https://sputnik.tj/20240725/kohishi-favti-shahrvandoni-tojikiston-khorija-1063655796.html
“Бори 200”: коҳиши фавти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа
“Бори 200”: коҳиши фавти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар бамаротиб коҳиш ёфтааст
2024-07-25T09:36+0500
2024-07-25T09:36+0500
2024-07-25T09:36+0500
дар тоҷикистон
хориҷ
даргузашт
шаҳрвандон
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053117924_61:0:3020:1665_1920x0_80_0_0_9aa22f887594274072db4927297b8705.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар гузашта мавзуъи фавти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа, бахусус, Русия хеле доғ буд.Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, омори интиқоли ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон тайи ним соли гузашта аз хориҷ хеле поён омадааст.Тибқи иттилои Агентии авиатсияи шаҳрвандӣ, тайи ним соли гузашта дар умум ҳудуди 180 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишвар интиқол ёфтаанд, ки аксари онҳо дар Русия ба иллати маризӣ ва ҳаводиси нохуш фавтидаанд.Ба қавли директори Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, як қисм, ҳудуди 15 ҷасад, ҳам аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Аврупову Осиё, интиқол ёфтаанд.Мавзуъи фавти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки аксарияти кулл барои муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, солҳои қабл ба як мавзуъи доғ табдил ёфта, дастаки таблиғоти расонаҳои ғарбӣ ва василаи эҷоди ихтилоф миёни ду кишвар шуда буд. Солҳои қабл арқоми маргумир дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳеҷ гоҳ аз 1000 нафар поён намеомад.Тибқи иттилои Агентии авиатсияи шаҳрвандӣ, соли 2023 ҳудуди 850 ҷасад аз хориҷ ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, интиқоли аҷсоди шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷа ройгон аз сӯи ширкатҳои ҳавонавардӣ анҷом мешавад.
https://sputnik.tj/20240622/oyo-hangomi-haj-favtidan-savob-dorad-1063295775.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053117924_358:0:3089:2048_1920x0_80_0_0_3d11c8afa6f226ff5b9b94b33eb313c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фавт, хориҷ, шаҳрвандон
тоҷикистон, фавт, хориҷ, шаҳрвандон
“Бори 200”: коҳиши фавти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа
Теъдоди шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар бамаротиб коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар гузашта мавзуъи фавти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа, бахусус, Русия хеле доғ буд.
Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, омори интиқоли ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон тайи ним соли гузашта аз хориҷ хеле поён омадааст.
“Ин як нишондоди хеле мусбат барои кишвари мо аст ва аз солҳои гузашта хеле фарқ мекунад”, - гуфт Ҳабибулло Назарзода.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи шаҳрвандӣ, тайи ним соли гузашта дар умум ҳудуди 180 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишвар интиқол ёфтаанд, ки аксари онҳо дар Русия ба иллати маризӣ ва ҳаводиси нохуш фавтидаанд.
Ба қавли директори Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, як қисм, ҳудуди 15 ҷасад, ҳам аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Аврупову Осиё, интиқол ёфтаанд.
“Онҳое, ки аз кишварҳои дигар, интиқол ёфтаанд, умдатан афроде ҳастанд, ки барои табобат рафтаанд, аммо шифо наёфта, ҳамон ҷо фавтидаанд”, - гуфт Ҳабибулло Назарзода.
Мавзуъи фавти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки аксарияти кулл барои муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, солҳои қабл ба як мавзуъи доғ табдил ёфта, дастаки таблиғоти расонаҳои ғарбӣ ва василаи эҷоди ихтилоф миёни ду кишвар шуда буд. Солҳои қабл арқоми маргумир дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳеҷ гоҳ аз 1000 нафар поён намеомад.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи шаҳрвандӣ, соли 2023 ҳудуди 850 ҷасад аз хориҷ ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, интиқоли аҷсоди шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷа ройгон аз сӯи ширкатҳои ҳавонавардӣ анҷом мешавад.