https://sputnik.tj/20260130/aholi-tojikiston-moh-ramazon-bebarq-1074882608.html
Аҳолии Тоҷикистон дар моҳи Рамазон бо барқ таъмин мешаванд?
Аҳолии Тоҷикистон дар моҳи Рамазон бо барқ таъмин мешаванд?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки мардум дар рӯзҳои сард бебарқ намонанд
2026-01-30T11:19+0500
2026-01-30T11:19+0500
2026-01-30T11:19+0500
рамазон
моҳи шарифи рамазон
далер ҷумъа
энергетика
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1d/1074888774_0:360:2593:1819_1920x0_80_0_0_597418075e3afcb46a134c12f3482bb5.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Вазорати энергетикаи Тоҷикистон талош дорад мардуми кишварро дар давоми моҳи шарифи Рамазон бо барқ таъмин намояд.Дар ин бора, Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш изҳор дошт.Вай таъкид кард, ки сатҳи об дар обанбори “Норак”-ро ба он сатҳ захира карда истодаанд, ки барқро бештар дар рӯзҳои сард таъмин намоянд.Ӯ гуфт, ки ҳоло аҳолӣ субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 17:00 то 21:00 барқ дарёфт мекунанд.Ин дар ҳолест, ки нерӯгоҳҳои барқи обии "Норак" ва "Қайроққум" пас аз таҷдид иқтидори худро афзоиш доданд.Дар соли 2025, навсозии нерӯгоҳи "Қайроққум" ба анҷом расид, ки иқтидори энергетикии онро 60 МВт афзоиш дода, ба 174 МВт расонд.Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, агрегати сеюми нерӯгоҳи барқи обии "Норак" низ ба кор андохта шуд, ки ба иқтидори лоиҳавии он 40 МВт илова кард.Имсол тибқи ҳисобҳо, моҳи шарифи Рамазон 18 феврал фаро мерасад.Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
https://sputnik.tj/20260124/ruz-oghoz-mohi-sharifi-ramazon-tojikiston-1074758046.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1d/1074888774_0:102:2593:2047_1920x0_80_0_0_959bb332fa5e950ab6286282d3efc4f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳолӣ, тоҷикистон, рамазон, бебарқ
аҳолӣ, тоҷикистон, рамазон, бебарқ
Аҳолии Тоҷикистон дар моҳи Рамазон бо барқ таъмин мешаванд?
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки мардум дар рӯзҳои сард бебарқ намонанд
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Вазорати энергетикаи Тоҷикистон талош дорад мардуми кишварро дар давоми моҳи шарифи Рамазон бо барқ таъмин намояд.
Дар ин бора, Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш изҳор дошт.
“Таъмини барқ дар моҳи шарифи Рамазон имсол нисбат ба соли гузашта беҳтар хоҳад шуд”,- гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки сатҳи об дар обанбори “Норак”-ро ба он сатҳ захира карда истодаанд, ки барқро бештар дар рӯзҳои сард таъмин намоянд.
Ӯ гуфт, ки ҳоло аҳолӣ субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 17:00 то 21:00 барқ дарёфт мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки нерӯгоҳҳои барқи обии "Норак" ва "Қайроққум" пас аз таҷдид иқтидори худро афзоиш доданд.
Дар соли 2025, навсозии нерӯгоҳи "Қайроққум" ба анҷом расид, ки иқтидори энергетикии онро 60 МВт афзоиш дода, ба 174 МВт расонд.
Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, агрегати сеюми нерӯгоҳи барқи обии "Норак" низ ба кор андохта шуд, ки ба иқтидори лоиҳавии он 40 МВт илова кард.
Имсол тибқи ҳисобҳо, моҳи шарифи Рамазон 18 феврал фаро мерасад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.