рушд ва амнияти он аз аҳдофи роҳбурдии созмонҳое чун БРИКС ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой маҳсуб мешавад, муҳосибаҳои ҷаҳониро тағйир додааст ва ин ба он маъност, ки чолишҳо ва таҳдидҳои бузург лаҳза ба лаҳза ба Осиёи Марказӣ наздиктар мешаванд.
* - як ҳаракати тундрав, ки ҳамчун як созмони террористӣ эътироф шудааст ва дар Русия ва дигар кишварҳо манъ аст.
** - ин созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад