Тавассути ду фурудгоҳ аз хориҷ ҷасади 1600 тоҷикистонӣ оварда шуд

© Sputnik / Андрей СтенинҶаноза. Акс аз бойгонӣ
Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2026
Обуна шудан
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон таъкид кардааст, ки овардани ҷасадҳо аз хориҷ тавассути фурудгоҳи Душанбе нисбат ба соли гузашта бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 29 янв - Sputnik. Соли 2025 танҳо аз тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Кӯлоб ба Тоҷикистон 1623 ҷасад овардаанд.
Дар ин бора намояндагони Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар доданд.
Таъкид шудааст, ки соли гузашта аз Фурудгоҳи Душанбе 1585 ҷасад овардаанд, ки назар ба як соли пеш 430 ҷасад бештар аст.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки аз тариқи Фурудгоҳи Кӯлоб 38 ҷасад овардаанд, ки дар муқоиса ба як сол пеш 24 ҷасад камтар мебошад.
Намояндагони Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон тавассути тамоми фурудгоҳҳои Тоҷикистон чӣ қадар ҷасад орид шудааст.
Рабочие на строительстве жилого комплекса. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2024
“Бори 200”: коҳиши фавти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа
Дар Тоҷикистон чаҳор фурудгоҳи байнулмилалӣ аст ва маълум нест, ки аз тариқи фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Бохтар чанд ҷасад оварда шудааст.
Бояд гуфт, ҳар сол тобути даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз дигар кишварҳо ба ватан меоранд, ки аксарияти онҳо ҷасади муҳоҷирони тоҷики дар Русия буда ҳастанд. Бештари вақт сабаби марги онҳо тасодуф дар сохтмон, беморӣ, куштор ва садама гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0